Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 1993, № 81 "Дар бораи нархи шир ва маҳсулоти шир"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ШӯРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи нархи шир ва маҳсулоти шир

 

Бинобар баландшавии идомаёфтаистодаи нархҳои ему хошок, техника, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва маводи ёрирасон, инчунин бо мақсади ҳимояи бозори дохилӣ, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нархҳои ниҳоии хариди шир ва иловапулиҳои ин нархҳо мутобиқи андозаҳои дар замима зикршуда, бо дарназардошти он ки онҳо барои ҳаҷми шири ба фонди ҷумҳурӣ расондашавандаи колхозу совхозҳо, дигар ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, иҷоракорон ва хоҷагиҳои деҳқонон, инчунин ҳангоми муайян намудани нархҳои яклухти маҳсулоти шир ва андозаҳои маблағҳои ҷуброни фарқи нархҳо аз буҷет истифода мешаванд, тасдиқ ва аз 20 феврали соли 1993 ҷорӣ карда шаванд.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷет барои пардохти иловапулиҳо ба супорандагони шир аз ВАБК маблағҳо пешбинӣ намояд.

2. Аз рӯйхати маҳсулоти шире, ки бо нархҳои танзимшавандаи чакана фурӯхта мешаванд қаймоқ, творог, панирҳои творогӣ, маҳсулоти парҳезии серравған, хориҷ карда шаванд.

3. Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1993 нархномаҳои нархҳои ниҳоии чакачаи шир ва маҳсулоти ширро бо баланд кардани сатҳи мавҷудаи онҳо ба андозаи 220 фоиз ва нигоҳ доштани андозаҳои тахфифҳои мавҷудаи тичрратӣ, нашр намуда, ҷорӣ кунад.

4. Вазорати савдою захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Тоҷикматлубот, Ассоциацияи "Тоҷикмясомолпром" бо тартиби муқарраргардида шир ва маҳсулоти шири то санаи ҷорӣ гардидани нархҳои нави ниҳоии чакана боқимондаро аз нав нархгузорӣ кунанд.

Маблағҳои нархи иловашудаи ширу маҳсулоти шир ба андозаи 50 фоиз барои пурра кардани маблағҳои гардони худи ташкилоту корхонаҳо ва 50 фоизаш ба буҷети ҷумҳурӣ равон карда шаванд.

5. Сатҳи иловапулиҳои тиҷоратӣ ба андозаи на бештар аз 5 фоиз нисбат ба нархҳои озоди фурӯши маҳсулоти/шири бо нархҳои озоди /бозории/ чакана фурӯхташаванда муқаррар карда шавад.

6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби аз буҷет пардохт шудани фарқи нархҳои ширу маҳсулоти ширро аниқ кунад.

7. Фоиданокии ниҳоӣ барои ҳисобу китоби нархҳои яклухти ширу маҳсулоти шири бо нархҳои ниҳоии танзимшавандаи чакана фурӯхташаванда ба андозаи 6 фоиз муқаррар карда шавад.

8. Банди 4 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 маи соли 1992 № 142 "Дар бораи нарху акцизҳои навъҳои ҷудогонаи молу маҳсулот" ва қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи с.1992 № 300 "Дар бораи нархи орд, нон ва шир" беэътибор дониста шаванд.

 

Раиси

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон                         А.Абдуллоҷонов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Р.Мирзоев

аз 19 феврали соли 1993, № 81

ш. Душанбе

 

Замимаи

қарори Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 феврали соли 1993, № 81

Нархҳои ниҳоии хариди шир ва иловапулиҳои ин нархҳо

/бе андози арзиши иловашуда/

/ГОСТ 13264 - 70/

___________________________________________________________________________________________________

                                      : нархҳои ниҳоии                  : Андозаи иловапулиҳо

                                      : хариди як тонна                 : ба нархҳои хариди

                                      : шири равғаннокии                : як тонна шири равғаннокиаш

                                      : базисиаш 3,6%                   : 3,6%

                                      : /ба ҳисоби сӯм/                 : /ба ҳисоби сӯм/

_____________________________________________________________________________________________________

Вилояти Автономии Кӯҳии Бадахшон

            Шири навъи I                   20000                             12000

            Шири навъи II                  18000                             11000

            Камсифат                       10000                                -

_____________________________________________________________________________________________________

Ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ

            Шири навъи I                   20000                                -

            Шири навъи II                  18000                                -

            Камсифат                       10000                                -

_____________________________________________________________________________________________________

 

Эзоҳ: Нархи хариди як тонна шири навъи якуми дорои равғаннокии базисӣ, ки дар лаҳзаи қабул ҳарораташ аз 10(о)С зиёдтар аст, ба андозаи 200 сӯм /бе андозаи арзиши иловашуда/ кам карда мешавад.

 

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               Р. Мирзоев