Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи с.1992 № 300 "Дар бораи нархи орд, нон ва шир"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи нархи орд, нон ва шир

 

Бинобар баланд шудани нархи ғалла, ашьёи хом ва маводи ба ҷумҳурӣ ворид кардашаванда ва ҳифзи бозори дохилӣ Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 10 августи с.1992 нархҳои ниҳоии харид ва иловапулиҳои шир мутобиқи андозаҳои дар замима зикршуда бо назардошти он, ки онҳо нисбати ҳаҷми шири аз ҷониби колхозу совхозҳо, дигар ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, иҷоракорон ва хоҷагиҳои деҳконӣ, ба фонди ҷумҳурӣ расонидашаванда, инчунин ҳангоми муайян намудани нархҳои яклухт ва андозаҳои маблағҳо барои ҷуброн намудани фарқи байни ин нархҳо аз буҷет истифода мешаванд, тасдиқ ва ҷорӣ карда шаванд.

Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷет барои пардохти иловапулиҳо ба супорандагони шир аз ВАБК маблағҳо пешбинӣ намояд.

2. Ташкилотҳои захиракунии ҷумҳурӣ ба аҳдномаҳои шартномабандии хариди шир мутобиқи қарори мазкур тасҳеҳоти зарурӣ дароранд.

3. Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нархномаҳои нархҳои ниҳоии чаканаро бо баланд кардани сатҳи амалкунандаи онҳо ба андозаҳои зерин нашр намуда, аз 10 августи с.1992 ҷорӣ намояд:

- орд (ғайр аз навъи олӣ) - ба ҳисоби миёна 70 фоиз;

- нон ва маҳсулоти нону булка (ғайр аз нону булкаи ширмол)- 70100 фоиз (бо назардошти яклухткунии нархҳо то адади томи 50 тин);

- шир ва маҳсулоти шир - ба ҳисоби миёна 100 фоиз.

Андозаҳои таҳфифҳои тиҷоратии орд, нон ва шир, бо назардошти кори безиёни ташкилотҳои савдо таҷдиди назар карда шаванд.

4. Вазорати савдою захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикматлубот, Ширкати давлатии "Нон", Ассоциацияи "Тоҷикмясомолпром" бо тартиби муқарраргардида боқимондаҳои орд (ғайр аз навъи олӣ), нон ва маҳсулоти нону булка, шир ва маҳсулоти ширро то санаи ҷорӣ намудани нархҳои нави ниҳоии чакана аз нав нарх гузоранд.

Маблағҳои нархи иловашудаи орду нон, шир ва маҳсулоти шир ба андозаи 50 фоиз барои пурра кардани маблағҳои худии гардони ташкилоту корхонаҳо ва 60 фоизаш ба буҷети ҷумҳурӣ равон карда мешаванд.

5. Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаъҳо ва тартиби пардохти фарқи байни нархҳои ғалла, нон, маҳсулоти нону булка ва ширро бо пешниҳоди ҳисобу китоб аз ҷониби Ширкати давлатии "Нон" ва Ассоциацияи "Тоҷикмясомолпром" аниқ намояд.

6. Фоиданокии ниҳоӣ барои ҳисобу китоби нархҳои яклухти маҳсулоти шир ба андозаи 8 фоиз мукаррар карда шавад. Сатҳи фоиданокии ниҳоиро барои орд, нон ва маҳсулоти нону булка бо мувофиқати Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати давлатии "Нон" муқаррар менамояд.

7. Банди 5 ва замимаи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти с. 1992 № 96 "Дар бораи нархҳои молҳои алоҳида" ва банди 5 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти с.1992 № 73 "Дар барои тартиби ташаккули нархҳо дар соҳаи маҳсулоти ғалла ва ба шабакаи савдою хуроки умумӣ додани тамоми навъҳои орд ва кашк" аз эътибор соқит дониста шаванд.

 

Муовини

Саввазири Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Ҷ. Каримов

Мудири

Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Р. Мирзоев

ш. Душанбе,

аз 7 августи соли 1992, № 300

Замимаи

қарори Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 августи с.1992 № 300

Нархҳои ниҳоии хариди шир ва иловапулиҳо ба онҳо (бе андози арзиши иловашуда)

(ГОСТ 13264-70)

____________________________________________________________________________________________

                                    Нархҳои ниҳоии                Андозаи иловапулиҳо

                                    хариди як тонна               ба нархҳои хариди

                                    шире,ки дар                   як тонна шире, ки

                                    ҳаҷми 3,6% равған             дар хаҷми 3,6%

                                    дорад (бо сӯм)                равған дорад (бо сӯм)

____________________________________________________________________________________________

Вилояти автономии Бадахшони Кӯҳӣ

Шири навъи I                        6840                          4860

     навъи II                       6170                          4330

     камсифат                       4770                           -

 

Ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ:

Шири навъи I                        6000                           -

     навъи II                       5400                           -

     камсифат                       3150                           -

_____________________________________________________________________________________________

 

Эзоҳ: Барои шири навъи якуми дар лаҳзаи қабул кардан дорои ҳарорати зиёдтар аз 10оС аз I тонна шире, ки дар ҳаҷми базисӣ равған дорад, ба андозаи 100 сӯм аз нархи харид тахфиф истифода мешавад (бе андози арзиши иловашуда).

 

Мудири

Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Р. Мирзоев

 

Кабинет Министров Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О ценах на муку, хлеб и молоко

В связи с ростом цен на ввозимые в республику зерно, сырье и материалы, в целях защиты внутреннего рынка Кабинет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить и ввести в действие с 10 августа 1992 г. предельные закупочные цены и надбавки к ним на молоко в размерах согласно приложению, имея в виду, что они применяются на объем поставок его колхозами совхозами, другими сельскохозяйственными предприятиями и организациями, арендаторами и крестьянскими хозяйствами в республиканский фонд, а также при определении оптовых цен и размеров ассигнований для возмещения разницы в этих ценах из бюджета.

Министерству экономики и финансов Республики Таджикистан тредусмотреть в бюджете средства на выплату надбавок молокосдатчикам ГБАО.

2. Заготовительным организациям республики внести необходимые уточнения в договоры контрактации на закупки молока в соответствии с настоящим постановлением.

3. Министерству экономики и финансов Республики Таджикистан издать с вводом в действие с 10 августа 1992 г. прейскуранты предельных розничных цен с повышением их действующего уровня: - на муку (кроме высшего сорта) в среднем на 70 процентов;

- на хлеб и хлебобулочные изделия (кроме сдобных) на 70- 100 процентов (с учетом округления цен кратно 50 копейкам);

- на молоко и молочные продукты в среднем на 100 процентов.

Пересмотреть размеры торговых скидок на муку, хлеб и молоко, с учётом безубыточной работы торгующих организаций.

4. Министерству торговли и материальных ресурсов Республики Таджикистан, Таджикматлуботу, Государственной компании "Нон", Ассоциации "Таджикмясомолпром" произвести в установленном порядке переоценку остатков муки (кроме высшего сорта), хлеба и хлебобулочных изделий (кроме сдобных), молока и молочных продуктов на дату введения в действие новых предельных розничных цен.

Суммы дооценки муки и хлеба, молока и молочных продуктов в размере 50 процентов направляются на пополнение собственных оборотных средств предприятий и организаций и 50 процентов в республиканский бюджет.

5. Министерству экономики и финансов Республики Таджикистан уточнить источники и порядок выплаты разницы в ценах на зерно, муку, хлеб и хлебобулочные изделия и молоко по представлению расчетов Государственной компанией "Нон" и Ассоциацией "Таджикмясомолпром" .

6. Установить предельную рентабельность для расчёта оптовых цен молочной продукции в размере 8 процентов. На муку, хлеб и булочные изделия уровень предельной рентабельности устанавливается Государственной компанией "Нон" по согласованию с Министерством экономики и финансов Республики Таджикистан.

7. Признать утратившим силу пункт 5 и приложение к постановлению Кабинета Министров Республики Таджикистан от 31 марта 1992 г. №96 "0 ценах на отдельные товары" и пункт 5 постановления Кабинета Министров Республики Таджикистан от 12 марта 1992 г. № 73 "О порядке формирования цен в отрасли хлебопродуктов и отпуске муки всех сортов и манной крупы в торговую сеть и общественное питание".

Зам. Премьер-министра

Республики Таджикистан                     Д.Каримов

Управляющий Делами Кабинета

Министров Республики Таджикистан            Р.Мирзоев

г.Душанбе

от 7 августа 1992 года №300

Приложение

к постановлению

Кабинета Министров

Республики Таджикистан

от 7 августа 1992 года №300

Предельные закупочные цены (без налога на добавленную стоимость) и надбавки к ним на молоко (ГОСТ 13264-70)

__________________________________________________________________________

                                !Предельные закупоч-!Размер надбавок к

                                 !ные цены за тонну !закупочным ценам тонны

                                   !молока базисной !молока базисной жир

                                 !жирности 3.6% !ности 3,6% (в рублях)

                                 !в рублях)!

Горно- Бадахшанская автономная область

Молоко I сорта                         6840                  4860

П сорта                                6170                  4330

несортовое                             4770                    -

Остальные районы республики:

Молоко I сорта                         6000                    -

П сорта                                5400                    -

несортовое                             3150                    -

Примечание. За продаваемое молоко первого сорта с температурой на момент приемки выше 10шС применяется скидка ; с закупочной цены в размере 100 руб.(без налога на добавленную стоимость) за тонну молока базисной жирности.

Управляющий Делами Кабинета

Министров Республики Таджикистан                Р.Мирзоев