ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи акцизҳо ба маҳсулоти тамоку
Бо мақсади такмил додани муносибатҳои бозорӣ дар ҷумҳурӣ Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Андозаи ставкаҳои акцизҳо нисбат ба нархҳои фурӯши маҳсулоти тамоку барои сигаретҳои навъи 1-83% сигаретҳои бефильтр - 60% ва сигаретҳои навъи IV - 80% муқаррар карда шавад.
Акцизҳо ба маҳсулоти тамокуе, ки барои мубодилаи минбаъдаи бартерӣ бо ашьёи хом ва дигар захираҳои моддию техникӣ дар ихтиёри корхонаҳои Тоҷикпищепром мононда мешавад, баробари андозаҳое, ки бо фармоиши Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи с.1992 №13 ф пешбинӣ гардидаанд барои сигаретҳои навъи I дар сатҳи 40 фоиз, сигаретҳои навъи IV ва бефильтр 14 фоиз боқӣ мемонанд.
2. Ба Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки минбаъд андозаҳои ставкаҳои акцизҳоро ба маҳсулоти тамокуе, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол карда мешавад, бо назардошти талаботи бозор танзим намояд.
3. Вазорати савдою захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Тоҷикматлубот ва Тоҷикпищепром маҳсулоти тамокуи то санаи қабул гардидани қарори мазкур беқимокдаро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав нархгузорӣ кунанд.
4. Инҳо беэътибор дониста шаванд:
қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи с.1992 № 7 "Дар бораи ставкаҳои акцизҳо" дар хусуси ставкаҳои акцизҳое, ки ба маҳсулоти тамоку муқаррар шудаанд:
банди 5 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 маи с.1992 № 142 "Дар бораи нарху акцизҳои навъҳои ҷудогонаи молу маҳсулот" дар хусуси муқаррар намудани андозаҳои ставкаҳои акцизҳо ба сигаретҳои бефильтр.
Муовини
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Самадов
Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
ш. Душанбе,
аз 26 ноябри соли 1992, № 413