Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи нархҳои нахи пахта ва пахтаи истифодаи рӯзгор
Бо мақсади тақвияти минбаъдаи тадбирҳои иҷтимоии аҳолӣ Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Саридораи саноати пахтатозакунии назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши нахи пахтаи навъҳои 5 ва 6 ва партовҳои саноати пахтатозакуниро /аз пахтаи ҳосили с.1992/ барои истеҳсоли пахтаи истифодаи рӯзгор, ки дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш меравад, аз рӯи нархҳои яклухти то 10 январи с.1992 ҷорӣ, бо коэффициенти зиёдшавандаи 8,9 ба анҷом расонад.
2. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 марти с.1993 нархҳои озоди фурӯши пахтаи истифодаи рӯзгор, ки аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол гардида, дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш расонида мешавад, дар асоси хароҷоти аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок кардашуда бо фоиданокии ниҳоии то 15 фоиз нисбати арзиши аслӣ муайян карда мешавад ва муассисаҳои савдо бошанд, нисбати нархҳои озоди фурӯши ин маҳсулот иловапулии тиҷоратиро ба андозаи на бештар аз 10 фоиз /дар маҳалҳои ба ноҳияҳои Шимоли Ақсо, ноҳияҳои дур ва кӯҳӣ на бештар аз 20 фоиз/ истифода мекунанд.
3. Банди 3 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели с.1992 № 135 "Дар бораи кам кардани нархи баъзе молҳо" ва банди 2 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 маи с. 1992 № 142 "Дар бораи нарху акцизҳои навъҳои алоҳидаи молҳои маҳсулот" беэътибор дониста шаванд.
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Абдуллоҷонов
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
аз 2 апрели соли 1993, № 133
ш. Душанбе