Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи қисман тағъир додани банди 5 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 маи соли 1992, № 142 "Дар бораи нархҳо ва акцизҳои намудҳои алоҳидаи молҳо ва маҳсулот"
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар банди 5 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 маи соли 1992 № 142 калимаҳои "маводи шаробпазие, ки ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ фурӯхта мешавад - 45 фоиз" бо калимаҳои "маводи шаробпазӣ, ба ғайр аз маводе, ки онҳоро корхонаҳои шаробпазии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳсоли маҳсулоти шаробпазӣ мефурӯшанд - 45,0 фоиз" иваз карда шаванд.
Раиси
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Абдуллоҷонов
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Мирзоев
аз 10 июни соли 1993, № 257
ш. Душанбе