КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ МАДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №1, қ.1, мод.б, мод.7; с.2010, №1, мод.6; с.2012, №7, мод.721; с.2014, №7, қ.1, мод.388, №12; мод.821; с.2015, №11, мод.953; с.2016, №5, мод.360; с.2018, №1, мод.6; с.2019, №1, мод.6, №6, мод.314)
(Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 582, аз 03.07.2012 № 871, аз 26.07.2014 № 1091, аз 31.12.2014 № 1167, аз 23.11.2015 № 1232, аз 14.05.2016 № 1309, аз 2.01.2018 № 1474, аз 2.01.2019 № 1559, аз 20.06.2019 № 1612, аз 04.07.2020 № 1697, аз 23.12.2021 № 1817, аз 18.03.2022 № 1855, аз 18.03.2022 № 1856, аз 19.07.2022 № 1898, аз 24.12.2022 № 1930, аз 13.11.2023 № 1987, аз 03.01.2024 № 2022, аз 13.11.2024 № 2090)

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
ФАСЛИ I МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии маданӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2022)
1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии маданӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", ҳамин Кодекс, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. Муқаррароти мурофиаи судии маданӣ, ки дар дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешаванд, бояд ба муқаррароти асосии ҳамин Кодекс мутобиқ бошанд
2. Дар ҳолати ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накардани меъёрҳои қонунгузории мурофиавии судии маданӣ меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд .
Моддаи 2. Амали қонунгузории мурофиавии судии маданӣ дар замон
...