Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018 № 1474 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2017 № 884

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 декабри соли 2017 № 455

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ.1, мод. 6, мод. 7; с. 2010, №1, мод. 6; с. 2012, №7, мод. 721; с. 2014, №7, қ.1, мод. 388, №12, мод. 821; с. 2015, №11, мод. 953; с. 2016, №5, мод. 360), тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Аз қисми 1 моддаи 1, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 9, қисми 1 моддаи 12 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар қисми 1 моддаи 56, қисми 1 моддаи 84, қисми 2 моддаи 87, қисми 2 моддаи 88, қисми 3 моддаи 146 ва қисми 2 моддаи 372 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.

3. Дар моддаи 130:

- сархати чоруми қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- насаб, ном, номи падар, рӯз, моҳ, сол ва маҳалли таваллуд, маҳалли истиқомат, ҷойи кор ё маҳалли ҷойгиршавии қарздор;";

- аз қисми 2 калимаҳои "насаб, ном, номи падар, рӯз, моҳ, сол ва маҳалли таваллуди қарздор, ҷойи кори ӯ," хориҷ карда шаванд.

4. Қисми 2 моддаи 231 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Дар сурати пешниҳод накардани маълумот оид ба тадбирҳои андешидашуда, шахсони мансабдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Ҷавобгарии маъмурӣ шахсони мансабдорро аз уҳдадории додани маълумот оид ба тадбирҳое, ки мутобиқи таъиноти хусусии суд андешида шудаанд, озод намекунад.".

5. Дар қисми 2 моддаи 389 ва қисми 1 моддаи 390 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

6. Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 423 калимаи "қарордод" ба калимаҳои "шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

2 январи соли 2018 № 1474

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ГРАЖДАНСКИЙ ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят Постановлением МН МОРТ

от 2 октября 2017 года, №884

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 21 декабря 2017 года, №455

Статья 1. Внести в Гражданский процессуальный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 5 января 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №1, ч.1, ст. 6, ст.7; 2010 г., №1, ст. 6; 2012 г., №7, ст. 721; 2014 г., №7, ч.1, ст. 388, №12, ст. 821; 2015 г., №11, ст. 953; 2016 г., №5, ст. 360), следующие изменения:

1. В статье 130:

- абзац четвёртый части 1 изложить в следующей редакции:

"- фамилия, имя, отчество, дата, месяц, год и место рождения, место жительства, место работы или место нахождения должника;";

- из части 2 слова "фамилия, имя, отчество, число, месяц, год и место рождения должника, место его работы," исключить.

2. Часть 2 статьи 231 изложить в следующей редакции:

"2. В случае несообщения о принятых мерах, должностные лица привлекаются к административной ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан. Административная ответственность не освобождает должностных лиц от обязанности сообщать о мерах, принятых по частному определению суда.

3. В абзаце втором части 1 статьи 423 слово "контракту" заменить словами "трудовому договору (контракту)".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г.Душанбе, 

от 2 января 2018 года, №1474