Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2013, № 14 "Дар бораи Қоидаҳои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 10.01.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд


бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2025 № 164 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаҳои 22 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои хизматрасониҳои иловагии ҳукуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005, № 218 "Дар бораи хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои дохилиидоравии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 10 январи соли 2013, № 14

ш. Душанбе



Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 03.03.2025 №164


Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Правилах оказания дополнительных правовых платных услуг физическим и юридическим лицам в государственных нотариальных конторах Республики Таджикистан

В соответствии со статьями 22 и 23 Закона Республики Таджикистан "О государственном нотариате" и статьи 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Правила оказания дополнительных правовых платных услуг физическим и юридическим лицам в государственных нотариальных конторах Республики Таджикистан (прилагаются).

2. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2005 года, №218 "О дополнительных правовых платных услуг в государственных нотариальных конторах Республики Таджикистан".

3. Министерству юстиции Республики Таджикистан привести свои внутренние ведомственные акты в соответствие с настоящим постановлением.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 10 января 2013 года, № 14