Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005, № 218 "Дар бораи хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 30.12.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.01.2013 № 14 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2010с. № 712)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2010с. № 712)

Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии ҳуқуқӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили фаъолияти идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тасдиқ карда шаванд:

Қоидаҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъоварӣ ва истифодаи ин маблағҳо (Замимаи 1);

Тарифҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Замимаи 2).

2. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи солп 1991 № 122 "Дар бораи ба шароитҳои нави иқтисодии корӣ оид ба хизматрасонии иловагии пулакии аҳолӣ гузаронидани идораҳои давлатии сабти асноди (нотариуси) ҷумҳурият" аз эътибор соқит дониста шавад.

3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои идоравии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Э. Раҳмонов

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ от 10.01.2013г. № 14                        

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Правительства Республики Таджикистан

О дополнительных правовых платных услуг в государственных нотариальных конторах Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.12.2010г.№712)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.12.2010г.№712)

В целях улучшения правового обслуживания физических и юридических лиц, совершенствования деятельности государственных нотариальных контор Республики Таджикистан и в соответствии со статьей 19 Закона Республики Таджикистан "О государственном нотариате" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить:

Правила оказания дополнительных правовых платных услуг физическим и юридическим лицам в государственных нотариальных конторах Республики Таджикистан, сбора и расходования этих средств (Приложение 1);

Тарифы на оказание дополнительных правовых платных услуг физическим и юридическим лицам в государственных нотариальных конторах Республики Таджикистан (Приложение 2);

2.Признать утратившим силу постановление Кабинета Министров Республики Таджикистан от 12 мая 1991      № 122 "О переводе государственных нотариальных контор республики на новые экономические условия работы по оказанию дополнительных платных услуг населению".

3. Министерству юстиции Республики Таджикистан привести свои ведомственные акты в соответствие с настоящим постановлением.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                  Э. Рахмонов

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                  Э. Рахмонов

...