Қоидаҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2013, № 14

Санаи амалкуни: 10.01.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2025 № 164 аз эътибор соқит дониста шуд


Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 январи соли 2013, № 14

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 январи соли 2013, № 14

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 621)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 621)

1. Қоидаҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок (минбаъд - хизматрасонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷамъоварӣ ва воридшавии маблағҳо барои ин хизматрасониҳо ва харҷи онҳоро муқаррар мекунад.

2. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ихтиёран ба амал бароварда мешавад. Чунин хизматрасонӣ танҳо вобаста ба амалиётҳои нотариалии аз тарафи идораҳои нотариалии давлатӣ амалишаванда сурат мегирад.

3. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати онҳо сурат гирифта, дар феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ, ки дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад, ба қайд гирифта мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 621).

4. Пардохти маблағҳои хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути бонкҳо (филиалҳои онҳо) сурат мегирад. Қабули маблағҳои мазкур аз ҷониби бонкҳо (филиалҳои онҳо) дар ҳамаи ҳолатҳо бо роҳи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт (дар шакли коғазӣ ё электронӣ), ки дар он намуди хизматрасонӣ нишон дода мешавад, амалӣ мегардад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 621).

...


Утратил силу в редакции пост. Правительства РТ от 03.03.2025 №164


Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 10 января 2013 года, №14

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 10 января 2013 года, №14

ПРАВИЛА

оказания дополнительных правовых платных услуг- физическим и юридическим лицам в государственных нотариальных конторах Республики Таджикистан

(в редакции пост. Правительства РТ от 29.12.2022 №621)

(в редакции пост. Правительства РТ от 29.12.2022 №621)


1. Правила оказания дополнительных правовых платных услуг физическим и юридическим лицам в государственных нотариальных конторах Республики Таджикистан ( далее - Правила) устанавливают порядок оказания дополнительных правовых платных услуг (далее - услуг) физическим и юридическим лицам в государственных нотариальных конторах Республики Таджикистан, а также сбора и поступления средств за данные услуги и их расходование.

2. Оказание услуг физическим и юридическим лицам осуществляется на добровольной основе. Подобные услуги оказываются только в отношении нотариальных действий, осуществляемых государственными нотариальными конторами.

...