Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, № 621 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2013, №14"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2013, №14

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Қоидаҳои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2013, № 14 "Дар бораи Қоидаҳои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 3 калимаҳои "китоби сабти хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок" ба калимаҳои "феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ" иваз карда шаванд;

- банди 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"4. Пардохти маблағҳои хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути бонкҳо (филиалҳои онҳо) сурат мегирад. Қабули маблағҳои мазкур аз ҷониби бонкҳо (филиалҳои онҳо) дар ҳамаи ҳолатҳо бо роҳи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт (дар шакли коғазӣ ё электронӣ), ки дар он намуди хизматрасонӣ нишон дода мешавад, амалӣ мегардад.";

- дар банди 5 калимаҳои "тариқи нақдӣ" ба калимаҳои "дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ" иваз карда шаванд;

- аз банди 7 калимаҳои ", раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд" хориҷ шуда, калимаи "медиҳанд" ба калимаи "медиҳад" иваз карда шавад;

- дар банди 8 калимаҳои "базаи" ва "муассисаҳои" мувофиқан ба калимаҳои "заминаи" ва "мақомоти" иваз карда шаванд;

- бандҳои 10 ва 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"10. Барои дурустии ҳисобот аз рӯйи хизматрасонӣ сарнотариуси давлатӣ, нотариусони калони давлатӣ ва нотариусони давлатии дахлдор масъул буда, ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳанд.

12. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мутобиқи қисми 3 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда шудаанд, аз пардохти хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок озод мебошанд, инчунин гирандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ нисфи маблағи муқарраргардидаи хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднокро месупоранд.".

2. Ба замимаи Қоидаҳои хизматрасониҳои иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2013, №14 тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

- дар сатри 1 калимаҳои "ва васиятномаҳо" ба калимаҳои ", васиятномаҳо, уҳдадориҳо, розигиҳо" иваз карда шаванд;

- дар сатрҳои 2, 5, 8 ва 11 калимаҳои "аз соҳибӣ соқит намудани" ва "аз соҳибӣ соқит кардани" ба калимаи "бегонакунии" иваз карда шаванд;

- дар сатри 7 баъд аз калимаи "васиятномаҳо" калимаҳои ", уҳдадориҳо, розигиҳо" илова карда шаванд;

- дар сатри 9 калимаи "ташхис" ба калимаи "экспертиза" иваз карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 декабри соли 2022, № 621

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 10 января 2013 года, №14

В соответствии со статьей 56 Закон Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Внести в Правила оказания дополнительных правовых платных услуг физическим и юридическим лицам в государственных нотариальных конторах Республики Таджикистан, утвержденные постановлением Правительства Республики Таджикистан от 10 января 2013 года, №14 "О Правилах оказания дополнительных правовых платных услуг физическим и юридическим лицам в государственных нотариальных конторах Республики Таджикистан", следующие изменения:

- в пункте 3 слова "книге записи дополнительных платных юридических услуг" заменить словами "реестре регистрации нотариальных действий";

- пункт 4 изложить в следующей редакции:

"4. Плата за услуги осуществляется физическими и юридическими лицами посредством банков (их филиалов). Приём данных средств со стороны банков (их филиалов) во всех случаях производится путем предоставления удостоверяющего документа об оплате (в бумажной или электронной форме), в котором указывается вид оказанной услуги.";

- в пункте 5 слова "наличными" заменить словами "в наличной и безналичной форме";

- из пункта 7 слова ", управления юстиции Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей" ислючить и слово "ведут" заменить словом "ведет";

- в пункте 8 слово "учреждений" заменить словом "органов";

- пункты 10 и 12 изложить в следующей редакции:

"10. Ответственными за правильность отчетов по оказанию услуг являются главный государственный нотариус, старшие государственные нотариусы и соответствующие государственные нотариусы, которые представляют отчеты Министерству юстиции Республики Таджикистан.

12. Юридические и физические лица, которые в соответствии с частью 3 статьи 5 Закона Республики Таджикистан "О государственной пошлине" освобождены от уплаты государственной пошлины, освобождаются от уплаты дополнительной правовой платной услуги, а также получатели адресной социальной помощи уплачивают половину установленной суммы дополнительной правовой платной услуги.".

2. Внести в приложение к Правилам оказания дополнительных правовых платных услуг физическим и юридическим лицам в государственных нотариальных конторах Республики Таджикистан, утвержденным постановлением Правительства Республики Таджикистан от 10 января 2013 года, №14, следующие изменение и дополнение:

- в строке 1 слова "и завещаний" заменить словами ", завещаний, обязательств, согласий";

- строку 7 после слова "завещаний" дополнить словами ", обязательств, согласий".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                    Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 29 декабря 2022 года №621