Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2025,
№ 164
Тартиб ва андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии муздноки нотариусони давлатӣ
1.Тартиб ва андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии муздноки нотариусони давлатӣ (минбаъд - Тартиби мазкур) тартиби хизматрасониҳои иловагии музднок (минбаъд - хизматрасонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро аз ҷониби нотариусони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
2.Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси муроҷиати онҳо ба идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз ҷониби нотариусҳои давлатии идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
3.Пардохти хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраршуда тариқи ғайринақдӣ амалӣ мегардад.
4.Маблағҳои барои хизматрасонӣ пардохтшуда дар ҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул дода мешавад.
5.Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистоп ҳисоботи воридот ва хароҷоти маблағҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистоп «Дар бораи хазинадорӣ» ва дастурамал оид ба ташаккул ва истифодабарии маблағҳои махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, анҷом медиҳад.
6.Маблағҳои аз хизматрасонӣ воридгардида барои ҳавасмандгардонии кормандон ва инкишофи заминаи моддию техникии мақомоти адлия истифода бурда мешаванд.
7.Барои хизматрасонӣ маблағ мувофиқи андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии муздноки нотариусони давлатӣ, ки ба Тартиби мазкур замима шудааст, ситонида мешавад.
...