Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 январи соли 2013, № 14
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 январи соли 2013, № 14
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 621)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 621)
1. Қоидаҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок (минбаъд - хизматрасонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷамъоварӣ ва воридшавии маблағҳо барои ин хизматрасониҳо ва харҷи онҳоро муқаррар мекунад.
2. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ихтиёран ба амал бароварда мешавад. Чунин хизматрасонӣ танҳо вобаста ба амалиётҳои нотариалии аз тарафи идораҳои нотариалии давлатӣ амалишаванда сурат мегирад.
3. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати онҳо сурат гирифта, дар феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ, ки дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад, ба қайд гирифта мешавад ().
4. Пардохти маблағҳои хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути бонкҳо (филиалҳои онҳо) сурат мегирад. Қабули маблағҳои мазкур аз ҷониби бонкҳо (филиалҳои онҳо) дар ҳамаи ҳолатҳо бо роҳи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохт (дар шакли коғазӣ ё электронӣ), ки дар он намуди хизматрасонӣ нишон дода мешавад, амалӣ мегардад ().
...