Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 636, аз 13.03.2015 № 151)
Мутобиқи банди 2 моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ" ва инчунин бо мақсади таъмини идоракунии (назорати) умумии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Ҳайати Шӯрои нозирон ва Низомнома дар бораи Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (Замимаҳои 1 ва 2).
3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2011 № 664
ш. Душанбе
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" декабри соли 2011, № 664
тасдиқ шудааст
Ҳайати Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Шӯрои нозирон - Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ()
Муовини раиси Шӯрои нозирон - Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ()
Котиби масъули Шӯрои нозирон - Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои Шӯро:
- Муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- хориҷ карда шуд ;
- Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- Муовини раиси вилояти Суғд
- Муовини раиси вилояти Хатлон
- Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Суғд"
- Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ"
- Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"
- Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим"
- Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- Муовини Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ;
- Роҳбари котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ;
- Директори Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ"-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ .