ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод.167)
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581, аз 20.06.2024 № 2077)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодии таъсис, идоракунӣ, фаъолият ва барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, тартиби татбиқи низоми махсуси ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба танзим медарорад .
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- минтақаи озоди иқтисодӣ - қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраркардашуда, ки дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст ;
- низоми махсуси ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодӣ - маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие, ки тартиби фаъолият кардан, шартҳои махсуси андозбандӣ ва муомилоти асъорӣ, гумрукӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайраро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар менамоянд;
- инфрасохтори минтақаи озоди иқтисодӣ - маҷмӯи ҷузъҳо, ки барои таъмини шароити фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагидорӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар гардида, аз девори муҳофизатӣ, бино ва иншоот, объектҳои муҳандисӣ ва техникии ободонии минтақа, ҳифзи муҳити зист ва таъиноти иҷтимоӣ иборат мебошад;
- мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣмақомоти давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъсис, идора, фаъолият ва барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст;
- маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ - ташкилоте, ки мақоми муассисаи давлатиро доро буда, минтақаи озоди иқтисодиро идора мекунад;
- феҳристи ягонаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ – махзани маълумот оид ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд (№ 2077);
...