Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, № 185 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №664"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №664

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 664 "Дар бораи таъсиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1) дар ном калимаҳои "Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ" иваз карда шаванд;

2) дар банди 1) калимаҳои "Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ" иваз карда шаванд;

3) дар банди 2) калимаҳои "Шӯрои" ва "Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқан ба калимаҳои "шурои" ва "шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ" иваз карда шаванд;

4) дар замимаи 1:

- дар ном калимаҳои "Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ" иваз карда шаванд;

- дар матн калимаҳои "Шӯрои" ва "Шӯро" мувофиқан ба калимаҳои "шурои" ва "шуро" иваз карда шаванд;

- сархати бистум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб";";

5) дар замимаи 2:

- дар ном ва банди 1 калимаҳои "Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ" иваз карда шаванд;

- дар матн калимаҳои "Шӯрои" ва "Шӯро" мувофиқан ба калимаҳои "шурои" ва "шуро" иваз карда шаванд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 марти соли 2024, № 185

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2011 года, №664

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2011 года, №664 "О создании Наблюдательного совета по вопросам свободных экономических зон в Республике Таджикистан" следующие изменения и дополнение:

1) из названия, пунктов 1) и 2) слова "по вопросам" и "в Республике Таджикистан" исключить;

2) в приложении 1:

- из названия слова "по вопросам" и "в Республике Таджикистан" исключить;

- дополнить абзацем двадцатым следующего содержания:

"- Руководитель Администрации свободной экономической зоны "Куляб";";

3) в приложении 2 из названия и пункта 1) слова "по вопросам" и "в Республике Таджикистан" исключить.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                          Эмомали Рахмон

г.Душанбе

от 28 марта 2024 года №185