Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 636, аз 13.03.2015 № 151, аз 28.03.2024 №185)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2012 № 636, аз 13.03.2015 № 151, аз 28.03.2024 №185)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2024 № 185)
Мутобиқи банди 2 моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ" ва инчунин бо мақсади таъмини идоракунии (назорати) умумии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис дода шавад ().
2) Ҳайати шурои нозирон ва Низомнома дар бораи шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ тасдиқ карда шавад (Замимаҳои 1 ва 2) ().
3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон
...
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи банди 2 моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ" ва инчунин бо мақсади таъмини идоракунии (назорати) умумии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Ҳайати Шӯрои нозирон ва Низомнома дар бораи Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (Замимаҳои 1 ва 2).
3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2011 № 664
ш. Душанбе
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" декабри соли 2011, № 664
тасдиқ шудааст
Ҳайати Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Шӯрои нозирон - Вазири рушди иктисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои нозирон - Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Котиби масъули Шӯрои нозирон - Сардори Раёсати маъмуригардонӣ ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодии Вазорати рушди иқтисод
ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои Шӯро:
- Муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- Муовини раиси вилояти Суғд
- Муовини раиси вилояти Хатлон
- Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Суғд"
- Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ"
- Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"
- Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим"