КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ.1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №1-2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №7-9, мод. 602, мод. 608; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, №1755)
(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 618, аз 25.03.2011 № 692, аз 2.08.2011 № 755, аз 16.04.2012 № 809, аз 03.07.2012 № 864, аз 01.08.2012 № 878, аз 28.12.2012 № 927, аз 28.12.2012 № 932, аз 22.07.2013 № 982, № 983, аз 14.03.2014 № 1067, аз 27.11.2014 № 1134, аз 23.11.2015 № 1229, аз 15.03.2016 № 1275, аз 14.05.2016 № 1306, аз 23.07.2016 № 1332, № 1333, аз 24.02.2017 № 1381, аз 17.05.2018 № 1516, аз 2.01.2019 № 1556, аз 04.07.2020 № 1696, аз 04.07.2020 № 1702, аз 29.01.2021 № 1755, аз 20.04.2021 № 1777, аз 23.12.2021 № 1810, аз 23.12.2021 № 1811, аз 18.03.2022 № 1853, аз 19.07.2022 № 1900, аз 24.12.2022 № 1926, № 1927, аз 03.01.2024 № 2017)

ҚИСМИ I. ҚИСМИ УМУМӢ
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
БОБИ 1. ҚОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 1. Қонунгузорие, ки тартиби пешбурди парвандаи ҷиноятиро муайян мекунад
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пешбурди парвандаи ҷиноятиро Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, муайян мекунад
2. Тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ барои суд, мақомоти прокуратура, тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ, инчунин барои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳатмӣ мебошад.
3. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии меъёрҳои ҳуқуқие мебошанд, ки пешбурди мурофиаи ҷиноятиро танзим менамоянд. Агар тибқи ин санадҳо нисбат ба муқаррароти Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ гардида бошад, он гоҳ муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал мекунанд.
Моддаи 2. Вазифаҳои пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ
1. Вазифаҳои пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ аз инҳо иборатанд:
- муқаррар кардани тартиби пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ;
- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
...