ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815; мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159; №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259; №7, мод. 714; №8, мод. 815), иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 4 моддаи 357 пас аз калимаҳои "даъвои гражданӣ" калимаҳои ", инчунин дигар шахсоне, ки ҳуқуқу манфиатҳои молумулкии онҳо бо ҳукм халалдор шудааст, дар қисми ҳуқуқу манфиатҳои молумулкии халалдоршуда" илова карда шаванд.
2. Ба қисми 1 моддаи 403 пас аз калимаҳои "намояндагони қонунии онҳо" калимаҳои ", инчунин дигар шахсоне, ки ҳуқуқу манфиатҳои молумулкии онҳо бо ҳукм халалдор шудааст" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
28 декабри соли 2012, № 932
ш. Душанбе,
28 декабри соли 2012, № 932
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
...