Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 № 755 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №12, мод. 816; с.2010, №7, мод. 551; с.2011, №3, мод. 159), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар тамоми матни Кодекс калимаҳои "иштироккунандагони", "иштироккунандагон", "иштироккунандаи", "Иштироккунандагони", "кӯмаки ҳуқуқӣ", "КӯМАКИ ҲУҚУҚӢ" ва "кӯмаки мутақобили ҳуқуқӣ" мутаносибан ба калимаҳои "иштирокчиёни", "иштирокчиён", "иштирокчии" "Иштирокчиёни", "ёрии ҳуқуқӣ", "ЁРИИ ҲУҚУҚӢ" ва "ёрии мутақобили ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.

2. Дар сархати чоруми моддаи 6 калимаи "ҳимоягар" ба калимаи "ҳимоятгар" иваз карда шавад.

3. Дар қисми 3 моддаи 9 калимаҳои "масъулияти муқаррарнамудаи қонун" ба калимаҳои "ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми 3 моддаи 12 калимаҳои "иштирокчиёни парванда" ба калимаҳои "иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" иваз карда шаванд.

5. Ба Кодекс моддаи 35(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 35(1). Тартиби баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

Тартиби баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" муайян карда мешавад.".

6. Дар қисми 1 моддаи 43 пас аз калимаҳои "Кодекси мазкур" калимаҳои "ба суд" илова карда шаванд.

7. Дар сархати дувоздаҳуми қисми 3 моддаи 54 пас аз калимаҳои "изҳори норизоӣ" калимаи "баён" илова карда шавад.

8. Дар қисми 7 моддаи 58 калимаҳои "хулосаи ғалат" ба калимаҳои "хулосаи бардурӯғ" иваз карда шаванд.

9. Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 61 пас аз калимаи "ҳолатҳое" калимаҳои "мавҷуд бошанд" илова карда шаванд.

10. Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 90 ва дар сархати дуюми моддаи 425 пас аз калимаҳои "зиндагӣ ва" калимаи "таълиму" илова карда шавад.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНО - ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Уголовно-процессуальный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 3 декабря 2009 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., №12, ст. 816; 2010 г., №7, ст. 551; 2011г., №3, ст. 159), следующие изменения и дополнения:

1. В части 3 статьи 12 слово "дела" заменить словами "уголовного судопроизводства".

2. Кодекс дополнить статьей 35(1) следующего содержания:

"Статья 35 (1). Порядок рассмотрения материалов об ограничении конституционных прав граждан при проведении оперативно - розыскных мероприятий

Порядок рассмотрения материалов об ограничении конституционных прав граждан при проведении оперативно -розыскных мероприятий определяется в соответствии с Законом Республики Таджикистан "Об оперативно - розыскной деятельности".

3. Часть 1 статьи 43 после слова "подавшее" дополнить словами "в суд".

4. В абзаце втором части 1 статьи 90 и в абзаце втором статьи 425 после слова "жизни" дополнить словом", обучения".

5. В статье 111:

- в части 4 после слов "В начале" дополнить словом "судебного";

- абзац первый части 5 изложить в следующей редакции:

"- о разрешении применения в отношении подозреваемого или обвиняемого меры пресечения в виде заключения под стражу, под домашний арест;".

6. В статье 129 слово "гражданину" заменить словом "физическому".

7. Часть 1 статьи 144 изложить в следующей редакции:

...