Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2014 № 1134 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815; мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159; №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259; №7, мод. 714; №8, мод. 815; №12, қ. 1, мод. 1020; мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510; мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз сархати дуюми қисми 2 моддаи 53 калимаи "маҳрамона" хориҷ карда шавад.

2. Дар қисми 2 моддаи 89 калимаҳои "парвандаи гражданӣ" ба калимаҳои "парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва қарори суд оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" иваз карда шаванд.

3. Ба қисми 2 моддаи 241 пас аз калимаҳои "супурда мешаванд" калимаҳои ", ки онҳо танҳо дар маҷлиси судӣ истифода бурда, баъди анҷоми ҳар як маҷлиси судӣ барои нигоҳ доштан дар парванда баргардонида мешаванд" илова карда шаванд.

4. Ба моддаи 348 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Ҳангоми эълон кардани қисми муқаддимавӣ ва хулосавии ҳукм раисикунанда ба иштирокчиёни мурофиаи судӣ тартиби бо матни пурраи он шинос шуданро мефаҳмонад.".

5. Дар ҷумлаи дуюми моддаи 350 калимаҳои "нусхаи ҳукм ба айбдоркунандаи давлатӣ," ба калимаҳои "нусхаи ҳукм ба айбдоркунандаи давлатӣ ва ба истиснои парвандаҳое, ки дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ карда мешаванд ба" иваз карда шаванд.

6. Қисми 6 моддаи 408 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"6. Қарор ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда, нусхаи он ба шахси эътироз ва шикоятоварда равон карда мешавад.".

7. Ба моддаи 479 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- дар бораи дар давлати супоридашаванда мавриди шиканҷа қарор гирифтани шахс маълумот мавҷуд бошад;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНО - ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Уголовно - процессуальный Кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 3 декабря 2009 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., №12, ст. 815; ст. 816; 2010 г., №7, ст. 551; 2011 г., №3, ст. 159; №7-8, ст. 609; 2012 г., №4, ст. 259; №7, ст. 714; №8, ст. 815; №12, ч. 1, ст. 1020; ст. 1025; 2013 г., №7, ст. 510; ст. 511; 2014 г., №3, ст. 142), следующие изменения и дополнения:

1. В части 2 статьи 89 слова "гражданскому делу" заменить словами "гражданскому, семейному, экономическому делам, постановление суда по делам об административных правонарушениях".

2. Часть 2 статьи 241 после слово "разбирательства" дополнить словами ", которые используются только во время судебного заседания и после окончания каждого судебного заседания возвращаются для хранения в деле".

3. Статью 348 дополнить частью 3 следующего содержания:

"3. В случае провозглашения вводной и резолютивной частей приговора, председательствующий разъясняет участникам судебного разбирательства порядок ознакомления с его полным текстом.".

4. В предложении втором статьи 350 слова "государственному обвинителю," заменить словами "государственному обвинителю и за исключением дел, рассматриваемых в закрытых судебных заседаниях," и слова "а также" исключить.

5. Часть 6 статьи 408 изложить в следующей редакции:

"6. Постановление приобщается к уголовному делу и его копия направляется лицу, принесшему протест и жалобу.".

6. Статью 479 дополнить абзацем четвертым следующего содержания:

"- имеются сведения о том, что в государстве выдачи лицо может быть подвергнуто пыткам;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                            Эмомали Рахмон

Президент

...