ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 12.12.1997 № 498, аз 12.05.2001 № 22, № 24, аз 3.05.2002 № 15, аз 25.07.2005 № 101, аз 21.11.2006 № 209, аз 6.10.2008 № 420, аз 26.03.2009 № 501, аз 20.06.2024 № 2055)
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муқаррар намудани Сарҳади давлатӣ, хати гузариш ва ҳимояи он, инчунин ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидора, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар Қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбиро дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Сарҳади давлатӣ) - хат ва сатҳи амудии аз ин хат гузарандааст, ки ҳудуди қаламрави давлатии (хушкӣ, обҳо, қаъри замин ва фазои ҳавоии) Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҳадди фазоии амали соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
Сарҳади давлатӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян карда мешавад .
Моддаи 2. Сиёсати сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сиёсати сарҳади ҷузъи сиёсати давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
Сиёсати сарҳадӣ бо назардошти принсипҳои байналмилалии эҳтироми соҳибихтиёри, тамомияти арзи ва дахлнопазирии сарҳадҳои давлати ташаккул ёфта, ба он асос меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Сарҳади давлатиро ҳамчун хати муайянкунандаи ҳудуди фазоии қаламрави (хушкӣ, обҳо, қаъри замин, фазои ҳавоии) аз ҷиҳати ҳуқуқи тақвиятгардидае, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибихтиёрии комил ва тамоми ҳуқуқҳо бархӯрдор мебошад, арзёбӣ менамояд;
дар асоси ворисияти ҳуқуқии эълонгардида нисбати собиқ СССР, хати Сарҳади давлатии худро, ки дар рӯзи эътибор пайдо карани ҳамин Қонун санадҳои амалкунандаи байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳои оид ба тақсимоти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо - собиқ ҷумҳуриҳои Иттифоқи РСС муқаррар намудаанд, тасдиқ мекунад ;
...