ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 1997 "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, №15-16, мод. 254; №23-24, мод.333; с.2001, №4, мод.197, 203; с.2002, №4, қ.1, мод.200; с.2005, №7, мод.403; с.2006, №11, мод.470, с.2008, №10, мод.801) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми дуюми муқаддимаи Қонун калимаҳои "оид ба масъалаҳои сарҳадӣ" ба калимаҳои "дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шуда, калимаҳои "ва тақвият" хориҷ карда шаванд.
2. Қисми дуюми моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Сарҳади давлатӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян карда мешавад.".
3. Дар моддаи 2:
- дар қисми якум калимаҳои "мақоми олии ҳокимияти қонунгузории" ба калимаи "Президенти" иваз карда шаванд;
- дар сархати чоруми қисми дуюм пеш аз калимаи "муқарраркунии" калимаҳои "дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст," илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 3:
- аз қисми чорум калимаҳои "ё гузаргоҳҳои сарҳадӣ" хориҷ карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои "Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии" ба калимаҳои "Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 5:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Хати Сарҳади давлатӣ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад.";
...