ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Дар моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 1997 "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, №15-16, мод.254; №23-24, мод.333; с.2001, №4, мод.197, 203; с.2002, №4, қ.1, мод.200; с.2005, №7, мод.403; с.2006, №11, мод.470) калимаҳои "маоши ҳадди ақал" ба калимаҳои "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 октябри соли 2008 № 420
ш. Душанбе
6 октябри соли 2008 № 420
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
...