×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993, № 897 "Дар бораи табъу нашр"

Санаи амалкуни: 28.12.2005

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1327 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ТАБЪУ НАШР

(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421, аз 1.02.1996 № 223, аз 11.12.1999 № 889, аз 2.12.2002 № 81, аз 17.05.2004 № 27, аз 28.12.2005 № 144)

(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421, аз 1.02.1996 № 223, аз 11.12.1999 № 889, аз 2.12.2002 № 81, аз 17.05.2004 № 27, аз 28.12.2005 № 144)

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсаду вазифаҳои қонуни табъу нашр

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табъу нашр мувофиқи Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъияти, муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳо ва мақомоти ҳокимияти давлати ва идоракуни ҳуқуқи табъу нашрро замонат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 27).

Қонуни мазкур муносибатҳои байни ноширон, таҳиягарон, паҳнкунандагон ва истифодабарандагони маҳсулоти чопиро танзим менамояд. Ташкилотҳои давлати, ҷамъияти, кооперативи ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон ва ашхоси алоҳида низ метавонанд чунин муносибате дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 27).

Моддаи 2. Кори табъу нашр

Мувофиқи Қонуни мазкур:

табъу нашр ин фаъолияти таъсис додани нашриётҳо ва корхонаҳои матбуоти, омодаю таҳия кардан ва ба табъ расондани маҳсулоти чопи мебошад;

маҳсулоти чопи гуфта нашрияҳои барои муштариён таъиншуда: китоб, рисола (брошюра, албом, плакат, буклет, откритка ва дитар маҳсулоти матбаа (сарфи назар аз адади нашр ва тарзи тайёр шуданашон) фаҳмида мешавад;

тахти калимаи ношир нашриёт ё дигар корхона (соҳибкор), ки маҳсулоти чопи тайёр карда, ба табъ мерасонад, инчунин шахси ҳуқуқи ё шаҳрванди ҳамчун ношир фаҳмида мешавад, ки кори таҳияву нашри маҳсулоти чопи фаъолияти асоси ё манбаи асосии даромад намебошад;

бахши таҳририяи нашриёт ва ё ташкилоти ба ношир баробар кардашуда воҳиди сохтори ё ходими (ходимони) ин ташкилот мебошад, ки маҳсулоти чопиро барои табъ таҳриру омода месозад;

...

Утратил силу в редакции Закона Республики Таджикистан от 23 июля 2016 года, № 1327

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об издательском деле

(в редакции Законов РТ, от 15 мая 1997 г. N 421, от 1 февраля 1996 г. N 223, от 11 декабря 1999 г. N 889, от 2 декабря 2002 г. №81 от 17 мая 2004г.N27, от 28.12.2005г.№144)

(в редакции Законов РТ, от 15 мая 1997 г. N 421, от 1 февраля 1996 г. N 223, от 11 декабря 1999 г. N 889, от 2 декабря 2002 г. №81 от 17 мая 2004г.N27, от 28.12.2005г.№144)

Глава I. Общие положения

Статья 1. Цели и задачи законодательства об издательском деле

Закон Республики Таджикистан об издательском деле в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан гарантирует всем гражданам Республики Таджикистан, общественным объединениям, учреждениям, организациям, предприятиям и органам государственной власти и управления право на осуществление издательского дела.

Настоящим Законом регулируются отношения между издателями, изготовителями, распространителями и потребителями печатной продукции. В указанные отношения могут вступать государственные, общественные, кооперативные организации, иные объединения граждан и граждане.

Статья 2. Издательское дело

В соответствии с настоящим Законом:

под издательством понимается деятельность по созданию издательства и полиграфических предприятий, подготовке, изготовлению и выпуску печатной продукции;

под печатной продукцией понимается предназначенные для потребителей издания: книги, брошюры, альбомы, плакаты, буклеты, открытки и иные изделия полиграфического производства независимо от тиража и способа их изготовления;

под издателем понимается издательство, иное предприятие (предприниматель), осуществляющее подготовку и выпуск печатной продукции, а также приравненное к издателю юридическое лицо или гражданин, для которого деятельность по подготовке и выпуску печатной продукции не является основной либо не служит главным источником доходов;

под редакцией издательства или приравненной к издателю организации понимается структурное подразделение либо сотрудник (сотрудники) этой организации, осуществляющие редактирование и иную подготовку печатной продукции к выпуску;

...