Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 № 889 "Дар бораи ворид намудани тағйиротҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи табъу нашр"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАБЪУ НАШР"

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи табъу нашр" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, 1, мод.28; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, № 3, мод.48; с.1997, № 9, мод.117) тағйиротҳои зерин дохил карда шаванд:

1. Моддаи 16 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Моддаи 16. Сабти давлатӣ

Сабти давлатиро идораи давлатии нотариалии маҳалли воқеъияти корхона ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин ба ҷо меоварад:

ариза дар бораи сабти давлатӣ бо нишондоди тахминии мавзӯъ ва (ё) соҳаи ихтисос, шакли эҳтимолии ташкилию ҳуқуқӣ ва сарчашмаҳои маблағтаъминкунӣ, маълумот дар бораи дигар ноширон, ки нисбати онҳо аризадиҳанда муассис ва ҳаммуассис, молик, таҳриркунанда (редакция), ношир, тайёркунанда ё паҳнкунанда мебошад;

шартномаи таъсис (дар сурати мавҷуд будани якчанд муассис);

унвон ва ҷои исти ношир ё таҳиягари маҳсулоти чопӣ;

иннома;

хулосаи ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад;

рамзи таснифгари (классификатор) мақомоти омор;

тасдиқномае, ки аз ном, маҳалли воқеъияти корхона ё омодагари маҳсулоти чопӣ шаҳодат медиҳад;

ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об издательском деле"

Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Закон Республики Таджикистан от 27 декабря 1993 года "Об издательском деле" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1994 г., № 1, ст.28; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., № 3, ст.48; 1997 г., № 9, ст.117) следующие изменения:

1. Статью 16 изложить следующей редакции:

"Статья 16. Государственная регистрация Государственная регистрация осуществляется государственной нотариальной конторой по месту нахождения предприятия при наличии следующих документов:

заявления о государственной регистрации с указанием примерной тематики и (или) специализации, предполагаемой организационно-правовой форме и источниках финансирования, сведений о других издателях, в отношении которых заявитель является учредителем, соучредителем, собственником, редакцией, издателем, изготовителем или распространителем;

учредительного договора (при наличии нескольких учредителей);

наименования и местонахождения издателя или изготовителя печатной продукции;

устава;

правового заключения учредительных документов, выдаваемого Министерством юстиции Республики Таджикистан;

кода классификатора органов статистики;

справки, подтверждающей наименование, место нахождения предприятия или изготовителя продукции;

квитанции об уплате госпошлины;

заключения Министерства культуры Республики Таджикистан.

...