ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ДОХИЛ КАРДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРӢ
I. Ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қонуншикании маъмури, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 апрели соли 1985 қабул кардааст (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1985, № 24, м. 243), тағъироту иловаҳои зайл дохил карда шаванд:
1. Аз моддаи 217 калимаҳои "бо моддаи 58 (барои вайронкуниҳое, ки на дар рафти истифодаи конҳои канданиҳои фоиданок содир шудаанд)" хориҷ карда шаванд.
2. Кодекс бо моддаи 2291-и дорои мазмуни зайл пурра карда шавад:
"Моддаи 2291. Мақомоти давлатии назорати геологи.
Мақомоти давлатии назорати геологи қонуншиканиҳои маъмуриеро, ки дар моддаи 47 (барои вайронкунии ҳуқуқии моликияти давлати оид ба сарватҳои зеризамини ҳангоми таҳқиқи, геологии он) ва дар моддаи 58 Кодекси мазкур пешбини гардидаанд, барраси мекунанд.
Саринспектори давлатии назорати геологии Ҷумҳуриш Тоҷикистон ва ҷонишинони ӯ ҳуқуқи аз номи мақоми давлатии назорати геологи барраси кардани қонуншиканиҳои маъмури ва додани ҷазои маъмуриро доранд".
II. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи зотпарвари дар соҳаҳои чорводори" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 15-16, м. 237) тағйироту иловаҳои зайл дароварда шаванд:
1. Моддаи 3 дар таҳрири зайл баён гардад:
"Моддаи 3. Қонунгузори дар бораи, зотпарвари
Зотпарвари дар соҳаи чорводори тавассути ҳамин Қонун, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи хадамоти давлатии зотпарвари, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии мақомоти давлатии хадамоти зотпарварии назди Вазорати кишоварзи, ки иҷрояшон барои бахшҳои зотпарвари, новобаста аз тобеияти идорави ва шакли моликияти онҳо, ҳатми мебошанд, танзим мегардад".
2. Моддаи 5 бо калимаҳои "дар маҳалҳо (ҳукуматҳо)" пурра карда шавад;
3. Дар моддаи 7:
қисми якуми банди 1 бо калимаҳои "Дар маҳалҳо (ҳукуматҳо)" пурра карда шавад;
...