ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҳифзи табиат
(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 10.05.2002 № 30, аз 2.12.2002 № 75, аз 15.07.2004 № 58, аз 13.06.2007 № 284)
(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 10.05.2002 № 30, аз 2.12.2002 № 75, аз 15.07.2004 № 58, аз 13.06.2007 № 284)
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат
Вазифаи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи табиат аз он иборат аст, ки муносибатро дар соҳаи таъсири мутақобилаи ҷамъият ва табиат бо мақсади нигоҳ доштани боигариҳои табиӣ ва муҳити табии зисти инсон, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, пешгирии таъсири зараровари экологии фаъолияти хочагӣ ва ғайра, солим ва беҳтар гардондани ҳолати муҳити зист, мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи муносибатҳои мазкур ба манфиати наслҳои хозираву ояндаи одамон танзим гардонад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд
Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин мавриди истифода қарор мегиранд:
Муҳити зист - муҳити зисти одам, биосфера (муҳити зисти мавҷудоти зинда), ки шароиту восита ва маҳалли зисти одам ва дигар мавҷудоти зинда мебошад: он табиатро ҳамчун як ҷузъи системаҳои табиии экологи ва он қисми муҳити табиатро, ки бар асари фаъолияти одам тағйир ёфтааст, дар бар мегирад;
Ҳифзи муҳити зист -системаи чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки мақсад аз он таъмини созгории ҷомеаву табиат дар асоси эҳтиёт кардан ва афзун гардонидани сарватҳои табиӣ, оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, беҳтар кардани ҳолати муҳити зисти инсон мебошад;
Захираҳои табиат - аз тарафи одам истифода бурдани манбаъҳои аслии табиат (замину об, ҷангал, сарватҳои зеризаминӣ, захираҳои ашёи хоми маъданӣ, маводи радиоактивӣ, олами набототу ҳайвонот, ҷузъҳои он ва дигар боигариҳои табиӣ);
Зарари муҳити зист - дучори тағйироти манфӣ гаштани муҳити зист, ки онро фаъолияти одам бинобар олуда сохтани муҳит, хоҳиши захираҳои табиат, осеб дидан, хароб гардидани системаҳои экологии табиат, ки ба саломатию ҳаёти одам, ба олами набототу ҳайвонот, ба сарватҳои моддӣ хавфу хатари воқеӣ доранд, боис шудааст.
Минтақаҳои муҳофизатӣ (дар соҳаи муҳити зист) -гуногунии минтақаҳои муҳофизатшаванда, қисми ҳудуде, ки тибқи тартиботи муқаррарнамудани Қонун барои ҳифзи ҳудудҳои мамнуъгоҳҳо, боғҳои миллии тибиӣ, боғҳои давлатии ҳайвонот, боғҳои давлатии дарахтҳои нодир бо роҳи маҳдуд кардани истифодаи табиат бо мақсади муҳофизати объектҳои мамнуъ;
...