ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи ҳифзи табиат" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, №2, мод.36; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, №3, мод.48; с.1997, №23-24, мод.333; с.2002, №4, мод.245) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад.
1.Моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гирифта, аз Қонуни мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад".
2. Дар моддаи 4:
ба қисми якум сархати дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда";
қисмҳои дуюм ва сеюм хориҷ карда шаванд.
3. Дар моддаи 7:
сархатҳои дуюм, сеюм, даҳум, ёздаҳуми қисми якум хориҷ карда шаванд;
қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи табиат дигар ваколатҳоро амалӣ намояд".
4. Дар қисми дуюми моддаи 8 ибораи "ба суд" ба ибораи "бо тартиби муқаррарнамудаи қонун" иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 8:
...