Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2010 № 232
тасдиқ шудааст
Тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 262, аз 04.10.2013 № 459)
1) Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният" таҳия шуда, тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатиро ба кӯдакони то синни 16-сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам (минбаъд-ВНМО) ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (минбаъд-БПНМ) мебошанд, муайян месозад.
2) Кӯмакпулии давлатӣ дар асоси хулосаи расмии мақомоти ваколатдор, ки тибқи муқаррароти банди 25 Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008 № 171 тасдиқ гардидааст, дода шудааст (замимаи 1), таъин карда мешавад.
3) Барои гирифтани кӯмакпулии давлатӣ намояндаи қонунии кӯдаки мубталои ВНМО ва БПНМ ба номи комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак (минбаъд комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак) тавассути шӯъбаву бахшҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо (минбаъд - мақомоти маҳаллии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) ариза пешниҳод менамояд. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд ():
- шиносномаи шаҳрвандии намояндаи қонунии кӯдак;
- шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак;
- маълумотнома оид ба ҷои истиқомати кӯдак;
- нусхаи буридашудаи хулосаи тиббие, ки тибқи банди 2 ҳамин Тартиб муқаррар гардидааст.
Талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ манъ аст.
4) Ҳуҷҷатҳои дар банди 3 ҳамин Тартиб зикргардида барои таъини кӯмакпулӣ дар мақомоти маҳаллии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷамъоварӣ гардида, барои баррасӣ ва қабули қарор ба комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак пешниҳод карда мешаванд ().
5) Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак, тибқи муқаррароти бандҳои 8, 10 ва 13 Низомнома дар бораи Комиссия оид ба ҳуқуқӣ кӯдак, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 377 "Дар бораи таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак" тасдиқ гардидааст, аризаро баррасӣ карда, протоколро оид ба таъини кӯмакпулии давлатӣ ба мақомоти маҳаллии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоянд ().
6) Мақомоти маҳаллии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар асоси протоколҳо оид ба шумораи гирандагони кӯмакпулии давлатӣ дархости молиявиро (замимаи 2) барои давраҳои навбатӣ омода сохта, онро ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд ().
7) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархостҳои пешниҳодшуда маблағгузориро дар доираи маблағҳои ҳамасола дар буҷет барои кӯмакпулии давлатӣ аз рӯи минтақаҳои маъмурӣ пешбинигардида алоҳида барои ҳар як семоҳа таъмин менамояд ().
8) Пардохти кӯмакпулии давлатӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад;
- дар сурати вафоти гирандаи кӯмакпулии давлатӣ;
- аз як маҳал ба маҳалли дигар кӯчидани намояндаи қонунии гирандаи кӯмакпулии давлатӣ;
- ҳангоми расидан ба синни 16 - солагӣ.
Мақомоти маҳаллии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумотро вобаста ба ҳолатҳои дар ҳамин банд пешбинишуда барои қатъ намудани пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба Вазорати меҳнат ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд ().
9) Мақомоти маҳаллии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар асоси протоколҳои комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак (замимаи 3) дар хусуси таъмини кӯмакпулӣ варақаи пардохтро (ведомост) (замимаи 4) таҳия ва тасдиқ намуда, барои маблағгузорӣ ба муассисаи маҳаллии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд-муассисаи маҳаллии БДА "Амонатбонк") пешниҳод менамоянд ().
10) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории пардохти кӯмакпулии давлатиро тавассути муассисаи маҳаллии БДА "Амонатбонк" таъмин менамояд ().
11) Пардохти кӯмакпулӣ ба намояндаи қонунии гирандаи кӯмакпулӣ мутобиқи варақаи пардохтӣ (ведомост) сурат мегирад.
12) Муассисаҳои маҳаллии БДА"Амонатбонк" ҳар семоҳа ба мақомоти маҳаллии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба кӯмакпулиҳои пардохтшуда ва бақияи маблағҳои кӯмакпулиҳои пардохтнашуда ҳисобот (замимаи 5) пешниҳод менамоянд ().
13) Мақомоти маҳаллии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор аст, на камтар аз як маротиба ҳар семоҳа бо муассисаи маҳаллии БДА "Амонатбонк" оид ба кӯмакпулиҳои пардохтшуда санади муқоисавӣ тартиб диҳад ().
14) Дар ҳолати таъини кӯмакпулӣ ба аъзои як оила, кӯмакпулӣ ба ҳар як узви оила дар алоҳидагӣ таъин карда мешавад.
15) Дар сурати ошкор намудани ҳолатҳои истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои кӯмакпулӣ ё дигар вайронкуниҳои ҳукуқи кӯдак аз ҷониби намояндагони қонунӣ, Комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳукуқ дорад ҷиҳати боздоштани пардохти кӯмакпулӣ ва иваз намудани намояндаи қонунии кӯдак ташаббускор бошад.
16) Назорати фаъолият оид ба таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
17) Дар холати ошкор гардидани маълумот оид ба гирандаи кӯмакпулии давлатӣ, ки бояд тибқи қонунгузории амалкунанда махфӣ нигоҳ дошта шаванд, кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои хизматиашон ба раванди таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ чунин маълумот барояшон дастрас мебошанд ва дигар шахсони гунаҳгор, ки барои таъини кӯмакпулӣ монеа эҷод мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Хулосаи тиббии Силсила ҶҶҶ № 000.000
Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва муборизаи зидди СПИД
хабар медиҳад, ки ҳангоми ташхис
(Ному насаб) ______________________________
бо коди ____________________________
дар шаҳрванд _____________________________
соли таваллудаш ______________ ,
ки дар суроғаи _____________________ зиндагӣ мекунад,
натиҷаи мусбӣ ба ВНМО дарёфт карда шуд.
ИФА № _______ , аз ___________
ИБ № ________ , аз ___________
Аз ин лиҳоз, шаҳрванд ______________ аз __________ 20 ___ сол
дар қайди диспансерии МҶ СПИД меистад
бо ташхиси : ________ ______________________________ мебошад.
шудааст.
Директори
МҶ СПИД
ҷои мӯҳр
Мудири референс-ташхисгоҳи МҶ СПИД
Мудири Шӯъбаи диспансерии МҶ СПИД
Замимаи 1
Ба Тартиби таъин ва пардохти
кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони
то синни 16 сола, ки мубталои
вируси норасоии масунияти одам
ва бемории пайдошудаи норасоии
масуният мебошанд
Нусхаи буридашуда
ба Хулосаи тиббии
силсила ХХХ №000.000
(ба даст дода мешавад)
Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва муборизаи зидди СПИД шаҳодат
медиҳад, ки шаҳрванд
________________________________________________________________
"__"______________ ________ соли таваллуд
истиқоматкунандаи _________________________ суроға,
мутобиқи қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
№ _____ аз ___________ соли 2010 ҳуқуқи гирифтани
кӯмакпулии давлатиро дорад
Намояндаи қонунии кӯдак шаҳрванд _____________
_________________________________________________________________
(Ному насаб)
муайян гардидааст.
Шиносномаи шаҳрвандии ӯ № № _________
Аз тарафи мақомоти __________ санаи ________
дода шудааст.
Директори
МҶ СПИД
ҷои мӯҳр
Замимаи 2
Ба Тартиби таъин ва пардохти
кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони
то синни 16 сола, ки мубталои
вируси норасоии масунияти одам
ва бемории пайдошудаи норасоии
масуният мебошанд
Дархости молиявӣ барои пардохти кӯмакпулиҳои давлатӣ
ба кӯдакони то сини 16-солаи мубталои ВНМО/БПНМ
дар _________________ (шаҳру/ноҳия)
+---+-----------+-----------+-----------+----------+--------+--------ҷ
| № |Шумораи |Маблағи |Шумораи |Маблағи |Маблағи |Номгӯ ва|
| |миёнасолии |пардохт дар|пешбини- |зарурӣ |талабша-|сурат- |
| |гирандагон |як моҳ дар |шудаи |барои |вандаи Жҳисоби |
| |дар соли |соли _____ |гирандагон |пардохти |хароҷот |гиранда |
| |________ | |дар соли |кӯмакпулӣ |дар соли| |
| | | |_________ |дар моҳ |_______ | |
+---+-----------+-----------+-----------+----------+--------+--------+

Роҳбари мақомоти масъул
Сармуҳосиб
ҶМ
Замимаи 3
Ба Тартиби таъин ва пардохти
кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони
то синни 16 сола, ки мубталои
вируси норасоии масунияти одам
ва бемории пайдошудаи норасоии
масуният мебошанд
Намунаи Протоколи
Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак
ноҳияи (шаҳри)__________________
аз ______ соли 20 __ № ____
Оид ба таъини кумакпулии давлатӣ
Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақсади татбиқи ҳуқуқ ва таъмини ҳифз: иҷтимоии кӯдак, ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи Раёсати (шӯъбаи) ҳифз: иҷтимоии аҳолиро баррасӣнамуда, қарор кард:
1.Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ______ соли 2010 № ____ ба кӯдакони то 16 сола кӯмакпулии давлатӣ таъин карда шавад ва ба шахсони зерини номбаршуда, ки намояндагони қонунии гиранда: кӯмакпулӣ ба ҳисоб мераванд, кӯмакпулӣ таъин карда шавад.
+------------------------+------------------------------+------------ҷ
| Рамз (шифр)-и гиранда | Ному насаб ва маълумоти | Маблағи |
| | шиносномаи намояндаи қонунӣ | кӯмакпулӣ |
+------------------------+------------------------------+------------+

2. Муқаррар карда шавад, ки кӯмакпулӣ дар ___________________ (муассиса бонк нишон дода шавад) аз _________ (санаи саршавии пардохт нишон дода шавад) ба андозаи муқараргардида пардохта шавад.
3. Раёсати (шӯъбаи) ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пардохти саривақтии кӯмакпулӣ ва назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои кӯмакпулии давлатиро таъмин намоянд.
Имзои аъзои комиссия: _________________
_________________
Ҷ.М.
Замимаи 4
Ба Тартиби таъин ва пардохти
кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони
то синни 16 сола, ки мубталои
вируси норасоии масунияти одам
ва бемории пайдошудаи норасоии
масуният мебошанд
Варақаи (ведомости) пардохти кӯмакпулии давлатӣ
барои моҳи _____________ соли 20 __ дар ______________________
(шаҳр/ноҳия нишон дода шавад)
+---+----------------+------------------+----------+---------+-------ҷ
| № | Рамзи гиранда | Ному насаби | Маблағ | Мӯҳлати | Имзо |
| | (ба шахсе, ки | намояндаи қонунӣ | | пардохт | |
| | кӯмакпулӣ | | | | |
| | таъин шудааст) | | | | |
+---+----------------+------------------+----------+---------+-------+

Имзои роҳбар
Имзои сармуҳосиб
ҶМ
Замимаи 5
Ба Тартиби таъин ва пардохти
кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони
то синни 16 сола, ки мубталои
вируси норасоии масунияти одам
ва бемории пайдошудаи норасоии
масуният мебошанд
Ҳисобот оид ба пардохти воқеии кӯмакпулии давлатӣ
дар давраи _____________________ дар ____________________
(давраи пардохт) (шаҳри, ноҳияи)
+------+--------------+---------------+--------------+---------------ҷ
| Сана | Маблағ ворид |Маблағҳои |Бақияи маблағ |Маълумот оид |
| | шудааст |харҷшуда барои |барои пардохти|ба шахсоне, ки |
| | барои давраи |пардохти кӯмак-|кӯмакпулӣ |кӯмакпулиҳоро |
| | __________ , |пулиҳо аз рӯи |маблағ |нагирифтанд |
| | аз ҷумла |ведомостҳо | |(Ному насаб, |
| | 1 моҳ, 2 моҳ,|(№ ведомост | |моҳи гирифта- |
| | 3 моҳ |нишон дода | |нашуда) |
| | |шавад) | | |
| | Моҳҳо Ҷамъ | | | |
+------+--------------+---------------+--------------+---------------+

Роҳбари муассисаи
таъминкунандаи пардохти кӯмакпулӣ
Сармуҳосиб
Ҷ.М.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2010 № 232
тасдиқ шудааст
Тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2013 № 262)
1) Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният" таҳия шуда, тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатиро ба кӯдакони то синни 16-сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам (минбаъд-ВНМО) ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (минбаъд-БПНМ) мебошанд, муайян месозад.
2) Кӯмакпулии давлатӣ дар асоси хулосаи расмии мақомоти ваколатдор, ки тибқи муқаррароти банди 25 Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба ВНМО ва муоинаи пешгирии онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2008 № 171 тасдиқ гардидааст, дода шудааст (замимаи 1), таъин карда мешавад.
3) Барои гирифтани кӯмакпулии давлатӣ намояндаи қонунии кӯдаки мубталои ВНМО ва БПНМ ба номи комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак (минбаъд комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак) тавассути шӯъбаву бахшҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо (минбаъд - мақомоти маҳаллии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) ариза пешниҳод менамояд. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд ():
- шиносномаи шаҳрвандии намояндаи қонунии кӯдак;
- шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак;
- маълумотнома оид ба ҷои истиқомати кӯдак;
- нусхаи буридашудаи хулосаи тиббие, ки тибқи банди 2 ҳамин Тартиб муқаррар гардидааст.
Талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ манъ аст.
4) Ҳуҷҷатҳои дар банди 3 ҳамин Тартиб зикргардида барои таъини кӯмакпулӣ дар мақомоти маҳаллии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷамъоварӣ гардида, барои баррасӣ ва қабули қарор ба комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак пешниҳод карда мешаванд ().
5) Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак, тибқи муқаррароти бандҳои 8, 10 ва 13 Низомнома дар бораи Комиссия оид ба ҳуқуқӣ кӯдак, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 № 377 "Дар бораи таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак" тасдиқ гардидааст, аризаро баррасӣ карда, протоколро оид ба таъини кӯмакпулии давлатӣ ба мақомоти маҳаллии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоянд ().
6) Мақомоти маҳаллии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар асоси протоколҳо оид ба шумораи гирандагони кӯмакпулии давлатӣ дархости молиявиро (замимаи 2) барои давраҳои навбатӣ омода сохта, онро ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд ().
7) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархостҳои пешниҳодшуда дархости ҷамъбастии солонаро барои маблағгузорӣ бо тақсимот аз рӯи минтақаҳои маъмурӣ, алоҳида барои ҳар семоҳа таҳия намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
8) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости дар банди 6 ҳамин Тартиб муқарраргардида маблағҳои заруриро дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти кӯмакпулии давлатӣ дар давраи молиявии навбатӣ пешбинӣ менамояд.
9) Мақомоти маҳаллии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар асоси протоколҳои комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак (замимаи 3) дар хусуси таъмини кӯмакпулӣ варақаи пардохтро (ведомост) (замимаи 4) таҳия ва тасдиқ намуда, барои маблағгузорӣ ба раёсатҳо (шӯъбаҳои) молияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (минбаъд мақомоти маҳаллии молия) пешниҳод менамоянд ().
10) Мақомоти маҳаллии молия маблағгузории пардохти кӯмакпулиро тавассути муассисаи маҳаллии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд муассисаи маҳаллии БДА "Амонатбонк") бо пешниҳоди супоришномаи пардохтӣ таъмин менамояд.