Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 232 "Дар бораи тасдиқи Тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Андозаи пардохти кӯмакпулии давлатӣ ҳар моҳ дар ҳаҷми 7 (ҳафт) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва санаи пардохти онҳо аз 1 январи соли 2011 муқаррар карда шавад.

3) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар буҷети давлатӣ ҷиҳати маблағгузории пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва ё бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 майи соли 2010 № 232

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Порядка назначения и выплаты государственного пособия детям в возрасте до 16 лет, инфицированных вирусом иммунодефицита человека или больным синдромом приобретенного иммунодефицита

В соответствии со статьей 15 Закона Республики Таджикистана "О противодействии вирусу иммунодефицита человека и синдрому приобретенного иммунодефицита" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Утвердить Порядок назначения и выплаты государственного пособия детям в возрасте до 16 лет, инфицированных вирусом иммунодефицита человека или больными синдромом приобретенного иммунодефицита.

2) Ежемесячное государственное пособие установить в размере семикратного показателя для расчетов, а начало выплат с 1 января 2011 года.

3) Министерству здравоохранения Республики Таджикистан, Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан и местным исполнительным органам государственной власти принять необходимые меры по реализации данного постановления.

4) Министерству финансов Республики Таджикистан ежегодно предусматривать в государственном бюджете средства для финансирования выплат государственного пособия детям в возрасте до 16 лет инфицированных вирусом иммунодефицита человека или больными синдромом приобретенного иммунодефицита.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан            Эмомали Рахмон

от 3 мая 2010 года № 232

г. Душанбе