Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби таъин ва пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба кӯдакони то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
бандҳои 7 ва 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"7) Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархостҳои пешниҳодшуда маблағгузориро дар доираи маблағҳои ҳамасола дар буҷет барои кӯмакпулии давлатӣ аз рӯи минтақаҳои маъмурӣ пешбинигардида алоҳида барои ҳар як семоҳа таъмин менамояд.
8) Пардохти кӯмакпулии давлатӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад;
- дар сурати вафоти гирандаи кӯмакпулии давлатӣ;
- аз як маҳал ба маҳалли дигар кӯчидани намояндаи қонунии гирандаи кӯмакпулии давлатӣ;
- ҳангоми расидан ба синни 16 - солагӣ.
Мақомоти маҳаллии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумотро вобаста ба ҳолатҳои дар ҳамин банд пешбинишуда барои қатъ намудани пардохти кӯмакпулии давлатӣ ба Вазорати меҳнат ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд".
- дар банди 9 калимаҳои "раёсатҳои (шӯъбаҳои) молияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (минбаъд - мақомоти маҳаллии молия)" ба калимаҳои "муассисаи маҳаллии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд-муассисаи маҳаллии БДА "Амонатбонк")" иваз карда шавад.
- банди 10 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории пардохти кӯмакпулии давлатиро тавассути муассисаи маҳаллии БДА "Амонатбонк" таъмин менамояд".
2. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 октябри соли 2013, № 459
ш. Душанбе