Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 589

Санаи амалкуни: 26.11.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 589

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 589

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 371, аз 5.03.2008 № 126, аз 1.04.2008 № 178, 31.10.2008 № 543, аз 30.12.2008 № 639 аз 31.08.2009 № 475, аз 3.05.2010 № 245, аз 13.09.2012 № 490, аз 11.12.2012 № 719, аз 02.03.2013 № 76, аз 29.04.2015 № 252, аз 3.03.2018 № 110, аз 26.11.2020 № 623, № 627, аз 01.06.2024 № 323)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 371, аз 5.03.2008 № 126, аз 1.04.2008 № 178, 31.10.2008 № 543, аз 30.12.2008 № 639 аз 31.08.2009 № 475, аз 3.05.2010 № 245, аз 13.09.2012 № 490, аз 11.12.2012 № 719, аз 02.03.2013 № 76, аз 29.04.2015 № 252, аз 3.03.2018 № 110, аз 26.11.2020 № 623, № 627, аз 01.06.2024 № 323)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар таҳияи сиёсати давлатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат иштирок намуда, вазифаҳо вобаста ба таҳияву татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши таҳлил ва таҳияи консепсияҳо, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, дурнамоҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои давраҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, савдо, рушди иқтисоди рақамӣ ва сабз, рушди иқтисодии минтақаҳо, патентҳо ва ташаккули захираҳои иттилоотӣ, инчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои гузаронидани мониторинг, баҳодиҳии татбиқи стратегияҳои миллии рушд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва барномаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.06.2024 № 323).

2. Вазорат фаъолияти ташкилоту муассисаҳои дар системаи он буда ва мақомотҳои минтақавиашро роҳбарӣ, хамоҳанг ва назорат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 3.05.2010 № 245).

3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ  аз 3.03.2018 № 110).

4. Вазорат мақомоти ҳамоҳангсози фаъолияти дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидор, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ оид ба масъалаҳои дар банди 1 Низомномаи мазкур зикргардида мебошад.

Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорат вобаста ба ташаккул ва татбиқи сиёсати ягонаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва савдо барои ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ҳатмӣ мебошанд.

...

Приложение 1

утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 декабря от 2006 года № 589

Приложение 1

утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 28 декабря от 2006 года № 589

Положение Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан

I. Общие положения

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.06.2007г.№371, от 5.03.2008г.№126, от 1.04.2008г.№178, от 31.10.2008г.№543, от 30.12.2008г.№639, от 31.08.2009г.№475, от 3.05.2010г.№245, от 13.09.2012г.№490, от 11.12.2012г.№ 719,от 02.03.2013г.№76, от 29.04.2015г. №252, от 03.03.2018г.№110, от 26.11.2020г.№623, от 26.11.2020г.№627, от 01.06.2024 №323)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.06.2007г.№371, от 5.03.2008г.№126, от 1.04.2008г.№178, от 31.10.2008г.№543, от 30.12.2008г.№639, от 31.08.2009г.№475, от 3.05.2010г.№245, от 13.09.2012г.№490, от 11.12.2012г.№ 719,от 02.03.2013г.№76, от 29.04.2015г. №252, от 03.03.2018г.№110, от 26.11.2020г.№623, от 26.11.2020г.№627, от 01.06.2024 №323)

1. Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан (далее Министерство) является центральным органом исполнительной власти и участвует в выработке государственной политики по развитию всех социально экономических отраслей страны и выполняет задачи, связанные с разработкой и реализацией государственной политики и правовым регулированием в области анализа и разработки концепций, документов стратегического планирования, перспективы экономического и социального развития страны на краткосрочный, среднесрочный и долгосрочный периоды, внешнеэкономической деятельности, торговли, развития цифровой и зеленой экономики, экономического развития peгионов патентов и формирования информационных ресурсов, а также координации вопросов проведения мониторинга, оценке реализации национальных стратегий развития, снижения уровня бедности и программ государственных инвестиций (в редакции пост. Правительства РТ от 01.06.2024 №323).

2. Министерство осуществляет руководство, координацию и контроль деятельности находящихся в его системе организации и учреждении и территориальных органов(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.05.2010г.№245).

3. Министерство осуществляет свою деятельность на основании Конституции Республики Таджикистан, законов Республики Таджикистан, решений Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан, международно-правовых актов признанных Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

4. Министерство является координирующим органом деятельности других центральных органов исполнительной власти, местных исполнительных органов государственной власти, юридических лиц, независимо от их формы собственности и ведомственного подчинения по вопросам, указанным в пункте 1 настоящего Положения.

Выполнение нормативных правовых актов Министерства связанных с формированием и осуществлением единой политики социально-экономического развития и торговли является обязательным для всех министерств, ведомств и местных исполнительных органов государственной власти.

...