Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 № 245 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 589"

Санаи амалкуни: 30.08.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 589

 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2019 № 440)

 (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2019 № 440)

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010 №832 "Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №589 "Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2 қарор рақамҳои "280" ва "200" мутобиқан ба рақамҳои "170" ва "170" иваз карда шаванд;

- сархати дуюми банди 3 қарор дар таҳрири зайл ифода шавад:

-"Лимити автомошинаҳои хизматӣ барои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 13 адад муқаррар карда шавад.".

2) Дар Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №589 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар таҳияи сиёсати давлатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат иштирок намуда, вазифаҳоро оид ба таҳияву татбиқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши таҳлил ва таҳияи консепсияҳо, стратегияҳои кӯтоҳмуддат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат, барномаҳо ва дурнамоҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, савдо, рушди иқтисодии минтақаҳо, патентҳо ва ташаккули захираҳои иттилоотӣ, инчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои гузаронидани мониторинг, баҳодиҳии татбиқи стратегияҳои миллии рушд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва барномаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ менамояд."

- дар банди 2 калимаҳои "хадамот, агентиҳои" ба калимаҳои "ташкилоту муассисаҳои" иваз карда шаванд;

- сархатҳои бисту нӯҳум, аз чилу чорум то панҷоҳу дуюми банди 5 ва сархати чоруми банди 6 хориҷ карда шаванд;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 589

(в редакции постановления Правительства РТ от 30.08.2019г.№440)

(в редакции постановления Правительства РТ от 30.08.2019г.№440)

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и во исполнении Указа Президента Республики Таджикистан от 9 марта 2010 года за № 832 "О дальнейшем совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 589 "О Министерстве экономического развития и торговли Республики Таджикистан" следующие изменения и дополнения:

- в пункте 2 постановления цифры "280" и "200" заменить соответственно цифрами "170" и "170";

- абзац второй пункта 3 постановления изложить в следующей редакции:

-"Утвердить лимит служебных автомобилей для Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан в количестве 13 единиц.";

2) Внести в Положение Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года № 589 следующие изменения и дополнения:

- пункт 1 изложить в следующей редакции:

"1. Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан (далее - Министерство) является центральным органом исполнительной власти и участвует в выработке государственной политики всех социально - экономических отраслей страны, осуществляет функции по выработки и реализации государственной политики и нормативно-правового регулирования в сфере анализа и разработки концепций, краткосрочных, среднесрочных и долгосрочных стратегий, программ и прогнозов социально - экономического развития страны, внешнеэкономической деятельности, торговли, экономического развития регионов, патентов и формирования информационных ресурсов, и координации вопросов проведения мониторинга и оценке реализации национальных стратегий развития, снижения бедности и программ государственных инвестиций"

- в пункте 2 заменить слова "служб, агентств" словами "организации и учреждении";

- исключить абзацы двадцать девять и от сорок четвертого до пятьдесят второго пункта 5 а также абзац четвертый пункта 6;

...