Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 589 "Дар бораИ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 26.11.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 178, аз 30.12.2008 № 639, аз 3.05.2010 № 245, аз 13.09.2012 № 490, аз 02.03.2013 № 76, аз 26.11.2020 № 627, аз 01.06.2024 № 323)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2008 № 178, аз 30.12.2008 № 639, аз 3.05.2010 № 245, аз 13.09.2012 № 490, аз 02.03.2013 № 76, аз 26.11.2020 № 627, аз 01.06.2024 № 323)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3,4).

2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 177 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.06.2024 № 323).

3. Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад.

Лимити автомошинаҳои хизматӣ барои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 13 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2010 № 245).

4. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда (ба истиснои мақомоти минтақавӣ) аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шаванд. Маблағгузории мақомоти минтақавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ анҷом дода шавад.

5. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистои дар мӯҳлати ду моҳ:

- низомномаҳои агентиҳои дар нақшаи идоракунии Вазорат нишондодашударо таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Министерстве экономического развития и торговли Республики Таджикистан

(в редкции Постановления Правительства РТ от 1.04.2008г.№178, от 30.12.2008г.№639, от 3.05.2010г.№245,от 13.09.2012г. №490,от 02.03.2013г.№ 76, от 26.11.2020г.№627, от 01.06.2024 №323)

(в редкции Постановления Правительства РТ от 1.04.2008г.№178, от 30.12.2008г.№639, от 3.05.2010г.№245,от 13.09.2012г. №490,от 02.03.2013г.№ 76, от 26.11.2020г.№627, от 01.06.2024 №323)

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнении Указа Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года № 9 "О совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение, Структуру центрального аппарата, Схему управления и Перечень организаций системы Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан (приложения 1,2,3,4).

2. Установить предельную численность работников центрального аппарата Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан в количестве 177 единиц (без обслуживающего персонала) (в редакции пост. Правительства РТ от 01.06.2024 №323).

3. Разрешить Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан иметь 4 заместителей Министра, в том числе одного первого заместителя и коллегию в составе 9 человек.

Утвердить лимит служебных автомобилей для Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан количестве 13 единиц(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.05.2010г.№245).

4. Осуществлять финансирование центрального аппарата и органов включенных в схему управления Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан (за исключением территориальных органов) за счет средств республиканского бюджета. Осуществлять финансирование территориальных органов Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан за счет средств местных бюджетов.

5. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан в двухмесячный срок:

- разработать и предоставить на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан положения агентств, предусмотренных в схеме управления Министерства;

- представить предложения по внесению изменений и дополнений в отраслевые нормативные правовые акты Республики Таджикистан;

- привести свои акты в соответствие с настоящим постановлением.

...