×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005, № 90 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"

Санаи амалкуни: 13.11.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №3, мод. 130; с. 2006, №3, мод. 150; с. 2008, №6, мод. 449, №10, мод. 799; с. 2012, №8, мод. 822; с. 2014, №11, мод. 661; с. 2018, №1, мод. 11; с. 2020, №12, мод. 911)

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 155, аз 18.06.2008 № 391, аз 6.10.2008 № 418, аз 01.08.2012 № 885, аз 27.11.2014 № 1152, аз 2.01.2018 № 1479, аз 17.12.2020 № 1737, 25.06.2021 № 1787, аз 13.11.2023 № 1991, аз 17.12.2025 № 2224)

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 155, аз 18.06.2008 № 391, аз 6.10.2008 № 418, аз 01.08.2012 № 885, аз 27.11.2014 № 1152, аз 2.01.2018 № 1479, аз 17.12.2020 № 1737, 25.06.2021 № 1787, аз 13.11.2023 № 1991, аз 17.12.2025 № 2224)


Қонуни мазкур дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳо, масъулияту вазифаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд ва аъзои оилаи онҳоро муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1479).

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ

1. Вазъи ҳуқуқии (статуси) хизматчиёни ҳарбӣ маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳои кафолатдодаи давлат, ҳамчунин масъулияту вазифаҳои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад, ки Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

2. Хизматчиёни ҳарбӣ дорои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бо маҳдудкунии муайяне мебошанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1479).

Ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи омодагии ҷангӣ барои ҳимояи мусаллаҳона ва ҳимояи мусаллаҳонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, ки он бо зарурати иҷрои бечунучарои ин вазифа дар ҳар шароит, аз ҷумла бо таҳдиди хатар барои ҳаёт вобаста мебошад. Вобаста ба хусусиятҳои махсуси вазифаҳое, ки ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ гузошта шудаанд, ба онҳо имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳо дода мешаванд.

Хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар давраи сафарбарӣ, ҳолатҳои фавқулода ё ҷангӣ, инчунин дар шароити низоъҳои мусаллаҳона ё ҳангоми баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ адо мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, танзим карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 1991).

3. Ба хизматчиёни ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, шаҳрвандӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо дода мешаванд.

Тартиби ба хизматчиёни ҳарбӣ додани хуҷҷатҳои номбурда ва маблағгузории чорабиниҳои вобаста ба додани онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О СТАТУСЕ ВОЕННОСЛУЖАЩИХ

(в редакции Закона РТ от 3.03.2006г.№155, от 18.06.2008г.№391, от 6.10.2008г.№418,от 01.08.2012г.№885, от 02.01.2018г.№1479, от 17.12.2020г.№1737, от 25.06.2021г.№1787, ОТ 13.11.2023 №1991, от 17.12.2025 №2224)

(в редакции Закона РТ от 3.03.2006г.№155, от 18.06.2008г.№391, от 6.10.2008г.№418,от 01.08.2012г.№885, от 02.01.2018г.№1479, от 17.12.2020г.№1737, от 25.06.2021г.№1787, ОТ 13.11.2023 №1991, от 17.12.2025 №2224)

Настоящий Закон в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан определяет права, свободы, обязанности и ответственность военнослужащих, а также основы государственной политики в области правовой и социальной защиты военнослужащих, граждан, уволенных с военной службы и членов их семей.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Статус военнослужащих

1. Статус военнослужащих есть совокупность прав, свобод, гарантированных государством, а также обязанностей и ответственности военнослужащих, установленных настоящим Законом, иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

2. Военнослужащие обладают правами и свободами человека и гражданина, с некоторыми ограничениями, установленными Конституцией Республики Таджикистан, настоящим Законом, законами и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

На военнослужащих возлагаются обязанности по подготовке к вооруженной защите Республики Таджикистан, которые связаны с необходимостью беспрекословного выполнения поставленных задач в любых условиях, в том числе с риском для жизни. В связи с особым характером обязанностей, возложенных на военнослужащих, им предоставляются льготы, гарантии и компенсации.

Особенности статуса военнослужащих, проходящих военную службу в период мобилизации, чрезвычайного или военного положения, а также в условиях вооруженных конфликтов или осуществления миротворческой деятельности за пределами республики, регулируются законодательством Республики Таджикистан, а также международными правовыми актами, признанными Таджикистаном(в редакции Закона РТ от 13.11.2023 №1991).

3. Военнослужащим выдаются документы, удостоверяющие их личность, гражданство и правовое положение.

Порядок выдачи военнослужащим указанных документов и финансирования мероприятий, связанных с их выдачей, устанавливается Правительством Республики Таджикистан.

Военнослужащие имеют право на хранение, ношение, применение оружия в порядке, определяемом законами, иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан. Органы государственной власти Республики Таджикистан, органы местного самоуравления и организации вправе устанавливать в пределах своих полномочий дополнительные льготы, гарантии и компенсации военнослужащим, гражданам Республики Таджикистан (далее - граждане), уволенным с военной службы и членам их семей.

Статья 2. Граждане, имеющие статус военнослужащих
...