ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2005, № 3, м. 130; соли 2006, №3, мод. 150) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Қисми 5 моддаи 9 хориҷ карда шавад.
Қисмҳои 6, 7, 8, 9 ва 10 мутобиқан қисмҳои 5, 6, 7, 8 ва 9 ҳисобида шаванд.
2. Қисмҳои 3 ва 4 моддаи 12 хориҷ карда шаванд.
Қисмҳои 5, 6, 7, 8 ва 9 мутобиқан қисмҳои 3, 4, 5, 6 ва 7 ҳисобида шаванд.
3. Дар қисми 3 моддаи 13 калимаҳои "Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст)" ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
4. Банди охирини қисми 1 моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ба хизматчиёни ҳарбӣ барои харидан ё сохтмони манзил, инчунин беҳтар намудани шароити манзилӣ ба мӯҳлати 20 сол қарзи бефоиз дода мешавад, ки шартҳо ва тартиби додани чунин қарзро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд".
5. Дар моддаи 16:
- дар сархати якуми қисми 2 рақами "120" ба рақами "80" иваз карда шавад;
- дар сархати дуюми қисми 2 рақами "120" ба рақами "80" иваз карда шавад.
-қисми 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Ҳангоми пеш аз мӯҳлат рухсат шудани хизматчиёни ҳарбӣ (шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда) аз хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) вобаста бо ношоям донистани онҳо ба хизмати ҳарбӣ дар натиҷаи маъюбӣ (ярадорӣ, зарбхурӣ, контузия) ҳангоми иҷрои ӯҳдадории хизмати ҳарбӣ пайдонамудаи онҳо кӯмакпулии яквақта ба андозаи зерин ба онҳо пардохта мешавад:
...