Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 № 155 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазьи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЬИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2005, № 3, мод. 130) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми 5 моддаи 9 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"5. Барои шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ бо тартиби ихтиёри дохил мешаванд, мӯҳлати хизмати ҳарбияшон барои таъин намудани нафақа ва пардохти иловапулӣ барои собиқаи хизмат аз ҳисоби ду соли собиқаи умумии меҳнатии онҳо дар вазифаҳои ғайринизоми баробар ба як соли хизмати ҳарбӣ ҳисоб карда мешавад, ба шарте, ки мӯҳлати умумии хизмати ҳарбии онҳо на кам аз 10 соли тақвимиро ташкил диҳад.".

2. Дар моддаи 11:

- дар қисми 1 калимаҳои "пардохтҳои моҳонаю дигар пардохтҳои иловагиро (минбаъд - пардохтҳои иловагӣ)" ба калимаҳои "иловапулиҳо барои собиқаи хизматӣ" иваз карда шаванд;

- қисми 2 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"2. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.";

аз қисми 4 калимаҳои "барои категорияҳои мувофиқи хизматчиёни ҳарбии давлате, ки дар он хизматчиёни ҳарбӣ таҳсил мекунанд" хориҷ карда шавад.

3. Дар моддаи 12:

- қисмҳои 1, 2, 5, 6 хориҷ карда шаванд;

- аз қисми 12 калимаҳои "Инчунин Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) метавонанд дар доираи маблағе, ки ба Вазорати мудофиа (вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи Қонун хизмати ҳарбӣ пешбини гардидааст) иловапулӣ ва пардохтҳо муқаррар намоянд" хориҷ карда шаванд;

- қисмҳои 3, 4, 7, 8, 9, 10, 11, 12 ва 13 мутаносибан қисмҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ҳисобида шаванд.

4. Сархати чоруми қисми 1 моддаи 13 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О статусе военнослужащих"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 марта 2005 года "О статусе военнослужащих" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., № 3, ст. 130) следующие изменения и дополнения:

1. Часть 5 статьи 9 изложить в следующей редакции:

"5. Для граждан, поступивших на военную службу в добровольном порядке, в срок военной службы для назначения пенсии и выплаты надбавки за стаж службы засчитывается период их работы на гражданских должностях из расчета два года общего трудового стажа за один год военной службы при условии, что общая продолжительность их военной службы составляет не менее 10 календарных лет.".

2. В статье 11:

- в части 1 слова "месячных и иных дополнительных выплат (далее дополнительные выплаты)" заменить словами "надбавок за стаж службы";

- часть 2 изложить в следующей редакции:

"2. Размеры и порядок выплаты денежного содержания военнослужащих устанавливаются Президентом Республики Таджикистан.";

-из части 4 слова "для соответствующих категорий военнослужащих государства пребывания" исключить.

3. В статье 12:

- части 1, 2, 5, 6 исключить:

- в части 12 исключить слова "так же Министром обороны Республики Таджикистан (руководителем министерства, ведомства, в котором законом предусмотрена военная служба) в пределах выделенных ассигнований Министерству обороны Республики Таджикистан (министерству и ведомству, в котором законом предусмотрена военная служба) могут устанавливаться надбавки и дополнительные выплаты";

- части 3, 4, 7, 8, 9, 10, 11, 12 и 13 соответственно считать частями 1, 2,3,4,5,6,7,8,9.

4. Абзац четвертый части 1 статьи 13 изложить в следующей редакции:

...