×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2005, № 93 "Дар бораи гарави молу мулки манқул"

Санаи амалкуни: 27.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1576 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №3, мод. 133; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014,349 1117)

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117, аз 27.11.2014 № 1155)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии гарави молу мулки манқулро муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он танзим менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117, аз 27.11.2014 № 1155).

ФАСЛИ I МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- гарав - тарзи таъмини иҷрои ӯҳдадориест, ки вобаста ба он кредитор мутобиқи ӯҳдадории бо гарав таъмингардида (дорандаи гарав) дар ҳолати иҷро нашудани ин ӯҳдадорӣ аз ҷониби қарздор барои арзиши молу мулки ба гарав гузошташудаи шахсе, ки ин молу мулк ба ӯ марбут аст (гаравдеҳ), ҷиҳати қонеъ намудани талаботаш нисбат ба дигар кредиторон ҳуқуқи афзалиятнок дорад, ба ғайр аз ҳолатҳои дар қонун муқаррар кардашуда;

- гаравдеҳ - шахсе, ки дорои ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ ба предмети гарав мебошад. Гаравдеҳ худи қарздори ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ё шахси сеюме шуда метавонад, ки дар ин ӯҳдадорӣ иштирок намекунад;

- гаравгир - шахсе, ки талабҳои ӯ оид ба ӯҳдадории асосӣ бо гарав таъмин шудааст;

- молу мулки гаравӣ - ҳар молу мулки манқуле, ки аз муомилоти шаҳрвандӣ бароварда нашудааст, инчунин ҳуқуқи молумулкии дар моддаи 4 ҳамин Қонун нишондодашудае, ки барои гарав пешниҳод мегардад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

- молу мулки манқул- ашёе, ки ба молу мулки ғайриманқул мансуб нест, аз он ҷумла пул ва коғазҳои қиматнок; даромад аз предмети гарав - молу мулке, ки дар натиҷаи бастани аҳ бо предмети гарав ё аҳд бо даромади предмети гарав ба даст оварда шудааст (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155));

- хабарномаи гаравӣ - ҳуҷҷате, ки дар шакли қоғазӣ ё электронӣ ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод карда мешавад ва маълумоти асосиро оид ба гарав ҷиҳати дохил кардани он ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ дар бар гирифта, дастраси умум мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117);

- мақомоти бақайдгиранда - мақомоти адлия, ки мувофиқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд ва вазифаи онҳо бақайдгирӣ, таъмини мутобиқати иттилоотии тамоми феҳрастҳои аҳдҳои дорои таъмини гаравӣ ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

- феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ (минбаъд-Феҳрасти ягонаи давлатӣ)- манбаи иттилоотии маълумоти ӯҳдадориҳои гаравӣ, ки дар мақомоти дахлдори адлия оид ба бақайдгирии шартномаҳои гарав таъсис дода ва пеш бурда мешавад; гарави бақайдгирифташуда - гараве, ки аз расмиёти бақайдгирӣ мувофиқи боби 2 ҳамин Қонун гузаштааст;

- идоракунандаи гарав - шахсе, ки гаравгир барои истифода ва идораи амволи гаравӣ аз номи ӯ ва ҳалли ҳар масъалаи бо ин алоқаманд таъин кардааст;

- қарзи дебиторӣ - маблағи қарзҳои ба шахс тааллуқдоштае, ки дар натиҷаи муносибатҳои хоҷагидорӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба вуҷуд омадааст (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117);

- молҳои омехта - молҳои тақсимнашавандае, ки бо дигар молҳо омехта шуда, аломатҳои мушаххаси ҷисмии худро дар маҳсулоти тайёр гум мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117);

- молҳои пайвастшуда - молҳои тақсимшавандае, ки бо дигар молҳо пайваст шуда, аломатҳои мушаххаси ҷисмии худро дар маҳсулоти тайёр гум намекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гарави молу мулки манқул

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гарави молу мулки манқул ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 3. Субъектҳо ва заминаи ба вуҷуд омадани гарави молу мулки манқул

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Субъектҳои муносибатҳои гаравӣ гаравдеҳон ва гаравгирон мебошанд, ки онҳо давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда метавонанд бастани аҳд гаравдеҳон ва гаравгирон.

2. Ташкилотҳои қарзӣ амалиётҳои ба гарав алоқамандро мутобиқи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳо ба амал мебароранд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

3. Гарав дар асоси қонун ё шартномае (шартномаи гараве) ба вуҷуд меояд, ки байни гаравдеҳ ва гаравгир мувофиқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун баста шудааст. Ин гуна шартнома ё шартномаи ҷудогона, ё қисми шартномае шуда метавонад, ки боиси ба вуҷуд омадани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда мегардад.

4. ӯҳдадориҳои гаравӣ ҳангоми дар як вақт мавҷуд будани шартҳои зерин пайдо мешаванд:

1) шартномаи гарав;

2) бо предмети гарав ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ доштани гаравдеҳ;

3) дигар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Моддаи 4. Предмети гарави молу мулки манқул

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Предмети гарав молу мулки манқуле шуда метавонад, ки ба ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ тааллуқ дорад ва аз муомилоти гражданӣ бароварда нашудааст ё ҳуқуқе шуда метавонад, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ихтиёрдорӣ соқит карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Ҳуқуқи молумулкии ба гаравдеҳ тааллуқдошта, ки онро аз ихтиёрдорӣ соқит кардан мумкин аст, аз он ҷумла ҳуқуқи иҷора, ҳуқуқ ба ҳиссаи моликияти умумии якҷоя, талабҳои қарзӣ, ҳуқуқи гирифтани фоида аз ашёе, ки ба гаравдеҳ аз рӯи ҳуқуқи моликият тааллуқ надорад, ҳуқуқи ашёии вобаста ба фаъолияти зеҳнӣ ва фаъолиятҳои ба он баробаркардашуда, ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок дар шакли қайд ва дигар ҳуқуқҳое (талаботе), ки аз ӯҳдадориҳои шартномавӣ бармеоянд, предмети гарав шуда метавонанд. Ҳуқуқи мӯҳлати амалаш муайян танҳо то вақти адои мӯҳлати амалаш предмети гарав шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

3. Предмети гарав инчунин ашё ё ҳуқуқе, ки дар оянда ба вуҷуд омада метавонанд, аз он ҷумла захираҳои минбаъдаи маҳсулоти тавлидшудаи гаравдеҳ ё қарзи дебиторӣ бе ҳеҷ як маҳдудкуниҳо шуда метавонанд. Гарав нисбати молу мулке, ки дар оянда ба моликияти (ё соҳибии) гаравдеҳ мегузарад, аз лаҳзаи аз ҷониби гаравдеҳ ба даст овардани ҳуқуқ ба чунин молу мулк ба вуҷуд меояд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117, аз 27.11.2014 № 1155).

4. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, ашёи асосие, ки предмети гарав аст, чун ашёи воҳиди томи якҷоя бо лавозимоташ гарав гузошташуда ҳисобида мешавад. Қисми молу мулке, ки тақсими он дар шакли асл бе тағйири таъиноташ имконнопазир аст (ашёи тақсимнашаванда), предмети мустақили гарав шуда наметавонанд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

5. Ашёи аз муомилот баровардашуда, талабҳои ба шахсияти қарздор бевосита алоқаманд, аз ҷумла талабҳо дар бораи алиментҳо, ҷуброни зараре, ки ба ҳаёт ё саломатӣ ва дигар ҳуқуқҳо расонда шудааст ва ба каси дигар гузашт намудани онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст, предмети гарав шуда наметавонад.

6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад феҳрасти объектҳоеро қабул намояд, ки онҳо аз сабаби қимати таърихӣ, фарҳангӣ ё аҳамияти амнияти давлатӣ доштанашон предмети гарав шуда наметавонанд.

Моддаи 5. Ҳуқуқи ба гарав мондани молу мулк ва ҳуқуқ

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Ҳуқуқи ба гарав мондани молу мулк ба молик ё соҳиби дигари ҳуқуқи ашёӣ ё ба шахсе, ки ин молу мулк дар оянда ба моликияти (ё ихтиёрдории) ӯ дохил хоҳад шуд, ба ғайр аз истисноҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тааллуқ дорад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Дар сурати ба гарав мондани ҳуқуқ гаравдеҳ метавонад танҳо шахсе бошад, ки ба ӯ ҳуқуқи ба гарави гузошташуда ба истиснои ҳолатҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад ё тааллуқ хоҳад дошт.

Шахси дорои ҳуқуқи истифода ҳақ дорад ҳуқуқи истифодааш, аз он ҷумла ҳуқуқи иҷораро низ, ки танҳо бо розигии иҷорадиҳанда предмети гарав шуда метавонад, ба гарав гузорад, ба шарте, ки қонун ва ё шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

3. Молу мулке, ки ба гаравдеҳ бо ҳуқуқи хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ тааллуқ дорад, бо розигии молики он предмети гарав шуда метавонад, агар аз ихтиёрдорӣ соқит кардани он мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии моликро тақозо намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

4. Молу мулкеро, ки аз муомилоти гражданӣ хориҷ ё дар муомилот маҳдуд карда шудааст ё молу мулкеро, ки мувофиқи қонун аз он ситондани пардохтҳо мумкин нест, ба гарав мондан раво намебошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

5. Молу мулке, ки дар моликияти умумии якҷоя мебошад, танҳо бо розигии хаттии ҳамаи моликон ё мақоми идоракунандае, ки моликон барои идора кардани молу мулк интихоб кардаанд, ба гарав дода шуда метавонад. Дар сурати баъди ба гарав додани молу мулк пайдо гардидани дигар моликон розигии онҳо талаб карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

6. Иштирокчии моликияти умумии якҷоя ҳақ дорад ҳиссаи дар молу мулки умумӣ доштаи худро бе розигии дигар моликон ба гарав монад, агар ҳиссаи ҳар яке аз моликон дар ҳуқуқи моликияти умумӣ муайян карда шуда бошад. Дар сурати бо талаби гаравгир аз ҳисоби ин ҳисса ситондани пардохтҳо ҳангоми фурӯши он қоидаҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи бартариятноки хариди ҳисса дар моликияти умумӣ ва дар бораи аз ҳисоби ҳиссаи амволи умумӣ ситондани пардохтҳо татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 6. ӯҳдадориҳо ва талабҳое, ки гарави молу мулки манқул таъмин менамояд

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Дар таъмини ӯҳдадориҳои пулӣ ё дар шакли пулӣ ифодаёфта, аз он ҷумла ӯҳдадорие, ки ба хариду фурӯш, иҷора, пудрат ва дигар шартномаҳои иҷрои мӯҳлатноки ӯҳдадориҳо асос ёфтааст, гарав муқаррар карда шуда метавонад, агар қонун ё шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гарав арзиши ӯҳдадориҳои гаравгирро ҳангоми аз ҳисоби гарави муайян рӯёнидани пардохтҳо, аз он ҷумла қисми пардохтнашудаи маблағи асосии қарз, фоизҳо, ноустуворона, хароҷоти асоснок, ки барои нигоҳ доштани арзиши молу мулки гаравӣ, адои товони зиёнҳое, ки дар натиҷаи гузаронидани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадорӣ расонда шудаанд, инчунин хароҷоти аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳоро таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Иҷрои як ё якчанд ӯҳдадориҳои мавҷуда ё минбаъдаро бо гарав таъмин кардан мумкин аст. Маблағи ӯҳдадориҳо бо пули миллӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо асъори хориҷӣ ифода ёфта метавонад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

3. Дар сурати иҷро карда шудани як ӯҳдадорӣ гарав метавонад бе бардоштани манъкуниҳо ӯҳдадориҳои минбаъдаро таъмин намояд, агар шартнома ба худи ҳамон тарафҳо дахл дошта бошад ва инро шартномаи гарав пешбинӣ карда бошад.

4. Гаравдеҳ ҳақ дорад аз гаравгир мутаносиб ба иҷрои ӯҳдадории иҷрокардашуда, ки набояд аз панҷоҳ фоиз камтар бошад, кам кардани предмети гаравро талаб кунад.

Моддаи 7. Шакл ва мундариҷаи шартномаи гарави молу мулки манқул

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Шартномаи гарав бояд дар шакли хаттӣ бо роҳи таҳияи ҳуҷҷате, ки тарафҳо имзо кардаанд, баста шавад.

2. Агар гарав ӯҳдадориҳои шартномаеро, ки бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шавад, таъмин намояд, инчунин дар мавридҳои пешбиникардаи созишномаи тарафҳо, шартномаи гарав бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шавад.

3.Дар сурати ба шартномаи қарз ё дигар шартномае, ки таъмини ӯҳдадории гаравӣ дорад, дохил кардани шартномаи гарав нисбат ба шакли ин шартнома бояд талабҳои барои шартномаи гарав муқарраршуда риоя карда шаванд.

4. Риоя накардани қоидаҳои шартномаи гарав, ки дар қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда муқаррар карда шудаанд, боиси беэътибории шартномаи гарав мегардад. Ин гуна шартнома беэътибор ҳисоб карда мешавад.

5. Шартномаи гарав бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

1) ном (ному насаб) ва ҷои воқеияти (ҷои сукунати) тарафҳо;

2) ӯҳдадории асосии бо гарав таъминшуда;

3) тавсифи инфиродӣ ё умумии предмети гарав (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117);

4) маълумот дар бораи мавҷуд будан ё набудани шартномаҳои пешинаи гарав оид ба предмети гарав;

5) намуди гарав;

6) андоза ва мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳое, ки гарав таъмин мекунад;

7) тавсифи инфиродӣ ё умумии ӯҳдадорӣ (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117);

8) ҳадди ниҳоӣ ё ҳадди дигари муайяншудаи маблағи бо гарав таъминшуда (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Тарафҳо метавонанд дар шартномаи гарав дигар шартҳоро пешбинӣ намоянд.

6. Арзиши предмети гарав аз рӯи созишномаи гаравдеҳ ва гаравгир муайян карда мешавад. Он дар шартнома бо пул ифода карда мешавад.

Ҳангоми ба гарав мондани моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ) арзёбии он мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Тарафҳои шартномаи гарав арзёбии предмети гаравро ба нархмони мустақил супурда метавонанд.

7. Тавсифи предмети гарав инфиродӣ ё умумӣ шуда метавонад то ба дараҷае, ки дар лаҳзаи ба миён омадани масъалаи вобаста ба воқеият, бо навбат ё маҷбуран амалишавии гарав, имконияти муайянкунии предмети гаравро диҳад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

8. Дар мавридҳое, ки ӯҳдадории гаравӣ ба ягон шартнома асос ёфтааст, тарафҳои ин шартнома ва санаи баста шудани он бояд нишон дода шаванд.

9. Дар мавриде, ки агар маблағи ӯҳдадории бо гарав таъминшаванда дар оянда муайян карда шавад, дар шартнома тартиб ва дигар шартҳои зарурии муайянкунии он бояд нишон дода шаванд.

10. Дар мавриде, ки агар предмети гарав ҳуқуқи ба гаравдеҳ тааллуқдоштаи иҷора бошад, дар шартномаи гарав молу мулки ба иҷора гирифташуда ва мӯҳлати иҷораи он бояд нишон дода шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

11. Созишномаи даст кашидани гаравдеҳ аз ҳуқуқи худ ё маҳдуд кардани он ё созишномаи пеш аз ҳолати иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳо, предмети гаравиро гирифтани гаравгир эътибор надорад.

Моддаи 8. Гарави минбаъдаи молу мулки гаравӣ (гаравмонии дубора)

Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Молу мулке, ки мувофиқи шартномаи гарав барои таъмини иҷрои як ӯҳдадорӣ (гарави пешина) гарав монда шудааст, барои таъмини иҷрои дигар ӯҳдадорӣ (гарави баъдина) ба гарав монда шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Гарави минбаъда мумкин аст, агар онро шартномаҳои пешинаи гаравмонии худи ҳамон молу мулк, ки амали онҳо ҳангоми бастани шартномаи минбаъдаи гарав қатъ нагардидааст, манъ накарда бошанд. Агар шартномаи пешинаи гарав шартҳоеро пешбинӣ намояд, ки дар асоси онҳо шартномаи минбаъдаи гарав баста шуда метавонад, шартномаи баъдина бояд бо риояи ин шартҳо баста шавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

3. Гаравдеҳ ӯҳдадор аст ба ҳар як гаравгири минбаъда дар бораи тамоми гаравҳои мавҷудаи молу мулки муайян, инчунин хусусият ва андозаи ӯҳдадориҳои таъминкардаи ин гарав хаттӣ хабар диҳад ва ӯ барои додани товони зарарҳое, ки дар натиҷаи иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ ба гаравгирҳо расонда шудаанд, ҷавобгар мебошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 9. Муайян кардани навбати гаравгирҳо

1. Навбати гаравгирҳо ба худи ҳамон як предмети гарав бо санаи бақайдгирии гарав дар мақомоти адлия (гарави ба қайд гирифташуда) ва дар сурати набудани чунин бақайдгирӣ бо санаи баста шудани шартномаи гарав муқаррар карда мешавад.

2. Ҳангоми мавҷуд будани якчанд гаравгир ба худи ҳамон як предмети гарав дар навбатнокӣ ба гарави ба қайд гирифташуда бартарӣ дода мешавад. Дар сурати мавҷуд будани якчанд гарави ба қайд гирифташуда бартарият аз рӯи санаи бақайдгирии гарав ё рақами бақайдгирӣ, ки мақоми бақайдгиранда додааст, муайян карда мешавад.

3. Дар сурати мавҷуд будани якчанд гаравгир ба худи ҳамон як предмети гарави дорои гарави ба қайд гирифташуда ва ба қайд гирифтанашуда бартарӣ дар навбат ба гарави ба қайд гирифташуда дода мешавад ва баъди онҳо навбатнокии гаравҳои ба қайд гирифтанашуда бо санаи баста шудани шартномаи гарав муайян карда мешавад.

4. Агар гарав пеш аз моли омехта ҳисобида шудани предмети гарав ба қайд гирифта шуда бошад, он ба маҳсулоти тайёр татбиқ мегардад. Навбати гарав нисбат ба маҳсулоти тайёр аз лаҳзаи бақайдгирии гарави молҳои омехта, ба истиснои маҳдудиятҳое, ки дар банди 3) ҳамин қисм пешбинӣ гардидаанд, муайян карда мешавад. Дар сурати ба маҳсулоти тайёр татбиқ гардидани зиёда аз як гарав, навбат тибқи қоидаҳои зайл муайян карда мешавад:

1) навбати гарави бақайдгирифташуда нисбат ба гарави бақайдгирифтанашуда дар лаҳзае, ки предмети гарав моли омехта мешавад, афзалият дорад;

2) навбати гарави бақайдгирифтанашуда аз рӯи санаи шартномаҳои гарави дахлдор муайян карда мешавад;

3) навбати гаравҳои бақайдгирифташуда бо назардошти таносуби арзиши предмети гарав аз лаҳзае, ки он дар маҳсулоти тайёр омехта шудааст, ҳуқуқи баробари талабкуниро пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

5. Эътибори гарав нисбат ба предмети гарави молу мулки ғайриманқули пайвастшуда боқӣ мемонад. Агар гарав то лаҳзаи пайвастшавии предмети гарав ба қайд гирифта шуда бошад, бақайдгирии гарав баъд аз пайвастшавӣ амал мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117, аз 27.11.2014 № 1155).

6. Дар сурати мавҷуд будани якчанд гаравгир ба худи ҳамон як предмети гарави дорои гарави ба қайд гирифтанашуда бартарӣ дар навбат бо санаи баста шудани шартномаи гарав муайян карда мешавад.

7. Гаравгире, ки мувофиқи ҳамин модда дар навбат аз бартарӣ бархурдор аст, гаравгири пешин дониста мешавад. Дигар гаравгирҳо гаравгирандагони минбаъда мебошанд.

8. Муқаррароти ҳамин модда дар мавридҳои пешбиникардаи моддаи 10 ҳамин Қонун татбиқ карда намешавад.

Моддаи 10. Талабҳои махсуси дигар қарздиҳандагон

Қарздиҳандае, ки ба қарздор барои хариди молу мулк бо гарави худи ҳамин молу мулк қарзи мақсаднок додааст, ҳуқуқи махсуси (ғайринавбатии) аз ҳисоби ин амвол қонеъ намудани талабҳои худро дорад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 11. Талабҳои кормандон

1. Талабҳои коркунони гаравдеҳ дар бораи пардохти маош дар ҳудуди маблағи маоши семоҳаи воқеан пардохтнашуда дар навбати қонеъ намудани талабҳо аз ҳисоби молу мулки гаравӣ бартарӣ дорад, ба истиснои мавридҳои пешбиникардаи қисми 2 ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Муқаррароти қисми 1 ҳамин модда дар мавридҳои пешбиникардаи моддаи 10 ҳамин Қонун татбиқ карда намешавад.

Моддаи 12. Ба гарав мондани молу мулки манқули ба амволи ғайриманқул пайвастшуда

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117), аз 27.11.2014 № 1155)

1. Агар предмети гарав ба молу мулки ғайриманқул пайваст карда шуда бошад, гарави ин молу мулк танҳо дар сурате эътибори худро нигоҳ медорад, ки агар ҷудо кардани он бе расондани зарари ҷиддӣ ба амволи ғайриманқул мумкин бошад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117, аз 27.11.2014 № 1155).

2. Агар предмети гарав ба молу мулки ғайриманқул пайваст карда шуда бошад ва ҷудо кардани он бе расондани зарари ҷиддӣ ба молу мулки ғайриманқул мумкин набошад, гаравгир ҳақ дорад пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадорӣ ё иваз намудани предмети гаравро талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117, аз 27.11.2014 № 1155).

3. Ҳангоми ба дигар молу мулки манқул пайваст кардани предмети гарав муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117, аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 13. Нигаҳдорӣ ва таъмири молу мулки гаравӣ

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравдеҳ ӯҳдадор аст молу мулки гаравиро дар ҳолати бенуқсон нигоҳ дорад ва хароҷоти нигаҳдорӣ ва таъмири (ҷорӣ ва асосӣ) ин молу мулкро то вақти қатъи гарав диҳад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Гаравгир ҳуқуқ дорад мавҷудият, ҳолат ва шароити нигоҳдошти молу мулки бо шартнома ба гарав мондашударо тафтиш кунад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 14. Суғурта

1. Агар шартномаи гарав ба зиммаи гаравдеҳ вазифаи суғуртаи молу мулки гаравиро гузошта бошад, гарав ба ҳама гуна ҳуқуқи гаравдеҳ марбут ба полиси суғуртавии муайян дахл дорад ва гаравгир бартарии ҳуқуқӣ дорад, ки талаби таъминшудаи худро аз ҳар гуна маблағи минбаъдаи подоши суғуртавӣ бевосита аз ҳисоби суғуртакунанда ва бе розигии гаравдеҳ қонеъ намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Гаравгир аз ҳуқуқи қонеъ намудани талаби худ аз подоши суғуртавӣ маҳрум мегардад, агар молу мулк бо гуноҳи ӯ гум ё нуқсондор шавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 15. Даромадҳои предмети гарави молу мулки манқул

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Даромадҳое, ки гаравгир аз иҷрои аҳдҳо бо молу мулки гаравӣ (мубодила, хариду фурӯш ва ғайра) ба даст меоварад, предмети гарав мешаванд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Мадохилоте, ки дар натиҷаи истифодаи молу мулки гаравӣ (самара, маҳсулот, даромадҳо) ба даст оварда шудааст, предмети гарав мегарданд, агар инро шартномаи гарав пешбинӣ карда бошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 16. Ҳуқуқи шахсони сеюм ба предмети гарави молу мулки манқул

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Гаравдеҳ ба молу мулки гаравӣ бо роҳи фурӯхтан, тӯҳфа кардан, мубодила намудан, онро ба сифати саҳм ба амволи ширкат ва ё ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ё ба сифати пардохти саҳмҳои аъзои ба молу мулки кооператив гузоштан ё бо тарзи дигар ихтиёрдорӣ карда метавонад, вале танҳо бо розигии хаттии гаравгир, агар қонун, шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, ё аз худи моҳияти гарав барнаояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Гаравдеҳ ҳуқуқ дорад молу мулки гаравиро мерос гузорад. Шартҳои шартномаи гарав ё дигар созишномаҳое, ки ин ҳуқуқи гаравдеҳро маҳдуд мекунанд, эътибор надоранд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Шахсе, ки молу мулки мувофиқи шартномаи гарав ба гаравмондашударо ба таври вориси ҳуқуқӣ, аз он ҷумла дар натиҷаи аз нав ташкилкунии шахси ҳуқуқӣ ё ба таври мерос ба даст овардааст, ба ҷои гаравдеҳ мегузарад ва тамоми ӯҳдадориҳои шартномаи гарав, аз он ҷумла он ӯҳдадориҳоеро, ки аз тарафи гаравгири аввала ба таври матлуб иҷро карда нашуда буданд, ба зимма мегирад, ба шарте ки шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Агар молу мулки мувофиқи шартнома гаравмондашуда ба якчанд шахс гузарад, ҳар яке аз ворисони ҳуқуқии гаравдеҳи аввала барои оқибатҳое, ки аз муносибатҳои гаравии иҷро накардани ӯҳдадориҳои бо гарав таъминшуда бармеоянд, ба андозаи қисми амволи ба гаравмондаи ба ӯ гузашта ҷавобгар мебошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Агар предмети гарав тақсимнашаванда бошад ё бо дигар асосҳо ба моликияти умумии ворисони ҳуқуқии гаравдеҳ дохил гардад, ворисони ҳуқуқӣ қарздорони муштарак мешаванд.

Гарави молу мулк новобаста ба он ки ҳангоми ба шахсони дигар гузаштани ин амвол қоидаҳои барои ин гуна гузариш муқарраршуда вайрон карда шуда буданд ё не, эътибори худро нигоҳ медорад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Шахс молу мулки гаравии аз гарав озодро дар мавридҳои зерин гирифта метавонад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155):

1) агар шартномаи гарав ё иловаи ба он хаттӣ воридкардашуда мустақиман иҷозат диҳад, ки ба молу мулки аз гарав озод ё ба нафъи шахси сеюми муайян ихтиёрдорӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

2) агар молу мулки гаравмондашуда аз молҳои муомилотӣ иборат бошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

3) агар фаъолияти гаравдеҳ савдои чакана бошад, шахси сеюме, ки ин гуна молу мулкро дар натиҷаи аҳди оддии чакана мехарад, онро аз гарав озод харидорӣ мекунад, ба истиснои мавридҳое, ки то вақти фурӯш харидор хаттӣ огоҳ карда шуда бошад, ки гаравгир ҳақ дорад ба моли муайян ҳуқуқи гаравии худро татбиқ намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

3. Ҳангоми бо вайрон кардани қоидаҳои қисми 1 ҳамин модда аз ихтиёрдорӣ соқит кардани молу мулке, ки мувофиқи шартномаи гарав ба гарав монда шудааст, гаравгир ҳақ дорад бо салоҳдиди худ талаб намояд ки (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155):

1) аҳди аз ихтиёрдорӣ соқит кардани молу мулки гаравӣ мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

2) ӯҳдадории бо гарав таъминшуда пеш аз мӯҳлат иҷро карда, пардохтҳо аз ҳисоби молу мулки гаравмондашуда, новобаста ба кӣ тааллуқ дорад, рӯёнида шаванд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

4. Агар исбот карда шуда бошад, ки харидори молу мулки мувофиқи шартномаи гарав ба гарав мондашуда дар вақти харид кардани он медонист ё бояд медонист, ки молу мулки бо вайрон кардани қоидаҳои қисми 1 ҳамин модда аз ихтиёрдорӣ соқит карда мешавад, ин гуна харидор барои иҷро накардани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда дар ҳудуди арзиши амволи мазкур барои ин ӯҳдадорӣ ҷавобгарии муштарак дорад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Агар молу мулки гаравӣ бо вайрон кардани қоидаҳои қисми 1 ҳамин модда аз тарафи гаравдеҳ аз ихтиёрдорӣ дур карда шуда бошад, ки аз рӯи ӯҳдадории бо гарав таъминшуда қарздор нест, бо ин қарздор ҳам харидори молу мулк ва ҳам гаравдиҳандаи собиқ ҷавобгарии муштарак доранд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 17. Таҳмили ҳуқуқи дигар шахсон ба молу мукли гаравӣ

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155

1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравдеҳ ҳақ дорад бе розигии гаравгир ӯро огоҳ намуда, молу мулки гаравмондашударо ба иҷора диҳад, онро ба истифодаи муваққатии ройгон диҳад ва аз рӯи созишнома бо дигар шахс ба ӯ ҳуқуқи истифодаи маҳдудро аз ин молу мулк (сервитут) бо шартҳои зерин пешкаш намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155):

1) мӯҳлате, ки дар тӯли он молу мкл ба истифода дода мешавад, аз мӯҳлати ӯҳдадории бо гарав таъминшуда зиёд набошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

2) амвол ба истифода барои мақсадҳое пешкаш мегардад, ки ба таъиноти молу мулк мувофиқ аст (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Дар сурати аз тарафи гаравгир дар асосҳои пешбиникардаи қонун ё шартномаи гарав аз ҳисоби молу мулки гаравӣ рӯёнидани пардохтҳо тамоми ҳуқуқи иҷора ва дигар ҳуқуқи истифодаи ин молу мукл, ки гаравдеҳ ба шахсони сеюми гаравгир баъди бастани шартномаи гарав додааст, дар давраҳои зерин қатъ мегардад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155):

1) аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби амвол;

2) баъди гузаштани 15 рӯз аз вақти фиристодани огоҳинома дар асоси шартҳои қонеъгардонии талабҳои гаравдеҳ бо тартиби ғайрисудӣ, ки дар шартномаи гарав ё созишномаи қонеъгардонии талабҳои гаравдеҳ бо тартиби ғайрисудӣ, ки ҳамзамон бо шартномаи гарав баста шудааст, ё дар созишномаҳои минбаъдаи гаравдеҳ бо гаравгир пешбинӣ гардидаанд.

3. Амволи ба гарав мондашуда аз тарафи гаравдеҳ ба истифодаи шахси сеюм ба мӯҳлати зиёда аз ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ё барои мақсадҳои ба таъиноти молу мулк номувофиқ танҳо бо розигии хаттии гаравгир ва ба таври дахлдор огоҳонидани ин шахсон дода шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

4. Аз тарафи гаравдиҳанда ба истифодаи дигар шахс додани молу мулки гаравмондашуда гаравдеҳро аз иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаи гарав озод намекунад, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 18. Оқибатҳои аз тарафи давлат маҷбуран гирифтани молу мулки гаравӣ

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Агар ҳуқуқи моликияти гаравдеҳ ба молу мукли манқул, ки предмети гарав мебошад, дар асос ва бо тартиби муқарраркардаи қонун, дар натиҷаи мусодира (харида гирифтан) барои эҳтиёҷоти давлат ё ҷамъият, реквизитсия ё милликунонӣ қатъ гардад, ба гаравдеҳ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар молу мулк ё подоши дахлдор дода мешавад. Гарав ба молу мулке, ки ба ивази молу мулки гирифташуда дода шудааст, дахлдор аст ё гаравгир ҳуқуқи бартариноки аз ҳисоби маблағи подоши ба гаравдиҳанда тааллуқдошта қонеъкунии талаботи худро пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Гаравгире, ки манфиатҳои ӯро ҳуқуқи дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда пурра ҳифз карда наметавонад, ҳақ дорад пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ва аз ҳисоби амволе, ки ба ивази молу мулки мусодирашуда дода шудааст, адо кардани пардохтҳоро талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

3. Дар мавридҳое, ки давлат молу мулки предмети гаравро аз гаравдеҳ ба намуди санксия барои содир кардани ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкунӣ мегирад (мусодира мекунад), гарав эътиборашро нигоҳ медорад ва гаравгир ҳақ дорад пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ё иваз намудани предмети гаравро талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 19. Оқибатҳои талаб кардани (виндакатсияи) молу мулки гаравӣ

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

Дар мавридҳое, ки молу мулки предмети гарав аз гаравдеҳ бо тартиби муқарраркардаи қонун дар он асос мусодира карда мешавад, ки молики ҳақиқии ин амвол шахси дигар (виндикатсия) мебошад, гарав дар хусуси ин молу мулк қатъ мегардад. Гаравгир баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори дахлдори суд ҳақ дорад иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ё иваз кардани предмети гаравро талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 20. Гузашт кардани ҳуқуқ (талаб) ва гузаронидани қарз аз рӯи шартномаи гарави молу мулки манқул

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Гаравгир ҳуқуқ дорад ҳуқуқи худро аз рӯи шартномаи гарав ба каси дигар диҳад, агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

2. Шахсе, ки ба ӯ аз рӯи шартномаи гарав ҳуқуқ дода шудааст, мувофиқи ин шартнома ба ҷои гаравгири собиқ мегузарад. Гузашти ҳуқуқ аз рӯи шартномаи гарав бояд мувофиқи қоидаҳои муқарраркардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад.

3. Аз тарафи гаравгир аз рӯи шартномаи гарав ба дигар кас гузашт кардани ҳуқуқ дар сурате эътибор дорад, ки агар ба худи ҳамон кас ҳуқуқи оид ба ӯҳдадории бо гарав таъминшуда пешниҳод кардани талаб гузашт карда шуда бошад.

Агар амали дигаре исбот нашуда бошад, гузашти ҳуқуқ аз рӯи шартномаи гарав маънои гузашти ҳуқуқ оид ба ӯҳдадории бо гарав таъминшударо низ дорад.

4. Қарздор ҳақ дорад бо розигии гаравгир (қарздиҳанда) қарзи худро ба зиммаи каси дигар гузаронад. Интиқоли қарз мувофиқи қоидаҳои муқарраркардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

БОБИ 2. БАҚАЙДГИРИИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

Моддаи 21. Ваколати мақомоти адлия оид ба бақайдгирии гарави молу мулки манқул

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқулро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ба ҷо меоваранд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

2. Бақайдгирии гаравҳоро, ки ба сифати онҳо воситаҳои қарзӣ пул, қоғазҳои қиматноки корпоративӣ амал мекунанд, мақомоти ваколатдори (регистрҳои) қоғазҳои қиматнок ба амал мебароранд.

Моддаи 22. Бақайдгирии гарави молу мулки манқул

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Бақайдгирии гарав ихтиёрӣ мебошад ва ба мақсадҳои ба гаравгир назар ба дигар гаравгирҳо, ки гарави ба қайд гирифташудаи пешина надоранд, инчунин нисбат ба шахсони сеюм додани ҳуқуқи бартариноки таъмини талабҳои худ ба амал бароварда мешавад.

2. Гаравгир ё гаравдеҳ барои бақайдгирӣ ба мақоми бақайдгиранда хабарномаи гаравӣ пешниҳод менамояд. Хабарномаи гаравӣ инчунин метавонад аз ҷониби шахсон ё мақомоти зерин пешниҳод гардад:

- гаравгир дар асоси қонунӣ;

- суд ё мудире, ки онро суд таъин намудааст, нисбат ба амволи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии муфлисшуда;

- мақоми ваколатдор оид ба иҷрои қарорҳои судӣ тибқи қарори суд дар бораи рӯёнидани молу мулки манқули қарздор (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

- мақоми ваколатдор нисбат ба молу мулки шахсе, ки аз иҷрои ӯҳдадории пардохти андоз ё пардохтҳои иҷтимоӣ саркашӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117, аз 27.11.2014 № 1155).

3. Мақоми бақайдгиранда воситаҳои электрониро барои дохил намудани маълумот оид ба хабарномаҳои гаравӣ, инчунин бо мақсади ҷустуҷӯи онҳо таъмин мекунад. Махзани маълумоти Феҳрасти ягонаи давлатӣ дорои маълумоти расмӣ мебошад. Хабарномаи гаравӣ аз лаҳзаи қайди воридшавии он ба мақоми бақайдгиранда пешниҳодшуда ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

4. Лаҳзаи бақайдгирии гарав аз хабарномаи гаравӣ ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ ворид намудани маълумот ва додани рақами бақайдгирӣ мебошад. Дар Феҳрасти ягонаи давлатӣ ба қайд гирифтани гарав бо додани иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ, ки дар давоми се рӯзи бақайдгирӣ дода мешавад, тасдиқ мегардад.

5. Мақоми бақайдгиранда барои мазмун ва дурустии хабарномаи гаравӣ ҷавобгар намебошад.

6. Барои бақайдгирии гарав ва додани иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ боҷи давлатӣ гирифта мешавад, ки онро қонун муайян мекунад.

7. Тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Моддаи 22(1) Мӯҳлати амали бақайдгирии гарав

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117)

1. Мӯҳлати амали бақайдгирии гарав аз лаҳзаи бақайдгирӣ то 5 солро ташкил медиҳад. Мӯҳлати мазкур метавонад тамдид карда шавад, агар шартномаи гарав ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

2. Бо гузаштани мӯҳлати бақайдгирии гарав молу мулки гарав аз маҳдудият озод мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155):

- гарав такроран ба қайд гирифта шуда бошад;

- гарав дар соҳибияти гаравгир қарор дошта (гарави додашуда), нисбат ба он бо тартиби муқарраршуда рӯёнидан нигаронида шавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Моддаи 23. Мазмуни хабарномаи гаравӣ

1. Хабарномаи гаравӣ, ки ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод мегардад, бояд маълумоти зеринро дошта бошад:

1) ном, нишонии гаравдеҳ ва қарздори ӯҳдадории бо гарав таъминшуда, агар ӯ гаравдеҳ набошад, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоб, рақами шиноснома (барои шахсони воқеӣ);

2) ном, нишонии гаравгир ё идоракунандаи гарав, агар ин гуна шахс таъин карда шуда бошад, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоб, рақами шиноснома (барои шахсони воқеӣ);

3) инфиродӣ ё умумии предмети гарав, ки барои ҳаммонандсозии он имконият медиҳад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117);

4) хабарномаи мухтасар, агар барои гарави дубора ягон маҳдудият мавҷуд бошад;

5) имзои гаравдеҳ ё гаравгир ё қарздори ӯҳдадории бо гарав таъминшуда, агар он гаравдеҳ набошад, ё шахсони аз тарафи ӯ ваколатдоркардашуда;

6) сана ва мазмуни шартномаи гарав.

2. Хабарномаи гаравии ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯ дар мавриде эътибор дорад, агар он дидаву дониста бардурӯғ тартиб дода нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

3. Дигар талабҳоро ба хабарномаи гаравӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 24. Бақайдгирии тағйироте, ки ба гарави ба қайд гирифташуда ворид карда мешаванд

1. Тағйироти зерине, ки ба гарави ба қайд гирифташуда ворид карда шудаанд, ба таври илова ба қайд гирифта мешаванд:

1) таъин кардан ё озод намудани идоракунандаи гарав, агар идоракунанда баъди бақайдгирии шартномаи гарав таъин ё озод карда шуда бошад;

2) талаби бо гарав таъминшударо гузашт кардани гаравгир;

3) дар ӯҳдадорӣ иваз кардани қарздор;

4) иваз кардани предмети гарав.

2. Бақайдгирии тағйирот дар гарави ба қайд гирифташуда дар асоси хабарномаи гаравии иловагӣ сурат мегирад. Дар хабарномаи гаравии иловагӣ бояд сана, рақами бақайдгирии ибтидоӣ, мазмуни тағйироти шартнома ва имзои гаравгир ё гаравдеҳ мавҷуд бошад.

3. Бақайдгирии тағйироте, ки ба гарави ба қайд гирифташуда дохил карда мешаванд, бо тартиби пешбиникардаи моддаи 22 ҳамин Қонун сурат мегирад.

Моддаи 24(1). Пешниҳоди эроди хаттӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117)

1. Дар ҳолати пешниҳод гардидани хабарномаи гаравии нодуруст ё ғалат аз ҷониби дархосткунанда, тарафи дигар метавонад эроди хаттӣ пешниҳод намояд.

2. Эроди хаттӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- истинод ба рақами бақайдгирии хабарномаи гаравии нодуруст ё ғалат;

- маълумот оид ба шахсе, ки эроди хаттӣ пешниҳод кардааст;

- нишон додани асосҳои нодуруст ё ғалат будани хабарномаи гаравӣ.

3. Пешниҳоди эроди хаттӣ то ба даст омадани натиҷаи баррасии он ба эътибори хабарномаи гаравӣ таъсир намерасонад.

4. Мақоми бақайдгиранда вазифадор аст, ки эроди хаттиро баррасӣ намуда, дар сурати ошкор намудани ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда барои бартараф намудани онҳо чораҳои дахлдор андешад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Моддаи 25. Рад кардани бақайдгирии гарави амволи манқул ё ворид кардани тағйирот ба гарави ба қайд гирифташуда

Мақоми бақайдгиранда ҳақ дорад бақайдгирии гарави молу мулки манқулро ё ба гарави ба қайд гирифташуда ворид намудани тағйиротро рад кунад, агар талабҳои ҳамин Қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда нашуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Мақоми бақайдгиранда дар давоми се рӯз ба шахси дархосткунандаи бақайдгирӣ бо нишон додани сабабҳои радкунии бақайдгирӣ хабарнома мефиристад.

Моддаи 26. Бекор кардани бақайдгирии гарави молу мулки манқул

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Бақайдгирии гарав аз тарафи гаравгир дар давоми 15 рӯзи баъди иҷрои тамоми ӯҳдадориҳое, ки гарави ба қайд гирифташуда ба онҳо дахл дорад, бояд бекор карда шавад.

2. Шахсе, ки муқаррароти қисми 1 ҳамин моддаро вайрон кардааст, вазифадор аст подоши хароҷоти суратгирифтаро диҳад.

3. Дар сурати аз тарафи гаравгир иҷро карда нашудани ӯҳдадории пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда гаравдеҳ ё дигар шахси манфиатдор ҳақ дорад бо тартиби судӣ бекор кардани бақайдгирии шартномаи гаравро талаб намояд.

Моддаи 27. Дастрасӣ ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ

Маълумоти Феҳрасти ягонаи давлатӣ озод мебошанд. Ҳар шахс метавонад мувофиқи қисми 6 моддаи 22 ҳамин Қонун боҷи давлатиро пардохт карда, аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ иқтибос гирад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

ФАСЛИ II НАМУДҲОИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

БОБИ 3. ГАРАВ БО НИГОҲ ДОШТАНИ ПРЕДМЕТИ ГАРАВИ ДАР ДАСТИ ГАРАВГИР (ГАРАВИ ДОДАШУДА (ЗАКЛАД)

Моддаи 28. Мафҳуми гарави додашуда (заклад)

1. Гарави додашуда (заклад) - намуди гарав, ки дар ин сурат молу мулки гаравӣ аз тарафи гаравдеҳ ба соҳибияти гаравгир мувофиқи шартномаи гарав супурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117аз 27.11.2014 № 1155).

2. Мувофиқи созиши гаравгир бо гаравдеҳ предмети гарав дар дасти гаравдеҳ бо қулфу мӯҳри гаравгир (гарави устувор) монда шуда метавонад. Ашёи муайяни инфиродӣ дар тасарруфи гаравгир бо гузоштани аломатҳои дар бораи гарав шаҳодатдиҳанда монда шуда метавонад.

3. Қоидаҳои ҳамин фасл нисбат ба гарави устувор татбиқ карда мешаванд, зеро ба кор бурдани онҳо ба моҳияти муносибатҳои гаравгир ва гаравдеҳ ҳангоми ин гуна гарав мухолифат намекунад.

Моддаи 29. Ҳуқуқу вазифаҳои гаравгир ҳангоми гарави додашуда (заклад)

1. Гаравгир ҳақ дорад предмети гарави додашударо (закладро) танҳо дар ҳаҷми пешбиникардаи шартномаи гарав истифода намояд, ба истиснои мавридҳое, ки амволи гаравӣ дар шакли нақдинаи суратҳисоби бонк пешниҳод гардида, гаравгир ташкилоти қарзӣ бошад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Фоидаи молумулкии аз предмети гарави додашуда (заклад) бадастомада дар навбати аввал барои пӯшонидани хароҷоти гаравгир ҷиҳати нигаҳдошт ва эҳтиёт кардани молу мулки гаравӣ, баъд барои пардохти фоизи маблағи асосии қарз равона карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Агар нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиши молу мулки гаравӣ бе гуноҳи гаравгир ҷой дошта бошанд ва онҳоро хусусият ё таркиби молу мулки гаравӣ ба вуҷуд оварда бошад, гаравгир талаб карда метавонад, ки предмети гарав иваз карда шавад ва товони ҳар зараре, ки дар натиҷаи ин гаравгир дидааст, пардохт гардад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

3. Ҳангоми гарави додашуда (заклад) гаравгир, агар ҳамин Қонун ё шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, вазифадор аст:

1) ба андозаи маъқули ҷисман солим нигоҳ доштани молу мулки гаравӣ чораҳои пешбиникардаи шартнома ё зарурро андешад, ғайр аз ин, гаравдеҳ тамоми хароҷотро талофӣ мекунад, агар ин дар шартномаи гарав шарҳу эзоҳ дода шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

2) дар бораи осеб дидан ё нобуд шудани молу мулки гаравӣ, инчунин ҳама гуна таҳдид (хатар) нисбат ба ҳамин молу мулк фавран ба гаравдеҳ хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

3) дар бораи истифодаи амволи гаравӣ ба гаравдеҳ мунтазам ҳисобот равона намояд;

4) предмети гарави додашударо (закладро) дар ҳаҷми арзишаш аз ҳисоби гаравдеҳ ва ба нафъи ӯ суғурта кунад;

5) молу мулки гаравиро ба таври дахлдор нигоҳдорӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

6) дар давоми се рӯзи баъди иҷрои ӯҳдадории таъминшуда предмети гарави додашударо (закладро) гардонад, агар гаравгир сабаби узрноки ба таъхир андохтанро, ки ҳангоми бастани шартномаи гарав пешбинӣ кардан мумкин набуд, нишон надиҳад.

Моддаи 30. Ҳуқуқу вазифаҳои гаравдеҳ ҳангоми гарави додашуда (заклад)

1. Гаравдеҳ ҳуқуқ дорад, ки ба молу мулки гаравӣ бо мақсади муайянкунии шароити дахлдори нигоҳдорӣ ва истифодаи он дастрасии воқеӣ дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Дар сурати ҷой доштани таҳдиди нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиши молу мулки гаравӣ бо гуноҳи гаравгир гаравдеҳ ҳақ дорад бартараф намудани ҳолатҳоеро талаб кунад, ки боиси нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиши молу мулки гаравӣ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Гаравдеҳ ҳақ дорад ҳар вақт пеш аз мӯҳлат қатъ намудани гарави додашударо (закладро) бо роҳи иҷрои ӯҳдадории бо гарави додашуда (заклад) таъминшуда талаб намояд, агар дар шартномаи гарав дигар шарту шароит пешбинӣ нашуда бошад.

Дар сурате, ки агар ӯҳдадорӣ қарзи пулӣ ва гаравдеҳ шахси воқеӣ бошад, гаравдеҳ гарави додашударо (закладро) пеш аз мӯҳлати муқарраркардаи шартномаи гарав бо роҳи пардохти қарзи бо гарави додашуда (заклад) таъминшуда қатъ намояд, агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

3. Агар гаравдеҳ хабар ёбад, ки ба молу мулки гаравӣ на бо гуноҳи гаравгир, балки бинобар хусусият ё таркиби молу мулки гаравӣ хатари нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиш таҳдид кардааст, ӯ дар ин бора ба гарвгир бе таъхир хабар медиҳад ва ҳифзи онро талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 31. Ҷавобгарии гаравгир ҳангоми гум ё хароб шудани гарави додашуда (заклад)

Агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравгир ҳангоми гарави додашуда (заклад) барои гум ё хароб шудани молу мулки гаравӣ дар назди гаравдеҳ ҷавобгар аст, агар исбот накунад, ки ин на бо гуноҳи ӯ ба амал омадааст. Андозаи зараре, ки гаравгир товонашро медиҳад, бо роҳи ҳисоби маблағе, ки арзиши бозории молу мулки гаравӣ ҳангоми супурдани молу мулки гаравӣ тарафҳо мувофиқа кардаанд ва дар сурати набудани чунин созиш назар ба арзиши бозорӣ дар лаҳзаи гарави додашуда (заклад) ба андозаи он кам шудааст, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 32. Гаравхонаҳо (ломбардҳо)

1. Гаравхона (ломбард) шахси ҳуқуқие (ташкилоти махсусгардонидашудае) мебошад, ки ба додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандон машғул аст (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Гаравмонии ашё дар гаравхона (ломбард) мувофиқи моддаи 387 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гаравхона (ломбард)" (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

3. Нисбат ба гаравхонаҳо (ломбардҳо) муқаррароти боби 6 ҳамин Қонун истифода намешаванд.

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 33. Гаравмонии воситаҳои пулӣ

1. Гаравмонии воситаҳои пулӣ танҳо бо роҳи ба соҳибияти гаравгир додани онҳо сурат гирифта метавонад. Пули нақдеро, ки гаравгир ба шахсе, ки ташкилоти қарзӣ намебошад, медиҳад, ӯ дар ҳисобномаи депозитии бонк ё идораи нотариалӣ маҳфуз медорад. Фоизҳое, ки ба ин маблағ ҳисоб карда монда шудаанд, ба гаравдеҳ тааллуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

2. Ташкилоти қарзие, ки ҳисобномаи муштариро дорад, ҳақ дорад аз ин муштарӣ воситаҳои пулии дар ҳисобномаи ӯ бударо барои таъмини кредитҳои бонк ба муштарӣ (гаравдеҳ) ё шахси сеюм, бо мувофиқаи тарафҳо ба сифати гарав гирад. Ин гуна гарав гарави додашуда (заклад) ҳисоб меёбад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

3. Воситаҳои муштарии бонк (гаравдеҳ), ки дар ҳисобномаи муштарӣ дар бонк мебошанд, ба сифати предмети гарав (гарави додашуда (заклад) дар назди шахси сеюм (гаравгир) бо мувофиқаи тарафҳо баромад карда метавонанд.

4. Маблағҳое, ки предмети гарав мебошанд, аз ҳисоби муштарӣ дар бонк (гаравдеҳ) бе розигии гаравгир пардохт карда шуда наметавонанд, агар ба бонк гаравдеҳ ва гаравгир дар хусуси гарави воситаҳои дар ҳисоби дар бонк доштаи муштарӣ хаттӣ хабар дода бошанд ва тасдиқномаи хаттии бонк мавҷуд бошад.

БОБИ 4. ГАРАВ БО МОНДАНИ АШЁИ ГАРАВӢ ДАР ДАСТИ ГАРАВДЕҲ

Моддаи 34. Предмети гарав бо мондани ашёи гарав дар дасти гаравдеҳ

1. Молу мулки манқул ва ашёи аз муомилоти гражданӣ бароварданашуда бо созиши тарафҳо предмети гарав бо мондани ашёи гаравӣ дар дасти гаравдеҳ шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Самараҳои ҷудошаванда предмети гараве, ки дар қисми 1 ҳамин модда нишон дода шудааст, танҳо ба шарте шуда метавонанд, ки агар онҳо аз лаҳзаи ҷудошавӣ объекти ҳуқуқи шахси сеюм нашаванд.

Моддаи 35. Ҳуқуқи гаравгир ҳангоми гаравмонии ашёе, ки дар дасти гаравдеҳ монда мешавад

1. Агар предмети гарав дар дасти гаравдеҳ бошад, гаравгир, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, ҳуқуқ дорад, ки:

1) ба молу мулк, инчунин ба ҳар ҳуҷҷати мавҷудаи он, ки барои тафтиши андоза, ҳолат ва шароити нигоҳдорӣ ё истифодаи молу мулк гаравӣ зарур аст, дастрасии воқеӣ пайдо намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

2) қатъ кардани ҳама гуна қасдро ба предмети гарав, ки таҳдиди нобудкунӣ, харобкунӣ ё камкунии арзиши онро дорад, талаб кунад;

3) аз гаравдеҳ андешидани чораҳои ба ҳифзи предмети гарав равона кардашударо бо асос талаб намояд;

4) дар сурати харобшавии молу мулки гарав на бо гуноҳи гаравгир, барқарор ё иваз намудани молу мулки гаравиро ё пеш аз мӯҳлат адо кардани қарз (қисми дахлдори қарз)-ро сарфи назар аз мӯҳлатҳои мувофиқашудаи пардохт талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

5) дигар ҳуқуқҳоро, ки шартномаи гарав додааст ва онҳо ба ҳамин Қонун мухолифат намекунанд, татбиқ намояд.

2. Дар сурати иҷро накардани талаби гаравгир аз ҷониби гаравдеҳ оид ба иваз намудани молу мулки гаравӣ мутобиқи банди 4 қисми 1 ҳамин модда гаравгир метавонад пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадории таъминшударо талаб кунад ва аз ҳисоби молу мулки гаравӣ пардохтҳоро рӯёнад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 36. Ҳуқуқу вазифаи гаравдеҳ ҳангоми ба гарав гузоштани ашё бо мондани он дар дасти гаравдеҳ

1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравдеҳ ҳангоми ба гарав гузоштани ашё бо мондани он дар дасти гаравдеҳ ҳуқуқ дорад:

1) предмети гаравро мувофиқи хусусият ва таъиноташ соҳибӣ ва истифода намояд;

2) дигар ҳуқуқеро, ки шартномаи гарав додааст, ба амал барорад.

2. Гаравдеҳ ҳангоми гаравмонӣ бо гузоштани ашёи гаравӣ дар дасти ӯ, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, вазифадор мебошад:

1) тамоми чораҳоеро андешад, ки барои беосеб нигоҳ доштани предмети гарав, аз он ҷумла ба ҷо овардани таъмири асосӣ ва ҷорӣ мувофиқи шартнома заруранд;

2) аз ҳисоби худ предмети гарави дар дасти ӯ мондаро дар ҳаҷми пуррааш суғурта намояд;

3) дар сурати нобуд шудани предмети гарав бо розигии тарафҳо онро барқарор ё бо ашёи ҳамарзиши бо нархи бозории на камтар аз арзиши предмети гарави гумшуда иваз кунад ё қарз (як қисми дахлдори қарз)-ро, сарфи назар аз мӯҳлатҳои мувофиқакардаи тарафҳо, пардохт намояд;

4) гаравгирро дар бораи ба иҷора додани предмети гарав огоҳ намояд;

5) ба гаравгир имконияти дастрасии воқеиро ба молу мулк, инчунин ба ҳар ҳуҷҷати барои он мавҷудбуда, ки барои тафтиши андоза, ҳолат ва шароити нигоҳдошт ё истифодаи амволи гаравӣ зарур аст, диҳад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 37. Ба гарав гузоштани молҳои дар муомилотбуда

1. Молҳои дар муомилотбуда захираҳои молӣ-моддӣ, ашёи хом, маҳсулоти нимтайёр ва тайёре ҳисобида мешаванд, ки дар давоми вақт истифода ва пурра карда шуда метавонанд. Мувофиқи ҳамин модда ин гуна молҳоро, ки ба онҳо тавсифи умумие додан мумкин аст, ки аз рӯи он муқаррар кардани мол имконпазир мебошад, ба гарав мондан мумкин аст. Шартномаи гарави молҳои дар муомилотбуда бояд шакли моли гаравро муайян намояд, хусусиятҳои ба он хос, арзиши умумӣ, ҷои воқеиятро тавсиф намояд ва бо ҳамин роҳ ҳар молеро баён кунад, ки онро барои иваз намудани молу мулки гаравӣ истифода кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Ҳангоми гаравмонии молҳои дар муомилотбуда предмети гарав молҳои арзишашон муайяне мебошанд, ки аз рӯи воҳиди миқдор, андоза ва ё ҳаҷми мол муайян карда мешаванд. Агар дар шартнома дигар шарту шароит пешбинӣ нашуда бошад, гаравдеҳ ҳақ дорад предмети гаравро тавре иваз намояд, ки арзиши умумии мол назар ба арзиши дар шартномаи гарав нишондодашуда камтар набошад, предмети гаравро бе розигии гаравгир бегона намояд. То вақти пурра кардани предмети гарав, ки ба сифати он молҳои дар муомилотбуда баромад мекунанд, воситаҳои пулие, ки аз фурӯши онҳо ба даст омадаанд, ба сифати предмети гарав амал мекунанд.

Тарафҳо камшавии арзиши умумии гарави молҳои дар муомилотбударо мутобиқи қисми иҷрошудаи ӯҳдадории бо ҳамин гарав таъминшуда пешбинӣ карда метавонанд.

3. Гарави молҳои дар муомилотбуда гарави молҳое эътироф мегарданд, ки дар дасти гаравдеҳ монда мешаванд. Ҳангоми гарави молҳои дар муомилотбуда ва коркарди дубора гаравдеҳ ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории предмети гаравро бо риояи қоидаҳои ҳамин боб нигоҳ медорад.

4. Он молҳои дар муомилотбуда, ки гаравдеҳ мувофиқи шартҳои шартномаи гарави молҳои дар муомилотбуда пайдо кардааст, аз лаҳзаи ба дасти гаравдеҳ бо ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ гузаштан предмети гарав мешаванд. Молҳое, ки дар муомилот мебошанд, аз лаҳзаи ба моликият, пешбурдӣ хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии харидор гузаштан дигар предмети гарав намебошанд.

5. Аз лаҳзаи ба гаравдеҳ аз тарафи гаравгир супурдани хабарнома дар бораи рӯёнидани пардохтҳо мувофиқи боби 6 ҳамин Қонун ба гаравдеҳ манъ карда мешавад, ки ба ҳар моли мавриди гардиш ихтиёрдорӣ намояд.

БОБИ 5. ГАРАВИ ҲУҚУҚ

Моддаи 38. Гарави ҳуқуқ

1. Дар сурате, ки предмети гарав қарзи пулии ба гаравдеҳ тааллуқдошта мебошад, гаравдеҳ вазифадор нест, ки ба истиснои мавридҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздори худро аз он хабардор намояд, ки қарзи ӯ ба гарав монда шудааст. Қарздоре, ки қарзи ӯ ба гарав монда шудааст, онро бо роҳи пардохтҳо ба гаравгир ё ба шахсе, ки ӯро гаравдеҳ таъин мекунад, адо карда метавонад, танҳо ба шарте, ки гаравдеҳ ё гаравгир ба қарздор дар бораи мавҷуд будани гарав хабар надиҳанд. Баъди ба қарздор супурдани ин гуна огоҳинома гаравгир метавонад қарзҳоро дар бобати қарзи ба гарав мондашудаи ба гаравдеҳ тааллуқдошта бевосита пайгирӣ намояд ва қарзи ба гарав мондашуда танҳо бо роҳи пардохти он ба гаравгир ё ба шахсе, ки гаравгир таъин кардааст, адо карда шуда метавонад.

2. Агар предмети гарав ӯҳдадории шартномавии шахси сеюм дар назди гаравдеҳ бошад, ки қарзи пулӣ нест, ин гуна ӯҳдадории шартномавӣ аз тарафи ӯҳдадоршаванда мувофиқи аҳду паймон бо гаравгир қонеъ гардонда мешавад. Дар ин маврид гаравгир баъди ин, ки ҳама гуна арзиш мувофиқи шартнома ба ихтиёри гаравдеҳ мегузарад, қаноатмандӣ пайдо карда метавонад.

Гаравгир қаноатмандиро бевосита аз тарафи ӯҳдадоршаванда мувофиқи ӯҳдадории шартномавӣ танҳо баъди он пайдо карда метавонад, ки гаравгир нусхаи хабарномаро дар бораи маҷбуран ситонидан ба тарафи ӯҳдадоршаванда фиристонад ва ба он ишорат мекунад, ки гаравгир мувофиқи ҳамин Қонун ҳуқуқи худро оид ба маҷбуран иҷро намудани ӯҳдадории шартномавии тарафи ӯҳдадоршавандаро дар назди гаравдеҳ ба амал мебарорад.

3. Дар шартномаи гарави ҳуқуқе, ки арзиши пулӣ надорад, арзиши предмети гарав мувофиқи созиши тарафҳо муайян карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

4. Агар қарздори гаравдеҳ то аз тарафи гаравдеҳ иҷро карда шудани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ӯҳдадории худро иҷро карда бошад, тамоми даромадҳои дар ин маврид ба дастовардаи гаравдеҳ предмети гарав мегардад, ки гаравдеҳ вазифадор аст дар ин бора фавран ба гаравгир хабар диҳад.

Дар сурати аз қарздори худ аз ҳисоби иҷрои ӯҳдадориҳо гирифтани маблағ гаравдеҳ вазифадор аст бо талаби гаравгир аз ҳисоби иҷрои ӯҳдадориҳои бо гарав таъминшуда маблағҳои дахлдорро интиқол диҳад, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро муқаррар накарда бошад.

Моддаи 39. Вазифаҳои гаравдеҳ ҳангоми гарави ҳуқуқ

Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравдеҳ ҳангоми гарави ҳуқуқ вазифадор аст:

1) ҳуқуқи ба гаравгузошташударо ба каси дигар надиҳад;

2) амалиётҳоеро анҷом надиҳад, ки боиси қатъ гардидани ҳуқуқи ба гаравгузошташуда ё камшавии арзиши он мегардад;

3) барои таъмини ҳақиқӣ будани ҳуқуқи гаравшуда амалиётҳои заруриро ба ҷо оварад;

4) барои ҳифзи ҳуқуқи ба гаравгузошташуда аз қасдҳои тарафи шахсҳои сеюм тамоми чораҳоро андешад;

5) ба гаравгир дар бораи ҳар гуна тағйироти ҳуқуқи ба гаравгузошташуда, дар бораи вайронкунии он аз тарафи шахсони сеюм ва даъвои шахсони сеюм ба ин ҳуқуқ хабар диҳад.

Моддаи 40. Ҳуқуқи гаравгир ҳангоми гарави ҳуқуқ

Агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравгир ҳангоми гарави ҳуқуқ ҳақ дорад:

1) сарфи назар аз расидани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ба суд бо даъвои ба худаш интиқол додани ҳуқуқи ба гаравгузошташуда муроҷиат намояд, агар гаравдеҳ вазифаҳои пешбиникардаи моддаи 39 ҳамин Қонунро риоя накарда бошад;

2) дар сурати талаботи пешбиникардаи банди 4 моддаи 39 ҳамин Қонунро иҷро накардани гаравдеҳ мустақилона чораҳое андешад, ки ба ҳифзи ҳуқуқи ба гаравгузошташуда аз қонуншиканиҳои шахси сеюм нигаронида шудаанд;

3) ба парвандае, ки дар он даъво дар бораи ҳуқуқи ба гаравгузошташуда баррасӣ мегардад, ба сифати шахси сеюм дохил шавад.

ФАСЛИ III АЗ ҲИСОБИ МОЛУ МУЛКИ ГАРАВӢ РӯЁНИДАНИ ПАРДОХТҲО

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

БОБИ 6. АЗ ҲИСОБИ МОЛУ МУЛКИ ГАРАВӢ РӯЁНИДАНИ ПАРДОХТҲО

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

Моддаи 41. Асоси аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо

1. Пардохт аз ҳисоби предмети гарав барои қонеъ намудани талаботи гаравгир (қарздиҳанда), ки дар ҳамин Қонун нишон дода шудааст, дар сурати ӯҳдадории бо гарав таъминшударо иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани қарздор рӯёнида шуда метавонад, чунончи:

1) вайрон кардани тартиб ва мӯҳлатҳои пардохти фоизҳо, ки шартнома муқаррар кардааст;

2) вайрон кардани тартиб ва мӯҳлатҳои пас гардонидани маблағи қарзи асосии муқарраркардаи қонун ё шартнома;

3) талаботи гаравгирро дар бораи пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда иҷро накардани қарздор дар мавридҳои пешбиникардаи моддаи 42 ҳамин Қонун;

4) дар дигар мавридҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома.

2. Аз ҳисоби молу мулки гаравӣ рӯёнидани пардохтҳо бо тартиби пешбиникардаи шартномаи гарав ба амал бароварда мешавад, агар ҳамин Қонун дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад. Ҳангоми номувофиқии шартҳои шартномаи гарав ва шартҳои ӯҳдадории бо гарав таъминшуда дар хусуси талаботе, ки бо роҳи аз ҳисоби молу мулки гаравӣ рӯёнидани пардохтҳо қонеъ карда шуда метавонанд, бартарӣ ба шартҳои шартномаи гарав дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Моддаи 42. Аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо дар сурати қонеъ накардани талаботи оид ба пеш аз мӯҳлат иҷро намудани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда

1. Гаравгир ҳақ дорад пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадории бо гарав таъминшударо талаб намояд, вале агар ин талаб иҷро карда нашавад, пардохтҳоро аз ҳисоби предмети гарав дар мавридҳои зерин ситонад:

1) қоидаҳои ихтиёрдории предмети гаравро вайрон кардани гаравдеҳ ё аз соҳибияти гаравдеҳ баромадани предмети гарав;

2) қоидаҳои иваз ё барқарор кардани предмети гаравро вайрон намудани гаравдеҳ;

3) гум кардани предмети гарав дар ҳолатҳое, ки гаравдеҳ барои онҳо ҷавобгар намебошад, агар гаравдеҳ аз ҳуқуқи иваз ё барқарор кардани предмети гарав истифода накарда бошад;

4) қоидаҳои гаравмонии минбаъдаро вайрон кардани гаравдеҳ;

5) ӯҳдадориҳои нигоҳдорӣ ва эҳтиёт намудани предмети гаравро вайрон кардани гаравдеҳ;

6) ӯҳдадориҳои худро дар бораи огоҳонидани гаравгир аз ҳуқуқи ба предмети гарав доштани шахсони сеюм вайрон кардани гаравдеҳ;

7) ӯҳдадориҳои пардохти фоизҳо ё дигар маблағҳои пешбиникардаи ӯҳдадории бо гарав таъминшударо мунтазам ( бештар аз ду маротиба) вайрон кардани қарздор;

8) дар дигар мавридҳои пешбиникардаи қонун ё шартномаи гарав.

Моддаи 43. Навбати қонеъгардонии талабҳои гаравгирҳо

1. Талабҳои гаравгири баъдина аз ҳисоби арзиши предмети гарав баъди қонеъ гардонидани талабҳои гаравгири пешина қонеъ карда мешаванд.

2. Навбати қонеъ гардонидани талабҳо мувофиқи ҳамин Қонун бо розигии хаттии гаравгирҳо тағйир дода шуда метавонад.

3. Дар сурати бо талаби гаравгири баъдина аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо талабҳои гаравгири баъдина баъд аз қонеъ кунондани талабҳои гаравгирони пешина қонеъ гардонда мешаванд, ҳатто агар мӯҳлати қонеъкунии онҳо нарасида бошад.

4. Дар сурати бо талаби гаравгири пешина аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо, ҳамзамон бо талаби гаравгири баъдина аз ҳисоби ин предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо раво мебошад, ки мӯҳлати пешниҳоди рӯёнидани онҳо ҳанӯз нарасидааст.

Талаботи гаравгирҳои баъдина набояд пеш аз мӯҳлат қонеъ гардонда шаванд, агар барои қонеъ гардондани талабҳои гаравгирҳои пешина аз ҳисоби як қисми предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо кофӣ бошад.

5. Гаравгири баъдина, ки амволи гаравӣ дар ихтиёри ӯ мебошад, вазифадор аст:

1) ба гаравгирҳои пешина дар бораи ниятҳои худ оид ба фурӯхтани молу мулки гаравӣ хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

2) бо талаби гаравгирандаи пешина молу мулки гаравиро ба тасарруфи ӯ супорад.

Агар ин талабҳо иҷро нашуда бошанд, гаравгири баъдина, ки амволро мефурӯшад, дар назди гаравгири пешина ҷавобгарии амволӣ дорад.

6. Ҳангоми аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо талабҳои гаравгири баъдина аз ҳисоби арзиши предмети гарав баъди талабҳои худро қонеъ гардонидани гаравгири пешина қонеъ карда мешаванд.

7. Бо навбат қонеъ гардонидани талабот, ки бо гарави пешина муайян шудааст, нисбат ба даромад пас аз 30 рӯзи баъди аз ҷониби гаравдеҳ ба даст овардани даромад ба анҷом мерасад, ба истиснои ҳолатҳое, ки даромад дар шакли пулӣ ба даст омада, мумкин аст мушаххас гардонда шавад ё бо тавсифи гарав, ки дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии пешниҳодшуда зикр шудааст, пӯшонида шавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

8. Бо навбат қонеъ гардонидани талабот, ки бо гарави пешина муайян шудааст, нисбат ба даромад пас аз 30 рӯзи баъди аз ҷониби гаравдеҳ гирифтани ҳосил ва маҳсулот ба анҷом мерасад, ба истиснои ҳолатҳое, ки даромад дар шакли пулӣ ба даст омада, мумкин аст мушаххас гардонда шавад ё бо тавсифи гарав, ки дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии пешниҳодшуда зикр шудааст, пӯшонида шавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

9. Агар гаравгири гаравҳои пешина ва минбаъда худи ҳамон як шахс бошад, қоидаҳои ҳамин модда татбиқ намешаванд. Дар ин маврид талабҳои бо ҳар яке аз гаравҳо таъминшуда бо навбат, мувофиқи мӯҳлатҳои дахлдори иҷрои ӯҳдадориҳои дахлдор қонеъ карда мешаванд, агар қонун ё созишномаи тарафҳо дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

10. Агар маблағи аз фурӯши иҷбории молу мулки гаравӣ ба дастомада, ки он мувофиқи фасли III ҳамин Қонун ба амал бароварда мешавад, барои пардохти талабҳои гаравгирҳои навбати минбаъда кифоя набошад, талабҳои онҳо чун талабҳои таъминнабуда қатъ мегарданд, катъи назар аз қонунӣ будани ин талабҳо, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 44. Тартиби рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117)

1. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав метавонад бо тартиби ғайрисудӣ ва судӣ амалӣ карда шавад.

2. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ дар асоси шартномаи гарав ё созишномаи байни гаравдеҳ ва гаравгир, ки дар он шартҳои рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ нишон дода шудаанд, амалӣ карда мешавад. Агар дар шартномаи гарав ё созишномаи байни гаравдеҳ ва гаравгир тартиби ғайрисудӣ муқаррар шуда бошад, ягон тараф наметавонад ба таври яктарафа тартиби рӯёниданро аз ҳисоби предмети гарав тағйир диҳад.

3. Дар ҳолатҳои дигар рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад, аз ҷумла, агар:

- барои ба имзо расонидани шартномаи гарав розигӣ ё иҷозати дигар шахс ё мақомот талаб карда шавад ва ин гуна розигӣ ё иҷозат гирифта нашуда бошад;

- предмети гарав молу мулке бошад, ки барои ҷомеа арзиши зиёди таърихию бадеӣ ё дигар арзиши фарҳангӣ дошта бошад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 45. Тартиби ғайрисудии руёнидан аз ҳисоби предмети гарав

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117)

1. Гаравгир ҳуқуқ дорад ба таври ғайрисудӣ ба предмети гарав соҳиб шавад, агар он дар шартномаи гарав пешбинӣ шуда бошад ё агар қарздор (гаравдеҳ) пас аз ба миён омадани ҳолатҳои иҷро нагаштан ё ба таври номатлуб иҷро гардидани ӯҳдадорӣ дар шакли хаттӣ розигӣ дода бошад, ба шарте ки чунин соҳиб шудан ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошад.

2. Агар предмети гарав молу мулки манқули ба молу мулки ғайриманқул пайвастшуда бошад, гаравгир метавонад онро бо тартиби ғайрисудӣ аз молу мулки ғайриманқули ба он пайвастшуда, танҳо дар сурати гирифтани розигии хаттии қарздор ё гаравдеҳ, агар ӯ дар як вақт қарздор ҳисобида нашавад, пас аз ба миён омадани ҳолатҳои иҷро нагаштан ё ба таври номатлуб иҷро гардидани ӯҳдадорӣ ҷудо намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

3. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ бо чунин тарз амалӣ карда мешавад:

- ихтиёран супоридани предмети гарав аз ҷониби гаравдеҳ ба гаравгир;

- рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Моддаи 46. Ихтиёран супоридани предмети гарав

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117)

Ихтиёран супоридани предмети гарав бо бастани созишномаи ҳаққи дасткашӣ байни гаравдеҳ ва гаравгир амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Моддаи 47. Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117)

1. Дар сурати аз ҷониби гаравдеҳ эътироф намудани ӯҳдадории қарзӣ ё дар асоси қарори суд дар бораи рӯёнидани қарзе, ки бо предмети гарав таъмин шудааст, гаравгир ҳуқуқ дорад барои гирифтани навиштаҷоти иҷроияи нотариус муроҷиат намояд.

2. Дар бораи гирифтани навиштаҷоти иҷроияи нотариус ва оғоз намудани расмиёти гирифтани предмети гарав, гаравгир ӯҳдадор аст, ки гаравдеҳро бо таври хаттӣ огоҳ намояд.

3. Гаравдеҳ ҳуқуқ дорад, ки навиштаҷоти иҷроияи нотариусро бо тариқи судӣ мавриди шикоят қарор диҳад.

4. Дар ҳолати саркашӣ намудани гаравдеҳ аз ихтиёран супоридани предмети гарав дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус, предмети гарав маҷбуран тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Моддаи 48. Чораҳои таъминоти вобаста ба предмети гарав

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117)

1. Агар баъди ба амал омадани ҳолати иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадорӣ, гаравгир ба предмети гарав тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шуда натавонад ё агар қарздор (гаравдеҳ) баъди ба амал омадани ҳолати мазкур барои гирифтани предмети гарав, ки молу мулки манқули ба молу мулки ғайриманқул пайвастшуда ба ҳисоб меравад, розӣ набошад, гаравгир ҳуқуқ дорад ба суд бо ариза дар бораи супоридани предмети гарав ба нигоҳдории гаравгир муроҷиат намояд, ки он бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Ба ариза дар бораи супоридани предмети гарав ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:

- шартномаи гарав;

- далелҳои дахлдор, ки ҳолати аз ҷониби қарздор ё гаравдеҳ, агар ӯ дар як вақт қарздор ҳисобида нашавад, иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадории асосиро тасдиқ мекунанд;

- ҳуҷҷати супоридани боҷи давлатӣ;

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

3. Ҳангоми муроҷиат намудани гаравгир ба суд бо ариза оид ба андешидани чораҳои таъминотӣ, гаравгир ба қарздор (гаравдеҳ) нусхаи аризаи мазкур ва нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои замимашавандаро, ки ба суд пешниҳод шудаанд, месупорад. Аризаи мазкур мумкин аст бе тасдиқи қабули он аз ҷониби қарздор (гаравдеҳ) дар ҳолатҳои зерин ба суд пешниҳод карда шавад:

- агар гаравгир чораҳои дахлдорро оид ба супоридани нусхаи аризаи мазкур ба қарздор (гаравдеҳ) андешида бошад, вале ин чораҳо бенатиҷа мондаанд;

- баҳри пешгирӣ кардани вайроншавии предмети гарав ё дар ҳолати моҳиятан паст шудани арзиши предмети гарав;

- бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои эҳтимолии ғайриқонунии қарздор (гаравдеҳ), ки ба нобудшавӣ, вайроншавӣ ё бегона намудани предмети гарав оварда мерасонанд.

4. Гаравгире, ки дар асоси санади судӣ предмети гаравро барои нигоҳдорӣ қабул намудааст, ӯҳдадор мешавад оид ба таъмини нигоҳдории предмети гарави дар ихтиёр доштааш то ба соҳибият қабул намудани он ё то қабул шудани қарори суд чораҳои дахлдор андешад.

5. Агар аз шартномаи тарафҳо тартиби дигар барнаояд, дар муддати дар нигоҳдории гаравгир қарор доштани предмети гарав, хароҷоти дахлдор, аз ҷумла андоз ё хироҷи пардохтшудаи ба предмети гарав алоқаманд мумкин аст ба зиммаи қарздор (гаравдеҳ) гузошта шуда, аз ҳисоби предмети гарав, инчунин арзиши ҳама гуна намудҳои суғурта рӯёнида шавад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Моддаи 49. Огоҳинома дар бораи оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117)

1. То оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ гаравгир ӯҳдадор аст дар шакли хаттӣ ба гаравдеҳ огоҳинома фиристонад, ки он маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- маълумот дар бораи гаравдеҳ ва гаравгир;

- тавсифи инфиродӣ ё умумии предмети гарав;

- пешниҳод дар бораи иҷрои ихтиёрии ӯҳдадорӣ, аз ҷумла маблағи қарз дар мӯҳлати на камтар аз 20 рӯз аз лаҳзаи бо тариқи дахлдор супоридани огоҳинома ба гаравдеҳ;

- дигар маълумотҳое, ки гаравгир зарур мешуморад;

- санаи огоҳинома ва имзои гаравгир ё шахси ваколатдоркардаи ӯ.

2. Гаравгир ҳамзамон ба гаравгирони пешина ва минбаъда огоҳинома оид ба оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети гаравро мефиристонад.

3. Ҳангоми гирифтани огоҳинома дар бораи оғози расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав:

1) гаравдеҳ ҳуқуқ дорад:

- пешниҳоди гаравгирро дар бораи иҷрои ихтиёрии ӯҳдадорӣ қонеъ намояд;

- ба суд бо даъво оид ба мавриди баҳс қарор додани асосҳои рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав муроҷиат намояд;

2) гаравдеҳ ӯҳдадор аст:

- огоҳиномаро моҳиятан мавриди баррасӣ қарор диҳад;

- на дертар аз 10 рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома оид ба қарори қабулнамудаи худ ба гаравгир ба таври хаттӣ ҷавоб диҳад.

4. Агар гаравдеҳ ба гаравгир оид ба қарори қабулнамудаи худ вобаста ба огоҳинома ҷавоби хаттӣ пешниҳод накунад, пас ин амал ҳамчун эътироф накардани асоснокии талаботи гаравгир дар бораи қарзи асосӣ ва рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав дониста шуда, барои муроҷиат ба суд асос шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Моддаи 50. Руёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби судӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117)

Гаравгир дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад ба суд бо даъво муроҷиат намояд:

- ғайриимкон будани рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;

- агар барои ба имзо расонидани шартномаи гарав розигӣ ё иҷозати дигар шахс ё мақом талаб карда шавад ва ин гуна розигӣ ё иҷозат гирифта нашуда бошад;

- агар предмети гарав молу мулке бошад, ки барои ҷомеа арзиши зиёди таърихию бадеӣ ё дигар арзиши фарҳангӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

- набудани гаравдеҳ ва имконнопазир будани муқаррар кардани макони ҷойгиршавии ӯ;

- дар сурати эътироф накардани асоси талаботи гаравгир дар бораи қарзи асосӣ ва рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

БОБИ 7. ФУРӯШИ ПРЕДМЕТИ ГАРАВЕ, КИ АЗ ҲИСОБИ ОН ПАРДОХТҲО РӯЁНИДА МЕШАВАНД

Моддаи 51. Фурӯши предмети гарав

1. Баъди гузаштани мӯҳлати сархати сеюми қисми 1 моддаи 49 ҳамин Қонун гаравгир ҳуқуқ дорад ба расмиёти фурӯши предмети гарав мутобиқи ҳамин Қонун шурӯъ намояд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

2. Фурӯши предмети гарави марбут ба рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ё кушода ё хусусӣ буда метавонад ва бояд ба шакл ва мавқеи молу мулк мувофиқат намояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Гаравдеҳ ва гаравгир вазифадоранд бовиҷдонона барои ба амал баровардани фурӯш тавре чораҳо андешанд, ки он барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ ҳарчи бештар баманфиат бошад.

3. Ҳар шахс, ба истиснои гаравдеҳ ва ҳар шахсе, ки аз номи гаравдеҳ амал мекунад ва аз байни иштирокчиёни музоядаи ситондани пардохтҳо мутобиқи ҳамин модда нархи баландтаринро пешниҳод менамояд, барои молу мулки гаравӣ ҳуқуқи моликиятро пайдо менамояд. Ҳангоми савдои хусусӣ харидоре, ки гаравдеҳ ё шахсе намебошад, ки аз номи гаравдеҳ амал мекунад, ҳуқуқи моликиятро ба амвол баъди пардохти арзише, ки гаравгир бо гаравдеҳ мувофиқа кардаанд, гаравдеҳ пайдо мекунад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

4. Агар гарав дар шакли гарави додашуда (заклад) буда, предмети гарав депозити пулӣ, коғазҳои қиматнок, ашёи ивазшаванда ё дигар ашёе бошад, ки дар сурати ба миён омадани зарурат ба гаравдеҳ пас гардонда, бо ашёи ҳаммонанд иваз карда шуда метавонад, гаравгир метавонад ҳуқуқи худро дар бобати рӯёнидани пардохтҳои ӯҳдадории иҷронашуда дар лаҳзаи фаро расидани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ба амал барорад.

Гаравгир ҳақ дорад ин гаравро фурӯшад ё бо дигар роҳ онро фавран баъди ба ихтиёрдориаш ворид гардидани ин гарав бегона намояд, агар:

1) ин гарав аз ҷиҳати хусусиятҳои табиии худ зудвайроншаванда бошад ё хатаре мавҷуд бошад, ки он арзиши худро зуд гум кунад;

2) хароҷоти ҳифз ва нигоҳдории предмети гарав ба қиёси арзиши он номутаносиб аст;

3) бо қарори суд.

5. Гаравдеҳ метавонад аз ҳисоби молу мулки гаравӣ рӯёнидани пардохтҳоро бо роҳи ба гаравгир пардохт намудани тамоми маблағи тааллуқдошта, ки ба ӯҳдадорӣ мансуб буда, бо молу мулки гаравӣ таъмин гардидааст, инчунин хароҷоти рӯёнидани пардохтҳоро пеш аз фурӯши он қатъ кунад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

6. Бегона кардани предмети гарав бо роҳи рӯёнидани пардохтҳо бо мақсади қонеъ гардондани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда амалиёти тиҷоратӣ намебошад.

Моддаи 52. Тарзу усулҳои фурӯш

1. Предмети гарав, ки мувофиқи ҳамин Қонун пардохтҳо аз ҳисоби он рӯёнида мешаванд, бо роҳи фурӯши ошкоро, савдои хусусӣ ё бо дигар тарзу усулҳои пешбиникардаи созишномаи тарафҳо, инчунин бо роҳи предмети гаравро харидани гаравгир мувофиқи талаботи ҳамин Қонун фурӯхта мешавад.

2. Савдои кушод дар шакли музоядаи ошкоро ё озмун гузаронда мешавад. Шакли савдо бо қарори суд (дар сурати бо тартиби судӣ рӯёнидани пардохтҳо) ё бо шартномаи гарав ё созишнома дар бораи қонеъ намудани талаботи гаравгир (дар сурати бо тартиби ғайрисудӣ рӯёнидани пардохтҳо) муайян карда мешавад.

3. Тартиби гузарондани савдои кушод тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин шартномаи гарав ё созишнома дар бораи қонеъ намудани талаботи гаравгир бо тартиби ғайрисудӣ муайян карда мешавад.

Моддаи 53. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гаравгир ҳангоми фурӯши предмети гарав

1. Гаравгир амволи гаравиро бо ҳар роҳи барои ӯ мусоид, бо тарзу усулҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта метавонад. Гаравгир барои фурӯш ё ҳалли ҳар масъалаи ба фурӯш алоқаманд идоракунандаи гаравро, ки аз номи ӯ амал мекунад, таъин карда метавонад. Гаравгир ҳақ дорад бо розигии гаравгирони пешина ва минбаъда фурӯши предмети гаравро ба мӯҳлати на бештар аз се моҳ аз лаҳзаи оғози расмиёти рӯёнидани пардохтҳо ба таъхир андозад, то ки нархи бештар баланди молу мулки гаравиро ба даст орад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Гаравдеҳ ҳақ дорад ба суд бо хоҳиши дароз кардани мӯҳлати гузаронидани савдо мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.

Бо розигии хаттии гаравдеҳ ва тамоми гаравгирон мӯҳлати фурӯши амволи гаравӣ бе муроҷиат ба суд мумкин аст ба таъхир гузошта шавад.

2. Гаравгир молу мулки гаравиро худаш дар савдои хусусӣ харида наметавонад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

3. Гаравгир ҳар маблағи аз савдои рӯёнидани пардохтҳо ба дастомадаро, ки аз маблағи ба гаравгир додашаванда зиёдтар аст, ба маҳфуздоранда мегузорад. Ин маблағ барои пардохт ба гаравгирони навбатӣ истифода карда шуда, бақияи он ҳатман ба гаравдеҳ пас гардонда мешавад. Тамоми маблағҳое, ки гаравгир барои хароҷоти суд, нигаҳдорӣ, беҳтар кардани амволи гаравӣ, фурӯши молу мулк гаравӣ харҷ кардааст, ба хароҷоти рӯёнидани пардохтҳо мувофиқи моддаи 6 ҳамин Қонун мансубанд ва бояд ба гаравгир дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117, аз 27.11.2014 № 1155).

4. Ҳангоми фурӯши предмети гарав манфиати тиҷоратӣ дар назар дошта мешавад, агар:

- гаравдеҳ ҳангоми фурӯш усули аз ҷиҳати тиҷоратӣ манфиатнокро истифода намояд;

- аз фурӯши предмети гарав дар дигар вақт ё бо тарзи дигар назар ба вақт ва тарзи фурӯши интихобкардаи гаравдеҳ нархи нисбатан фоиданокро ба даст овардан мумкин бошад;

- гаравдеҳ предмети гаравро мутобиқи таҷрибаи тиҷоратии соҳибкороне, ки ба фурӯши чунин намуди молу мулк машғуланд, фурӯшад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155);

- усули фурӯхтани предмети гарав бо қарори суд тасдиқ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Моддаи 54. ӯҳдадорӣ дар назди гаравдеҳ, ки аз фурӯши ғайриқонунии предмети гарав бармеояд

1. Дар сурате, ки агар суд муқаррар карда бошад, ки гаравгир молу мулки гаравиро бо сабаби риоя накардани расмиёти ҳамин Қонун бо нархи беасоси паст фурӯхтааст, ӯҳдадориҳои тарафҳо ба ҳолати аввала оварда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

2. Агар гаравдеҳ ё гаравгири баъдина исбот кунад, ки арзиши асосноки бозории молу мулки гаравӣ ҳангоми фурӯши он аз арзиши фурӯшӣ зиёд буд ва дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои савдо аз тарафи гаравгири пешина, гаравдеҳ ё гаравгири баъдина аз маблағи фурӯш, ки бояд боқӣ мемонд, маҳрум гардид, гаравдеҳ ва гаравгири баъдина метавонанд бо дархости ба андозаи маблағи гумшуда товони зарарро додани гаравгир ба суд муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 55. Оқибатҳое, ки аз ғайриқонунӣ ба соҳибӣ даровардани предмети гарав бармеоянд

Гаравдеҳ метавонад аз гаравгир товони зарарро бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнад, агар гаравгир ба он ҳуқуқи қонунӣ надошта бошад ё бо роҳи ғайриқонунӣ молу мулки гаравиро ба соҳибии худ гирифта бошад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 56. Қатъ кардани фурӯши предмети гарав

1. Ҳар вақт то вақти фурӯши предмети гарав дар музояда ё харидории он аз тарафи гаравгир бо тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун расмиёти рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ва фурӯши он бояд қатъ карда шавад, агар қарздор ё гаравдеҳ, ки шахси сеюм мебошад, ӯҳдадории бо гарав таъминшударо пурра ё дар он қисме иҷро намояд, ки иҷро карда нашудан ё ба таври номатлуб иҷро кардани он асоси рӯёнидани пардохтҳо бо роҳи пардохти маблағи талабкардаи гаравгир дар ҳаҷме, ки ин талабот дар лаҳзаи пардохти маблағҳои дахлдор ҷой доранд ва ба гаравгир подоши маблағҳои хароҷоти судӣ ва дигар хароҷотеро, ки рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ва фурӯши он ба миён овардаанд, медиҳад.

Созишномае, ки ҳуқуқи дар ҳамин қисм нишондодашударо маҳдуд месозад, эътибор надорад.

2. Гаравгир баъди гирифтани маблағҳои дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда вазифадор аст:

1) хабарнома дар бораи қатъ кардани расмиёти рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ва фурӯши онро тартиб диҳад;

2) дар сурате, ки агар гарав мувофиқи ҳамин Қонун ба қайд гирифта шуда бошад, хабарномаро ба мақоми бақайдгиранда барои бекор кардани бақайдгирӣ мувофиқи моддаи 26 ҳамин Қонун фиристонад;

3) бо талаби гаравдеҳ (қарздор) ё гаравгир оид ба гарави пешина ва баъдина ба онҳо нусхаи дуюми хабарномаро диҳад.

3. Хабарнома дар шакли хаттӣ тартиб дода шуда, бояд маълумоти зеринро доро бошад:

1) номгӯй (ном) ва ҷои будубоши (сукунати) гаравдеҳ (қарздор);

2) номгӯй (ном) ва ҷои будубоши (сукунати) гаравгир;

3) дастур барои қатъ кардани расмиёти рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ва фурӯши он;

4) рақами бақайдгирӣ, сана ва вақти бақайдгирӣ дар мақоми бақайдгиранда, агар гарав ба қайд гирифта шуда бошад;

5) дигар маълумоте, ки ба андешаи гаравгир зарур мебошанд;

6) санаи хабарнома ва имзои гаравгир.

Моддаи 57. Асоси қатъ кардани гарав

1. Гарав пурра ё қисман бо асосҳои пешбиникардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ё шартномаи гарав қатъ карда мешавад.

2. Ҳангоми қатъ кардани гарав гаравгир вазифадор аст:

1) хабарномаро дар бораи қатъ кардани гарав тартиб диҳад;

2) дар сурате, ки агар шартномаи гарав мувофиқи ҳамин Қонун ба қайд гирифта шуда бошад, ба мақоми бақайдгиранда барои бекор кардани бақайдгирӣ мувофиқи моддаи 26 ҳамин Қонун хабарнома равона кунад;

3) бо талаби қарздор (гаравдеҳ) ё гаравгирҳои пешина ва баъдина ба онҳо нусхаҳои хабарномаро диҳад.

3. Хабарнома дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад ва бояд маълумоти зеринро доро бошад:

1) номгӯй (ном) ва ҷои воқеияти (сукунати) қарздор (гаравдеҳ);

2) номгӯй (ном) ва ҷои воқеияти (сукунати) гаравгир;

3) ҳолатҳое, ки асоси қатъ кардани гарав мебошанд;

4) рақами бақайдгирӣ, сана ва вақти бақайдгирӣ дар мақоми бақайдгиранда, агар гарав ба қайд гирифта шуда бошад;

5) дигар маълумоте, ки ба ақидаи қарздор (гаравдеҳ) ва ё гаравгир зарур мебошад;

6) санаи хабарнома ва имзои гаравгир.

ФАСЛИ IV КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚИ ТАРАФҲО ҲАНГОМИ ГАРАВ

БОБИ 8. КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚИ ТАРАФҲО ҲАНГОМИ ГАРАВ

Моддаи 58. Ҳифзи манфиатҳои гаравгир ва гаравдеҳ ҳангоми қатъи ҳуқуқи онҳо ба молу мулки гаравӣ дар асосҳои пешбиникардаи қонун

(Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155)

1. Дар сурати аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани санадҳои қонунгузорие, ки ҳуқуқи гаравро қатъ менамоянд, зараре, ки дар натиҷаи қабули ин санадҳо ба гаравгир расонда шудааст, дар ҳаҷми пурра аз буҷети давлатӣ талофӣ карда мешавад.

2. Дар сурати қатъи ҳуқуқи моликият ба молу мулки гаравӣ ё қатъи ҳуқуқи гаравӣ дар иртибот бо қарори мақоми ҳокимияти давлатӣ, ки бевосита ба мусодираи молу мулки гаравӣ ё ҳуқуқи гаравӣ равона карда нашудааст, зараре, ки дар натиҷаи ин қарор ба гаравгир расонда шудааст, аз тарафи ин мақоми давлатӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки дар ихтиёри он мебошанд ва дар сурати норасоии ин маблағҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар ҳаҷми пурра талофӣ карда мешавад. Баҳси талофӣ кардани зарарро суд ҳал менамояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

3. Дар сурати андешидани чораҳои маҷбуран гирифтани молу мулки гаравӣ ё ҳуқуқ (милликунонӣ, мусодира, реквизитсия, инчунин дигар чораҳое, ки оқибаташон монанд), давлат зарарҳоеро, ки бо ин чорабиниҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гаравгир расонда шудаанд, ҷуброн менамояд (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1155).

Моддаи 59. Беэътибории санадҳое, ки ҳуқуқи гаравиро вайрон мекунанд

1. Агар дар натиҷаи аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ баровардани санади дорои хусусияти ғайримеъёрие, ки ба қонунгузорӣ мувофиқат намекунад, ҳуқуқи гаравгир вайрон карда шавад, ин гуна санадро суд бо аризаи гаравгир беэътибор эътироф мекунад.

2. Оқибатҳои пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда инчунин дар мавридҳои маҳрумсохтани гаравдеҳ аз ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии предмети гарав рух медиҳанд.

3. Зарарҳое, ки дар натиҷаи баровардани санадҳои дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда ба гаравгир расонда шудаанд, бояд дар ҳаҷми пурра аз тарафи мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ҷуброн карда шаванд.

ФАСЛИ V МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 59(1) Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1117).

Моддаи 60. Дар бораи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи гарав" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, № 14, мод. 205; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, № 9, мод. 117; с.1998, № 10, мод. 123) то вақти қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека" танҳо дар қисме, ки ба ҳамин Қонун мухолифат намекунад, амал мекунад.

3. Боби 2 Қонуни мазкур баъди 1 соли ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун мавриди амал қарор дода шавад.

Гаравҳоеро, ки то қабули ҳамин Қонун ба вуҷуд омадаанд, дар давоми шаш моҳи баъди мавриди амал қарор гирифтани боби 2 Қонуни мазкур ба қайд гирифтан мумкин аст.

4. Минбаъд то вақти бо ҳамин Қонун мувофиқ кардани дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисме, ки ба ҳамин Қонун мухолифат намекунанд, истифода бурда мешаванд.

5. Нисбат ба гараве, ки то мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур ба миён омадаанд, ин Қонун татбиқ намегардад, агар созишномаи тарафҳо дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 1 марти соли 2005 № 93

ш. Душанбе

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи гарави амволи манқул

ФАСЛИ I МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ГАРАВИ АМВОЛИ МАНҚУЛ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

гарав - тарзи таъмини иҷрои ӯҳдадориест, ки вобаста ба он кредитор мутобиқи ӯҳдадории бо гарав таъмингардида (дорандаи гарав) дар ҳолати иҷро нашудани ин ӯҳдадорӣ аз ҷониби қарздор барои арзиши молу мулки ба гарав гузошташудаи шахсе, ки ин молу мулк ба ӯ марбут аст (гаравдеҳ), ҷиҳати қонеъ намудани талаботаш нисбат ба дигар кредиторон ҳуқуқи афзалиятнок дорад, ба ғайр аз ҳолатҳои дар қонун муқаррар кардашуда;

гаравдеҳ - шахсе, ки дорои ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ ба предмети гарав мебошад. Гаравдеҳ худи қарздори ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ё шахси сеюме шуда метавонад, ки дар ин ӯҳдадорӣ иштирок намекунад;

гаравгир - шахсе, ки талабҳои ӯ оид ба ӯҳдадории асосӣ бо гарав таъмин шудааст;

амволи гаравӣ - ҳар амволи манқуле, ки аз муомилоти шаҳрвандӣ бароварда нашудааст, инчунин ҳуқуқи амволии дар моддаи 4 ҳамин Қонун нишондодашудае, ки барои гарав пешниҳод мегардад;

амволи манқул- ашёе, ки ба амволи ғайриманқул мансуб нест, аз он ҷумла пул ва коғазҳои қиматнок; даромад аз предмети гарав - амволе, ки дар натиҷаи муомила бо предмети гарав ё аҳд бо даромади предмети гарав ба даст оварда шудааст;

хабарномаи гаравӣ - бланкае, ки дар мақомоти дахлдори адлия оид ба бақайдгирии шартномаи гарав пур карда мешавад ва маълумоти асосиро оид ба гарав ҷиҳати дохил кардани он ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ дар бар мегирад ва роҳи барои дастрасии ҷомеа мутобиқи ҳамин Қонун кушода аст;

мақомоти бақайдгиранда - мақомоти адлия, ки мувофиқи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд ва вазифаи онҳо бақайдгирӣ, таъмини мутобиқати иттилоотии тамоми феҳрастҳои аҳдҳои дорои таъмини гаравӣ ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

феҳрасти ягонаи давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ (минбаъд-Феҳрасти ягонаи давлатӣ)- манбаи иттилоотии маълумоти ӯҳдадориҳои гаравӣ, ки дар мақомоти дахлдори адлия оид ба бақайдгирии шартномаҳои гарав таъсис дода ва пеш бурда мешавад; гарави бақайдгирифташуда - гараве, ки аз расмиёти бақайдгирӣ мувофиқи боби 2 ҳамин Қонун гузаштааст;

идоракунандаи гарав - шахсе, ки гаравгир барои истифода ва идораи амволи гаравӣ аз номи ӯ ва ҳалли ҳар масъалаи бо ин алоқаманд таъин кардааст.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гарави амволи манқул

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гарави амволи манқул ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Моддаи 3. Субъектҳо ва заминаи ба вуҷуд омадани гарави амволи манқул

1. Субъектҳои муносибатҳои гаравӣ гаравгузорон ва нигоҳдорандагони гарав мебошанд, ки онҳо давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда метавонанд.

2. Бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитдиҳанда амалиётҳои ба гарав алоқамандро мутобиқи ҳамин Қонун ва дигар қонунҳо ба амал мебароранд.

3. Гарав дар асоси қонун ё шартномае (шартномаи гараве) ба вуҷуд меояд, ки байни гаравдеҳ ва гаравгир мувофиқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Қонун баста шудааст. Ин гуна шартнома ё шартномаи ҷудогона, ё қисми шартномае шуда метавонад, ки боиси ба вуҷуд омадани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда мегардад.

4. ӯҳдадориҳои гаравӣ ҳангоми дар як вақт мавҷуд будани шартҳои зерин пайдо мешаванд:

1) шартномаи гарав;

2) бо предмети гарав ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ доштани гаравдеҳ.

Моддаи 4. Предмети гарави амволи манқул

1. Предмети гарав амволи манқуле шуда метавонад, ки ба ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ тааллуқ дорад ва аз муомилоти гражданӣ бароварда нашудааст ё ҳуқуқе шуда метавонад, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ихтиёрдорӣ соқит карда шудааст.

2. Ҳуқуқи амволии ба гаравдеҳ тааллуқдошта, ки онро аз ихтиёрдорӣ соқит кардан мумкин аст, аз он ҷумла ҳуқуқи иҷора, ҳуқуқ ба ҳиссаи моликияти умумии якҷоя, талабҳои қарзӣ, ҳуқуқи гирифтани фоида аз ашёе, ки ба гаравдеҳ аз рӯи ҳуқуқи моликият тааллуқ надорад, ҳуқуқи ашёии вобаста ба фаъолияти зеҳнӣ ва фаъолиятҳои ба он баробаркардашуда, ҳуқуқ ба коғазҳои қиматнок дар шакли қайд ва дигар ҳуқуқҳое (талаботе), ки аз ӯҳдадориҳои шартномавӣ бармеоянд, предмети гарав шуда метавонанд. Ҳуқуқи мӯҳлати амалаш муайян танҳо то вақти адои мӯҳлати амалаш предмети гарав шуда метавонад.

3. Предмети гарав инчунин ашё ё ҳуқуқе, ки дар оянда ба вуҷуд омада метавонанд, аз он ҷумла захираҳои минбаъдаи маҳсулоти тавлидшудаи гаравдеҳ ё қарзи дебиторӣ бе ҳеҷ як маҳдудкуниҳо шуда метавонанд.

4. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, ашёи асосие, ки предмети гарав аст, чун ашёи воҳиди томи якҷоя бо лавозимоташ гарав гузошташуда ҳисобида мешавад. Қисми амволе, ки тақсими он дар шакли асл бе тағйири таъиноташ имконнопазир аст (ашёи тақсимнашаванда ), предмети мустақили гарав шуда наметавонанд.

5. Ашёи аз муомилот баровардашуда, талабҳои ба шахсияти қарздор бевосита алоқаманд, аз ҷумла талабҳо дар бораи алиментҳо, ҷуброни зараре, ки ба ҳаёт ё саломатӣ ва дигар ҳуқуқҳо расонда шудааст ва ба каси дигар гузашт намудани онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст, предмети гарав шуда наметавонад.

6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад феҳрасти объектҳоеро қабул намояд, ки онҳо аз сабаби қимати таърихӣ, фарҳангӣ ё аҳамияти амнияти давлатӣ доштанашон предмети гарав шуда наметавонанд.

Моддаи 5. Ҳуқуқи ба гарав мондани амвол ва ҳуқуқ

1. Ҳуқуқи ба гарав мондани амвол ба молик ё соҳиби дигари ҳуқуқи ашёӣ ё ба шахсе, ки ин амвол дар оянда ба моликияти (ё ихтиёрдории) ӯ дохил хоҳад шуд, ба ғайр аз истисноҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тааллуқ дорад.

2. Дар сурати ба гарав мондани ҳуқуқ гаравдеҳ метавонад танҳо шахсе бошад, ки ба ӯ ҳуқуқи ба гарави гузошташуда ба истиснои ҳолатҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад ё тааллуқ хоҳад дошт.

Шахси дорои ҳуқуқи истифода ҳақ дорад ҳуқуқи истифодааш, аз он ҷумла ҳуқуқи иҷораро низ, ки танҳо бо розигии иҷорадиҳанда предмети гарав шуда метавонад, ба гарав гузорад, ба шарте, ки қонун ва ё шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

3.Амволе, ки ба гаравдеҳ бо ҳуқуқи хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ тааллуқ дорад, бо розигии молики он предмети гарав шуда метавонад, агар аз ихтиёрдорӣ соқит кардани он мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии моликро тақозо намояд.

4. Амволеро, ки аз муомилоти гражданӣ хориҷ ё дар муомилот маҳдуд карда шудааст ё амволеро, ки мувофиқи қонун аз он ситондани пардохтҳо мумкин нест, ба гарав мондан раво намебошад.

5. Амволе, ки дар моликияти умумии якҷоя мебошад, танҳо бо розигии хаттии ҳамаи моликон ё мақоми идоракунандае, ки моликон барои идора кардани амвол интихоб кардаанд, ба гарав дода шуда метавонад. Дар сурати баъди ба гарав додани амвол пайдо гардидани дигар моликон розигии онҳо талаб карда намешавад.

6. Иштирокчии моликияти умумии якҷоя ҳақ дорад ҳиссаи дар амволи умумӣ доштаи худро бе розигии дигар моликон ба гарав монад, агар ҳиссаи ҳар яке аз моликон дар ҳуқуқи моликияти умумӣ муайян карда шуда бошад. Дар сурати бо талаби гаравгир аз ҳисоби ин ҳисса ситондани пардохтҳо ҳангоми фурӯши он қоидаҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи бартариятноки хариди ҳисса дар моликияти умумӣ ва дар бораи аз ҳисоби ҳиссаи амволи умумӣ ситондани пардохтҳо татбиқ карда мешавад.

Моддаи 6. ӯҳдадориҳо ва талабҳое, ки гарави амволи манқул таъмин менамояд

1. Дар таъмини ӯҳдадориҳои пулӣ ё дар шакли пулӣ ифодаёфта, аз он ҷумла ӯҳдадорие, ки ба хариду фурӯш, иҷора, пудрат ва дигар шартномаҳои иҷрои мӯҳлатноки ӯҳдадориҳо асос ёфтааст, гарав муқаррар карда шуда метавонад, агар қонун ё шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гарав арзиши ӯҳдадориҳои гаравгирро ҳангоми аз ҳисоби гарави муайян рӯёнидани пардохтҳо, аз он ҷумла қисми пардохтнашудаи маблағи асосии қарз, фоизҳо, ноустуворона, хароҷоти асосноки нигаҳдошт, ки барои нигоҳ доштани арзиши амволи гаравӣ, адои товони зиёнҳое, ки дар натиҷаи гузаронидани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадорӣ расонда шудаанд, инчунин хароҷоти аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳоро таъмин менамояд.

2. Гарав як ё якчанд ӯҳдадориҳоро таъмин карда метавонад. ӯҳдадориҳои зиёд ва ӯҳдадориҳои ояндае, ки таъмини гаравӣ доранд, бо роҳи баёни ӯҳдадориҳои ба гарав дохилкардашуда муайян карда шуда метавонанд.

3. Дар сурати иҷро карда шудани як ӯҳдадорӣ гарав метавонад бе бардоштани манъкуниҳо ӯҳдадориҳои минбаъдаро таъмин намояд, агар шартнома ба худи ҳамон тарафҳо дахл дошта бошад ва инро шартномаи гарав пешбинӣ карда бошад.

4. Гаравдеҳ ҳақ дорад аз гаравгир мутаносиб ба иҷрои ӯҳдадории иҷрокардашуда, ки набояд аз панҷоҳ фоиз камтар бошад, кам кардани предмети гаравро талаб кунад.

Моддаи 7. Шакл ва мундариҷаи шартномаи гарави амволи манқул

1. Шартномаи гарав бояд дар шакли хаттӣ бо роҳи таҳияи ҳуҷҷате, ки тарафҳо имзо кардаанд, баста шавад.

2. Агар гарав ӯҳдадориҳои шартномаеро, ки бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шавад, таъмин намояд, инчунин дар мавридҳои пешбиникардаи созишномаи тарафҳо, шартномаи гарав бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шавад.

3.Дар сурати ба шартномаи қарз ё дигар шартномае, ки таъмини ӯҳдадории гаравӣ дорад, дохил кардани шартномаи гарав нисбат ба шакли ин шартнома бояд талабҳои барои шартномаи гарав муқарраршуда риоя карда шаванд.

4. Риоя накардани қоидаҳои шартномаи гарав, ки дар қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда муқаррар карда шудаанд, боиси беэътибории шартномаи гарав мегардад. Ин гуна шартнома беэътибор ҳисоб карда мешавад.

5. Шартномаи гарав бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

1) ном (ному насаб) ва ҷои воқеияти (ҷои сукунати) тарафҳо;

2) ӯҳдадории асосии бо гарав таъминшуда;

3) ном, арзиши арзёбишаванда, таркиб ва ҷои воқеият, инчунин тавсифи барои муайян намудани предмети гарав кофӣ;

4) маълумот дар бораи мавҷуд будан ё набудани шартномаҳои пешинаи гарав оид ба предмети гарав;

5) намуди гарав;

6) андоза ва мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳое, ки гарав таъмин мекунад.

Тарафҳо метавонанд дар шартномаи гарав дигар шартҳоро пешбинӣ намоянд.

6. Арзиши предмети гарав аз рӯи созишномаи гаравдеҳ ва гаравгир муайян карда мешавад. Он дар шартнома бо пул ифода карда мешавад.

Ҳангоми ба гарав мондани моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ) арзёбии он мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Тарафҳои шартномаи гарав арзёбии предмети гаравро ба нархмони мустақил супурда метавонанд.

7. Тавсифи предмети гарав инфиродӣ ё умумӣ шуда метавонад, зеро он имконият медиҳад, ки предмети гарав дар вақти ба миён омадани масъалаи воқеан ба навбат ё иҷборан ба амал баровардани гарав муайян карда шавад.

8. Дар мавридҳое, ки ӯҳдадории гаравӣ ба ягон шартнома асос ёфтааст, тарафҳои ин шартнома ва санаи баста шудани он бояд нишон дода шаванд.

9. Дар мавриде, ки агар маблағи ӯҳдадории бо гарав таъминшаванда дар оянда муайян карда шавад, дар шартнома тартиб ва дигар шартҳои зарурии муайянкунии он бояд нишон дода шаванд.

10. Дар мавриде, ки агар предмети гарав ҳуқуқи ба гаравдеҳ тааллуқдоштаи иҷора бошад, дар шартномаи гарав амволи ба иҷора гирифташуда ва мӯҳлати иҷораи он бояд нишон дода шуда бошад.

11. Созишномаи даст кашидани гаравдеҳ аз ҳуқуқи худ ё маҳдуд кардани он ё созишномаи пеш аз ҳолати иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳо, предмети гаравиро гирифтани гаравгир эътибор надорад.

Моддаи 8. Гарави минбаъдаи амволи гаравӣ (гаравмонии дубора)

1. Амволе, ки мувофиқи шартномаи гарав барои таъмини иҷрои як ӯҳдадорӣ (гарави пешина) гарав монда шудааст, барои таъмини иҷрои дигар ӯҳдадорӣ (гарави баъдина) ба гарав монда шуда метавонад.

2. Гарави минбаъда мумкин аст, агар онро шартномаҳои пешинаи гаравмонии худи ҳамон амвол, ки амали онҳо ҳангоми бастани шартномаи минбаъдаи гарав қатъ нагардидааст, манъ накарда бошанд. Агар шартномаи пешинаи гарав шартҳоеро пешбинӣ намояд, ки дар асоси онҳо шартномаи минбаъдаи гарав баста шуда метавонад, шартномаи баъдина бояд бо риояи ин шартҳо баста шавад.

3. Гаравдеҳ ӯҳдадор аст ба ҳар як гаравгири минбаъда дар бораи тамоми гаравҳои мавҷудаи амволи муайян, инчунин хусусият ва андозаи ӯҳдадориҳои таъминкардаи ин гарав хаттӣ хабар диҳад ва ӯ барои додани товони зарарҳое, ки дар натиҷаи иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ ба гаравгирҳо расонда шудаанд, ҷавобгар мебошад.

Моддаи 9. Муайян кардани навбати гаравгирҳо

1. Навбати гаравгирҳо ба худи ҳамон як предмети гарав бо санаи бақайдгирии гарав дар мақомоти адлия (гарави ба қайд гирифташуда) ва дар сурати набудани чунин бақайдгирӣ бо санаи баста шудани шартномаи гарав муқаррар карда мешавад.

2. Ҳангоми мавҷуд будани якчанд гаравгир ба худи ҳамон як предмети гарав дар навбатнокӣ ба гарави ба қайд гирифташуда бартарӣ дода мешавад. Дар сурати мавҷуд будани якчанд гарави ба қайд гирифташуда бартарият аз рӯи санаи бақайдгирии гарав ё рақами бақайдгирӣ, ки мақоми бақайдгиранда додааст, муайян карда мешавад.

3. Дар сурати мавҷуд будани якчанд гаравгир ба худи ҳамон як предмети гарави дорои гарави ба қайд гирифташуда ва ба қайд гирифтанашуда бартарӣ дар навбат ба гарави ба қайд гирифташуда дода мешавад ва баъди онҳо навбатнокии гаравҳои ба қайд гирифтанашуда бо санаи баста шудани шартномаи гарав муайян карда мешавад.

4. Дар сурати мавҷуд будани якчанд гаравгир ба худи ҳамон як предмети гарави дорои гарави ба қайд гирифтанашуда бартарӣ дар навбат бо санаи баста шудани шартномаи гарав муайян карда мешавад.

5. Гаравгире, ки мувофиқи ҳамин модда дар навбат аз бартарӣ бархурдор аст, гаравгири пешин дониста мешавад. Дигар гаравгирҳо гаравгирандагони минбаъда мебошанд.

6. Муқаррароти ҳамин модда дар мавридҳои пешбиникардаи моддаи 10 ҳамин Қонун татбиқ карда намешавад.

Моддаи 10. Талабҳои махсуси дигар қарздиҳандагон

Қарздиҳандае, ки ба қарздор барои хариди амвол бо гарави худи ҳамин амвол қарзи мақсаднок додааст, ҳуқуқи махсуси (ғайринавбатии) аз ҳисоби ин амвол қонеъ намудани талабҳои худро дорад.

Моддаи 11. Талабҳои кормандон

1. Талабҳои коркунони гаравдеҳ дар бораи пардохти маош дар ҳудуди маблағи маоши семоҳаи воқеан пардохтнашуда дар навбати қонеъ намудани талабҳо аз ҳисоби амволи гаравӣ бартарӣ дорад, ба истиснои мавридҳои пешбиникардаи қисми 2 ҳамин модда.

2. Муқаррароти қисми 1 ҳамин модда дар мавридҳои пешбиникардаи моддаи 10 ҳамин Қонун татбиқ карда намешавад.

Моддаи 12. Ба гарав мондани амволе, ки бо дигар амвол якҷоя аст

1. Агар предмети гарав ба амволи ғайриманқул вобаста карда шуда бошад, гарави ин амвол танҳо дар сурате эътибори худро нигоҳ медорад, ки агар ҷудо кардани он бе расондани зарари ҷиддӣ ба амволи ғайриманқул мумкин бошад.

2. Агар предмети гарав ба амволи ғайриманқул вобаста карда шуда бошад ва ҷудо кардани он бе расондани зарари ҷиддӣ ба амволи ғайриманқул мумкин набошад, гаравгир ҳақ дорад пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадорӣ ё иваз намудани предмети гаравро талаб намояд.

3. Ҳангоми ба дигар амволи манқул вобаста кардани предмети гарав муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда татбиқ карда мешавад.

Моддаи 13. Нигаҳдорӣ ва таъмири амволи гаравӣ

1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравдеҳ ӯҳдадор аст амволи гаравиро дар ҳолати бенуқсон нигоҳ дорад ва хароҷоти нигаҳдорӣ ва таъмири (ҷорӣ ва асосӣ) ин амволро то вақти қатъи гарав диҳад.

2. Гаравгир ҳуқуқ дорад мавҷудият, ҳолат ва шароити нигоҳдошти амволи бо шартнома ба гарав мондашударо тафтиш кунад.

Моддаи 14. Суғурта

1. Агар шартномаи гарав ба зиммаи гаравдеҳ вазифаи суғуртаи амволи гаравиро гузошта бошад, гарав ба ҳама гуна ҳуқуқи гаравдеҳ марбут ба полиси суғуртавии муайян дахл дорад ва гаравгир бартарии ҳуқуқӣ дорад, ки талаби таъминшудаи худро аз ҳар гуна маблағи минбаъдаи подоши суғуртавӣ бевосита аз ҳисоби суғуртакунанда ва бе розигии гаравдеҳ қонеъ намояд.

2. Гаравгир аз ҳуқуқи қонеъ намудани талаби худ аз подоши суғуртавӣ маҳрум мегардад, агар амвол бо гуноҳи ӯ гум ё нуқсондор шавад.

Моддаи 15. Даромадҳои предмети гарави амволи манқул

1. Даромадҳое, ки гаравгир аз иҷрои аҳдҳо бо амволи гаравӣ (мубодила, хариду фурӯш ва ғайра) ба даст меоварад, предмети гарав мешаванд.

2. Мадохилоте, ки дар натиҷаи истифодаи амволи гаравӣ (самара, маҳсулот, даромадҳо) ба даст оварда шудааст, предмети гарав мегарданд, агар инро шартномаи гарав пешбинӣ карда бошад.

Моддаи 16. Ҳуқуқи шахсони сеюм ба предмети гарави амволи манқул

1. Гаравдеҳ ба амволи гаравӣ бо роҳи фурӯхтан, тӯҳфа кардан, мубодила намудан, онро ба сифати саҳм ба амволи ширкат ва ё ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ ё ба сифати пардохти саҳмҳои аъзои ба амволи кооператив гузоштан ё бо тарзи дигар ихтиёрдорӣ карда метавонад, вале танҳо бо розигии хаттии гаравгир, агар қонун, шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, ё аз худи моҳияти гарав барнаояд.

Гаравдеҳ ҳуқуқ дорад амволи гаравиро мерос гузорад. Шартҳои шартномаи гарав ё дигар созишномаҳое, ки ин ҳуқуқи гаравдеҳро маҳдуд мекунанд, эътибор надоранд.

Шахсе, ки амволи мувофиқи шартномаи гарав ба гаравмондашударо ба таври вориси ҳуқуқӣ, аз он ҷумла дар натиҷаи аз нав ташкилкунии шахси ҳуқуқӣ ё ба таври мерос ба даст овардааст, ба ҷои гаравдеҳ мегузарад ва тамоми ӯҳдадориҳои шартномаи гарав, аз он ҷумла он ӯҳдадориҳоеро, ки аз тарафи гаравгири аввала ба таври матлуб иҷро карда нашуда буданд, ба зимма мегирад, ба шарте ки шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

Агар амволи мувофиқи шартнома гаравмондашуда ба якчанд шахс гузарад, ҳар яке аз ворисони ҳуқуқии гаравдеҳи аввала барои оқибатҳое, ки аз муносибатҳои гаравии иҷро накардани ӯҳдадориҳои бо гарав таъминшуда бармеоянд, ба андозаи қисми амволи ба гаравмондаи ба ӯ гузашта ҷавобгар мебошад.

Агар предмети гарав тақсимнашаванда бошад ё бо дигар асосҳо ба моликияти умумии ворисони ҳуқуқии гаравдеҳ дохил гардад, ворисони ҳуқуқӣ қарздорони муштарак мешаванд.

Гарави амвол новобаста ба он ки ҳангоми ба шахсони дигар гузаштани ин амвол қоидаҳои барои ин гуна гузариш муқарраршуда вайрон карда шуда буданд ё не, эътибори худро нигоҳ медорад.

2. Шахс амволи гаравии аз гарав озодро дар мавридҳои зерин гирифта метавонад:

1) агар шартномаи гарав ё иловаи ба он хаттӣ воридкардашуда мустақиман иҷозат диҳад, ки ба амволи аз гарав озод ё ба нафъи шахси сеюми муайян ихтиёрдорӣ карда шавад;

2) агар амволи гаравмондашуда аз молҳои муомилотӣ иборат бошад;

3) агар фаъолияти гаравдеҳ савдои чакана бошад, шахси сеюме, ки ин гуна амволро дар натиҷаи аҳди оддии чакана мехарад, онро аз гарав озод харидорӣ мекунад, ба истиснои мавридҳое, ки то вақти фурӯш харидор хаттӣ огоҳ карда шуда бошад, ки гаравгир ҳақ дорад ба моли муайян ҳуқуқи гаравии худро татбиқ намояд.

3. Ҳангоми бо вайрон кардани қоидаҳои қисми 1 ҳамин модда аз ихтиёрдорӣ соқит кардани амволе, ки мувофиқи шартномаи гарав ба гарав монда шудааст, гаравгир ҳақ дорад бо салоҳдиди худ талаб намояд ки:

1) аҳди аз ихтиёрдорӣ соқит кардани амволи гаравӣ мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шавад;

2) ӯҳдадории бо гарав таъминшуда пеш аз мӯҳлат иҷро карда, пардохтҳо аз ҳисоби амволи гаравмондашуда, новобаста ба кӣ тааллуқ дорад, рӯёнида шаванд.

4. Агар исбот карда шуда бошад, ки харидори амволи мувофиқи шартномаи гарав ба гарав мондашуда дар вақти харид кардани он медонист ё бояд медонист, ки амвол бо вайрон кардани қоидаҳои қисми 1 ҳамин модда аз ихтиёрдорӣ соқит карда мешавад, ин гуна харидор барои иҷро накардани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда дар ҳудуди арзиши амволи мазкур барои ин ӯҳдадорӣ ҷавобгарии муштарак дорад.

Агар амволи гаравӣ бо вайрон кардани қоидаҳои қисми 1 ҳамин модда аз тарафи гаравдеҳ аз ихтиёрдорӣ дур карда шуда бошад, ки аз рӯи ӯҳдадории бо гарав таъминшуда қарздор нест, бо ин қарздор ҳам харидори амвол ва ҳам гаравдиҳандаи собиқ ҷавобгарии муштарак доранд.

Моддаи 17. Таҳмили ҳуқуқи дигар шахсон ба амволи гаравӣ

1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравдеҳ ҳақ дорад бе розигии гаравгир ӯро огоҳ намуда, амволи гаравмондашударо ба иҷора диҳад, онро ба истифодаи муваққатии ройгон диҳад ва аз рӯи созишнома бо дигар шахс ба ӯ ҳуқуқи истифодаи маҳдудро аз ин амвол (сервитут) бо шартҳои зерин пешкаш намояд:

1) мӯҳлате, ки дар тӯли он амвол ба истифода дода мешавад, аз мӯҳлати ӯҳдадории бо гарав таъминшуда зиёд набошад;

2) амвол ба истифода барои мақсадҳое пешкаш мегардад, ки ба таъиноти амвол мувофиқ аст.

2. Дар сурати аз тарафи гаравгир дар асосҳои пешбиникардаи қонун ё шартномаи гарав аз ҳисоби амволи гаравӣ рӯёнидани пардохтҳо тамоми ҳуқуқи иҷора ва дигар ҳуқуқи истифодаи ин амвол, ки гаравдеҳ ба шахсони сеюми гаравгир баъди бастани шартномаи гарав додааст, дар давраҳои зерин қатъ мегардад:

1) аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби амвол;

2) баъди гузаштани 15 рӯз аз вақти фиристодани огоҳинома дар асоси шартҳои қонеъгардонии талабҳои гаравдеҳ бо тартиби ғайрисудӣ, ки дар шартномаи гарав ё созишномаи қонеъгардонии талабҳои гаравдеҳ бо тартиби ғайрисудӣ, ки ҳамзамон бо шартномаи гарав баста шудааст, ё дар созишномаҳои минбаъдаи гаравдеҳ бо гаравгир пешбинӣ гардидаанд.

3. Амволи ба гарав мондашуда аз тарафи гаравдеҳ ба истифодаи шахси сеюм ба мӯҳлати зиёда аз ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ё барои мақсадҳои ба таъиноти амвол номувофиқ танҳо бо розигии хаттии гаравгир ва ба таври дахлдор огоҳонидани ин шахсон дода шуда метавонад.

4. Аз тарафи гаравдиҳанда ба истифодаи дигар шахс додани амволи гаравмондашуда гаравдеҳро аз иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаи гарав озод намекунад, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 18. Оқибатҳои аз тарафи давлат маҷбуран гирифтани амволи гаравӣ

1. Агар ҳуқуқи моликияти гаравдеҳ ба амволи манқул, ки предмети гарав мебошад, дар асос ва бо тартиби муқарраркардаи қонун, дар натиҷаи мусодира (харида гирифтан) барои эҳтиёҷоти давлат ё ҷамъият, реквизитсия ё милликунонӣ қатъ гардад, ба гаравдеҳ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар амвол ё подоши дахлдор дода мешавад. Гарав ба амволе, ки ба ивази амволи гирифташуда дода шудааст, дахлдор аст ё гаравгир ҳуқуқи бартариноки аз ҳисоби маблағи подоши ба гаравдиҳанда тааллуқдошта қонеъкунии талаботи худро пайдо мекунад.

2. Гаравгире, ки манфиатҳои ӯро ҳуқуқи дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда пурра ҳифз карда наметавонад, ҳақ дорад пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ва аз ҳисоби амволе, ки ба ивази амволи мусодирашуда дода шудааст, адо кардани пардохтҳоро талаб намояд.

3. Дар мавридҳое, ки давлат амволи предмети гаравро аз гаравдеҳ ба намуди санксия барои содир кардани ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкунӣ мегирад (мусодира мекунад), гарав эътиборашро нигоҳ медорад ва гаравгир ҳақ дорад пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ё иваз намудани предмети гаравро талаб намояд.

Моддаи 19. Оқибатҳои талаб кардани (виндакатсияи) амволи гаравӣ

Дар мавридҳое, ки амволи предмети гарав аз гаравдеҳ бо тартиби муқарраркардаи қонун дар он асос мусодира карда мешавад, ки молики ҳақиқии ин амвол шахси дигар (виндикатсия) мебошад, гарав дар хусуси ин амвол қатъ мегардад. Гаравгир баъд аз эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори дахлдори суд ҳақ дорад иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ё иваз кардани предмети гаравро талаб намояд.

Моддаи 20. Гузашт кардани ҳуқуқ (талаб) ва гузаронидани қарз аз рӯи шартномаи гарави амволи манқул

1. Гаравгир ҳуқуқ дорад ҳуқуқи худро аз рӯи шартномаи гарав ба каси дигар диҳад, агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

2. Шахсе, ки ба ӯ аз рӯи шартномаи гарав ҳуқуқ дода шудааст, мувофиқи ин шартнома ба ҷои гаравгири собиқ мегузарад. Гузашти ҳуқуқ аз рӯи шартномаи гарав бояд мувофиқи қоидаҳои муқарраркардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад.

3. Аз тарафи гаравгир аз рӯи шартномаи гарав ба дигар кас гузашт кардани ҳуқуқ дар сурате эътибор дорад, ки агар ба худи ҳамон кас ҳуқуқи оид ба ӯҳдадории бо гарав таъминшуда пешниҳод кардани талаб гузашт карда шуда бошад.

Агар амали дигаре исбот нашуда бошад, гузашти ҳуқуқ аз рӯи шартномаи гарав маънои гузашти ҳуқуқ оид ба ӯҳдадории бо гарав таъминшударо низ дорад.

4. Қарздор ҳақ дорад бо розигии гаравгир (қарздиҳанда) қарзи худро ба зиммаи каси дигар гузаронад. Интиқоли қарз мувофиқи қоидаҳои муқарраркардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

БОБИ 2. БАҚАЙДГИРИИ ГАРАВИ АМВОЛИ МАНҚУЛ

Моддаи 21. Ваколати мақомоти адлия оид ба бақайдгирии гарави амволи манқул

1. Бақайдгирии гаравҳои амволи манқулро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ба ҷо меоваранд.

Тартиби бақайдгирии гаравҳо ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

2. Бақайдгирии гаравҳоро, ки ба сифати онҳо воситаҳои қарзӣ пул, қоғазҳои қиматноки корпоративӣ амал мекунанд, мақомоти ваколатдори (регистрҳои) қоғазҳои қиматнок ба амал мебароранд.

Моддаи 22. Бақайдгирии гарави амволи манқул

1. Бақайдгирии гарав ихтиёрӣ мебошад ва ба мақсадҳои ба гаравгир назар ба дигар гаравгирҳо, ки гарави ба қайд гирифташудаи пешина надоранд, инчунин нисбат ба шахсони сеюм додани ҳуқуқи бартариноки таъмини талабҳои худ ба амал бароварда мешавад.

2. Барои бақайдгирӣ гаравгир ё гаравдеҳ ба мақоми бақайдгиранда хабарномаи гаравӣ пешниҳод менамояд.

3. Лаҳзаи бақайдгирии гарав аз хабарномаи гаравӣ ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ ворид намудани маълумот ва додани рақами бақайдгирӣ мебошад. Дар Феҳрасти ягонаи давлатӣ ба қайд гирифтани гарав бо додани иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ, ки дар давоми се рӯзи бақайдгирӣ дода мешавад, тасдиқ мегардад.

4. Мақоми бақайдгиранда барои мазмун ва дурустии хабарномаи гаравӣ ҷавобгар намебошад.

5. Барои бақайдгирии гарав ва додани иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ боҷи давлатӣ гирифта мешавад, ки онро қонун муайян мекунад.

Моддаи 23. Мазмуни хабарномаи гаравӣ

1. Хабарномаи гаравӣ, ки ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод мегардад, бояд маълумоти зеринро дошта бошад:

1) ном, нишонии гаравдеҳ ва қарздори ӯҳдадории бо гарав таъминшуда, агар ӯ гаравдеҳ набошад, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоб, рақами шиноснома (барои шахсони воқеӣ);

2) ном, нишонии гаравгир ё идоракунандаи гарав, агар ин гуна шахс таъин карда шуда бошад, рақами мушаххаси андозсупоранда, суратҳисоб, рақами шиноснома (барои шахсони воқеӣ);

3) тавсифи предмети гарав, ки барои ҳаммонандсозии он имконият медиҳад;

4) хабарномаи мухтасар, агар барои гарави дубора ягон маҳдудият мавҷуд бошад;

5) имзои гаравдеҳ ё гаравгир ё қарздори ӯҳдадории бо гарав таъминшуда, агар он гаравдеҳ набошад, ё шахсони аз тарафи ӯ ваколатдоркардашуда;

6) сана ва мазмуни шартномаи гарав.

2. Дигар талабҳоро ба хабарномаи гаравӣ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 24. Бақайдгирии тағйироте, ки ба гарави ба қайд гирифташуда ворид карда мешаванд

1. Тағйироти зерине, ки ба гарави ба қайд гирифташуда ворид карда шудаанд, ба таври илова ба қайд гирифта мешаванд:

1) таъин кардан ё озод намудани идоракунандаи гарав, агар идоракунанда баъди бақайдгирии шартномаи гарав таъин ё озод карда шуда бошад;

2) талаби бо гарав таъминшударо гузашт кардани гаравгир;

3) дар ӯҳдадорӣ иваз кардани қарздор;

4) иваз кардани предмети гарав.

2. Бақайдгирии тағйирот дар гарави ба қайд гирифташуда дар асоси хабарномаи гаравии иловагӣ сурат мегирад. Дар хабарномаи гаравии иловагӣ бояд сана, рақами бақайдгирии ибтидоӣ, мазмуни тағйироти шартнома ва имзои гаравгир ё гаравдеҳ мавҷуд бошад.

3. Бақайдгирии тағйироте, ки ба гарави ба қайд гирифташуда дохил карда мешаванд, бо тартиби пешбиникардаи моддаи 22 ҳамин Қонун сурат мегирад.

Моддаи 25. Рад кардани бақайдгирии гарави амволи манқул ё ворид кардани тағйирот ба гарави ба қайд гирифташуда

Мақоми бақайдгиранда ҳақ дорад бақайдгирии гарави амволи манқулро ё ба гарави ба қайд гирифташуда ворид намудани тағйиротро рад кунад, агар талабҳои ҳамин Қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда нашуда бошанд.

Мақоми бақайдгиранда дар давоми се рӯз ба шахси дархосткунандаи бақайдгирӣ бо нишон додани сабабҳои радкунии бақайдгирӣ хабарнома мефиристад.

Моддаи 26. Бекор кардани бақайдгирии гарави амволи манқул

1. Бақайдгирии гарав аз тарафи гаравгир дар давоми 15 рӯзи баъди иҷрои тамоми ӯҳдадориҳое, ки гарави ба қайд гирифташуда ба онҳо дахл дорад, бояд бекор карда шавад.

2. Шахсе, ки муқаррароти қисми 1 ҳамин моддаро вайрон кардааст, вазифадор аст подоши хароҷоти суратгирифтаро диҳад.

3. Дар сурати аз тарафи гаравгир иҷро карда нашудани ӯҳдадории пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда гаравдеҳ ё дигар шахси манфиатдор ҳақ дорад бо тартиби судӣ бекор кардани бақайдгирии шартномаи гаравро талаб намояд.

Моддаи 27. Дастрасӣ ба Феҳрасти ягонаи давлатӣ

Маълумоти Феҳрасти ягонаи давлатӣ озод мебошанд. Ҳар шахс метавонад мувофиқи қисми 5 моддаи 22 ҳамин Қонун боҷи давлатиро пардохт карда, аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ иқтибос гирад.

ФАСЛИ II НАМУДҲОИ ГАРАВИ АМВОЛИ МАНҚУЛ

БОБИ 3. ГАРАВ БО НИГОҲ ДОШТАНИ ПРЕДМЕТИ ГАРАВИ ДАР ДАСТИ ГАРАВГИР (ГАРАВИ ДОДАШУДА (ЗАКЛАД)

Моддаи 28. Мафҳуми гарави додашуда (заклад)

1. Гарави додашуда (заклад) - намуди гарав, ки дар ин сурат амволи гаравӣ аз тарафи гаравдеҳ ба тасарруфи гаравгир мувофиқи шартномаи гарав супурда мешавад.

2. Мувофиқи созиши гаравгир бо гаравдеҳ предмети гарав дар дасти гаравдеҳ бо қулфу мӯҳри гаравгир (гарави устувор) монда шуда метавонад. Ашёи муайяни инфиродӣ дар тасарруфи гаравгир бо гузоштани аломатҳои дар бораи гарав шаҳодатдиҳанда монда шуда метавонад.

3. Қоидаҳои ҳамин фасл нисбат ба гарави устувор татбиқ карда мешаванд, зеро ба кор бурдани онҳо ба моҳияти муносибатҳои гаравгир ва гаравдеҳ ҳангоми ин гуна гарав мухолифат намекунад.

Моддаи 29. Ҳуқуқу вазифаҳои гаравгир ҳангоми гарави додашуда (заклад)

1. Гаравгир ҳақ дорад предмети гарави додашударо (закладро) танҳо дар ҳаҷми пешбиникардаи шартномаи гарав истифода намояд, ба истиснои мавридҳое, ки амволи гаравӣ дар шакли нақдинаи ҳисобномаи бонк пешниҳод гардида, гаравгир бонк бошад.

Нафъи амволи предмети гарави додашуда (заклад) дар навбати аввал барои пӯшонидани хароҷоти гаравгир ҷиҳати нигаҳдошт ва эҳтиёт кардани амволи гаравӣ, баъд барои пардохти фоизи маблағи асосии қарз равона карда мешавад.

2. Агар нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиши амволи гаравӣ бе гуноҳи гаравгир ҷой дошта бошанд ва онҳоро хусусият ё таркиби амволи гаравӣ ба вуҷуд оварда бошад, гаравгир талаб карда метавонад, ки предмети гарав иваз карда шавад ва товони ҳар зараре, ки дар натиҷаи ин гаравгир дидааст, пардохт гардад.

3. Ҳангоми гарави додашуда (заклад) гаравгир, агар ҳамин Қонун ё шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, вазифадор аст:

1) ба андозаи маъқули ҷисман солим нигоҳ доштани амволи гаравӣ чораҳои пешбиникардаи шартнома ё зарурро андешад, ғайр аз ин, гаравдеҳ тамоми хароҷотро талофӣ мекунад, агар ин дар шартномаи гарав шарҳу эзоҳ дода шуда бошад;

2) дар бораи осеб дидан ё нобуд шудани амволи гаравӣ, инчунин ҳама гуна таҳдид (хатар) нисбат ба ҳамин амвол фавран ба гаравдеҳ хабар диҳад;

3) дар бораи истифодаи амволи гаравӣ ба гаравдеҳ мунтазам ҳисобот равона намояд;

4) предмети гарави додашударо (закладро) дар ҳаҷми арзишаш аз ҳисоби гаравдеҳ ва ба нафъи ӯ суғурта кунад;

5) амволи гаравиро ба таври дахлдор нигоҳдорӣ намояд;

6) дар давоми се рӯзи баъди иҷрои ӯҳдадории таъминшуда предмети гарави додашударо (закладро) гардонад, агар гаравгир сабаби узрноки ба таъхир андохтанро, ки ҳангоми бастани шартномаи гарав пешбинӣ кардан мумкин набуд, нишон надиҳад.

Моддаи 30. Ҳуқуқу вазифаҳои гаравдеҳ ҳангоми гарави додашуда (заклад)

1. Гаравдеҳ ҳуқуқ дорад, ки ба амволи гаравӣ бо мақсади муайянкунии шароити дахлдори нигоҳдорӣ ва истифодаи он дастрасии воқеӣ дошта бошад.

Дар сурати ҷой доштани таҳдиди нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиши амволи гаравӣ бо гуноҳи гаравгир гаравдеҳ ҳақ дорад бартараф намудани ҳолатҳоеро талаб кунад, ки боиси нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиши амволи гаравӣ мегарданд.

2. Гаравдеҳ ҳақ дорад ҳар вақт пеш аз мӯҳлат қатъ намудани гарави додашударо (закладро) бо роҳи иҷрои ӯҳдадории бо гарави додашуда (заклад) таъминшуда талаб намояд, агар дар шартномаи гарав дигар шарту шароит пешбинӣ нашуда бошад.

Дар сурате, ки агар ӯҳдадорӣ қарзи пулӣ ва гаравдеҳ шахси воқеӣ бошад, гаравдеҳ гарави додашударо (закладро) пеш аз мӯҳлати муқарраркардаи шартномаи гарав бо роҳи пардохти қарзи бо гарави додашуда (заклад) таъминшуда қатъ намояд, агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

3. Агар гаравдеҳ хабар ёбад, ки ба амволи гаравӣ на бо гуноҳи гаравгир, балки бинобар хусусият ё таркиби амволи гаравӣ хатари нобудшавӣ, осебёбӣ ё камшавии арзиш таҳдид кардааст, ӯ дар ин бора ба гарвгир бе таъхир хабар медиҳад ва ҳифзи онро талаб мекунад.

Моддаи 31. Ҷавобгарии гаравгир ҳангоми гум ё хароб шудани гарави додашуда (заклад)

Агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравгир ҳангоми гарави додашуда (заклад) барои гум ё хароб шудани амволи гаравӣ дар назди гаравдеҳ ҷавобгар аст, агар исбот накунад, ки ин на бо гуноҳи ӯ ба амал омадааст. Андозаи зараре, ки гаравгир товонашро медиҳад, бо роҳи ҳисоби маблағе, ки арзиши бозории амволи гаравӣ ҳангоми супурдани амволи гаравӣ тарафҳо мувофиқа кардаанд ва дар сурати набудани чунин созиш назар ба арзиши бозорӣ дар лаҳзаи гарави додашуда (заклад) ба андозаи он кам шудааст, муайян карда мешавад.

Моддаи 32. Гаравхонаҳо (ломбардҳо)

1. Гаравхонаҳо (ломбардҳо) ташкилоти махсусгардонидашудае мебошанд, ки ба гаравмонии ашё чун воситаи таъмини қарз бе ситондани ӯҳдадориҳои иловагӣ аз гаравдеҳ ҳангоми ҳама гуна адо накардани қарз машғуланд.

2. Гаравмонии ашё дар гаравхона (ломбард) мувофиқи моддаи 387 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

3. Нисбат ба гаравхонаҳо (ломбардҳо) муқаррароти боби 6 ҳамин Қонун истифода намешаванд.

4. Гаравхона (ломбард) барои гум ё осеб дидани моли ба гарав гузошташуда, агар исбот карда натавонад, ки гум ё осеб ёфтани мол ба қувваи рафънопазир вобаста аст, масъулият дорад.

5. Чиптаи гарав, ки гаравхона (ломбард) додааст, эътибори шартномаи гаравро дорад.

Моддаи 33. Гаравмонии воситаҳои пулӣ

1. Гаравмонии воситаҳои пулӣ танҳо бо роҳи ба тасарруфи гаравгир додани онҳо сурат гирифта метавонад. Пули нақдеро, ки гаравгир ба шахсе, ки бонк намебошад, медиҳад, ӯ дар ҳисобномаи депозитии бонк ё идораи нотариалӣ маҳфуз медорад. Фоизҳое, ки ба ин маблағ ҳисоб карда монда шудаанд, ба гаравдеҳ тааллуқ доранд.

2. Бонке, ки ҳисобномаи муштариро дорад, ҳақ дорад аз ин муштарӣ воситаҳои пулии дар ҳисобномаи ӯ бударо барои таъмини кредитҳои бонк ба муштарӣ (гаравдеҳ) ё шахси сеюм, бо мувофиқаи тарафҳо ба сифати гарав гирад. Ин гуна гарав гарави додашуда (заклад) ҳисоб меёбад

3. Воситаҳои муштарии бонк (гаравдеҳ), ки дар ҳисобномаи муштарӣ дар бонк мебошанд, ба сифати предмети гарав (гарави додашуда (заклад) дар назди шахси сеюм (гаравгир) бо мувофиқаи тарафҳо баромад карда метавонанд.

4. Маблағҳое, ки предмети гарав мебошанд, аз ҳисоби муштарӣ дар бонк (гаравдеҳ) бе розигии гаравгир пардохт карда шуда наметавонанд, агар ба бонк гаравдеҳ ва гаравгир дар хусуси гарави воситаҳои дар ҳисоби дар бонк доштаи муштарӣ хаттӣ хабар дода бошанд ва тасдиқномаи хаттии бонк мавҷуд бошад.

БОБИ 4. ГАРАВ БО МОНДАНИ АШЁИ ГАРАВӢ ДАР ДАСТИ ГАРАВДЕҲ

Моддаи 34. Предмети гарав бо мондани ашёи гарав дар дасти гаравдеҳ

1. Амволи манқул ва ашёи аз муомилоти гражданӣ бароварданашуда бо созиши тарафҳо предмети гарав бо мондани ашёи гаравӣ дар дасти гаравдеҳ шуда метавонанд.

2. Самараҳои ҷудошаванда предмети гараве, ки дар қисми 1 ҳамин модда нишон дода шудааст, танҳо ба шарте шуда метавонанд, ки агар онҳо аз лаҳзаи ҷудошавӣ объекти ҳуқуқи шахси сеюм нашаванд.

Моддаи 35. Ҳуқуқи гаравгир ҳангоми гаравмонии ашёе, ки дар дасти гаравдеҳ монда мешавад

1. Агар предмети гарав дар дасти гаравдеҳ бошад, гаравгир, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, ҳуқуқ дорад, ки:

1) ба амвол, инчунин ба ҳар ҳуҷҷати мавҷудаи он, ки барои тафтиши андоза, ҳолат ва шароити нигоҳдорӣ ё истифодаи амволи гаравӣ зарур аст, дастрасии воқеӣ пайдо намояд;

2) қатъ кардани ҳама гуна қасдро ба предмети гарав, ки таҳдиди нобудкунӣ, харобкунӣ ё камкунии арзиши онро дорад, талаб кунад;

3) аз гаравдеҳ андешидани чораҳои ба ҳифзи предмети гарав равона кардашударо бо асос талаб намояд;

4) дар сурати харобшавии амволи гарав на бо гуноҳи гаравгир, барқарор ё иваз намудани амволи гаравиро ё пеш аз мӯҳлат адо кардани қарз (қисми дахлдори қарз)-ро сарфи назар аз мӯҳлатҳои мувофиқашудаи пардохт талаб намояд;

5) дигар ҳуқуқҳоро, ки шартномаи гарав додааст ва онҳо ба ҳамин Қонун мухолифат намекунанд, татбиқ намояд.

2. Дар сурати иҷро накардани талаби гаравгир аз ҷониби гаравдеҳ оид ба иваз намудани амволи гаравӣ мутобиқи банди 4 қисми 1 ҳамин модда гаравгир метавонад пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадории таъминшударо талаб кунад ва аз ҳисоби амволи гаравӣ пардохтҳоро рӯёнад.

Моддаи 36. Ҳуқуқу вазифаи гаравдеҳ ҳангоми ба гарав гузоштани ашё бо мондани он дар дасти гаравдеҳ

1. Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравдеҳ ҳангоми ба гарав гузоштани ашё бо мондани он дар дасти гаравдеҳ ҳуқуқ дорад:

1) предмети гаравро мувофиқи хусусият ва таъиноташ соҳибӣ ва истифода намояд;

2) дигар ҳуқуқеро, ки шартномаи гарав додааст, ба амал барорад.

2. Гаравдеҳ ҳангоми гаравмонӣ бо гузоштани ашёи гаравӣ дар дасти ӯ, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, вазифадор мебошад:

1) тамоми чораҳоеро андешад, ки барои беосеб нигоҳ доштани предмети гарав, аз он ҷумла ба ҷо овардани таъмири асосӣ ва ҷорӣ мувофиқи шартнома заруранд;

2) аз ҳисоби худ предмети гарави дар дасти ӯ мондаро дар ҳаҷми пуррааш суғурта намояд;

3) дар сурати нобуд шудани предмети гарав бо розигии тарафҳо онро барқарор ё бо ашёи ҳамарзиши бо нархи бозории на камтар аз арзиши предмети гарави гумшуда иваз кунад ё қарз (як қисми дахлдори қарз)-ро, сарфи назар аз мӯҳлатҳои мувофиқакардаи тарафҳо, пардохт намояд;

4) гаравгирро дар бораи ба иҷора додани предмети гарав огоҳ намояд;

5) ба гаравгир имконияти дастрасии воқеиро ба амвол, инчунин ба ҳар ҳуҷҷати барои он мавҷудбуда, ки барои тафтиши андоза, ҳолат ва шароити нигоҳдошт ё истифодаи амволи гаравӣ зарур аст, диҳад.

Моддаи 37. Ба гарав гузоштани молҳои дар муомилотбуда

1. Молҳои дар муомилотбуда захираҳои молӣ-моддӣ, ашёи хом, маҳсулоти нимтайёр ва тайёре ҳисобида мешаванд, ки дар давоми вақт истифода ва пурра карда шуда метавонанд. Мувофиқи ҳамин модда ин гуна молҳоро, ки ба онҳо тавсифи умумие додан мумкин аст, ки аз рӯи он муқаррар кардани мол имконпазир мебошад, ба гарав мондан мумкин аст. Шартномаи гарави молҳои дар муомилотбуда бояд шакли моли гаравро муайян намояд, хусусиятҳои ба он хос, арзиши умумӣ, ҷои воқеиятро тавсиф намояд ва бо ҳамин роҳ ҳар молеро баён кунад, ки онро барои иваз намудани амволи гаравӣ истифода кардан мумкин аст.

2. Ҳангоми гаравмонии молҳои дар муомилотбуда предмети гарав молҳои арзишашон муайяне мебошанд, ки аз рӯи воҳиди миқдор, андоза ва ё ҳаҷми мол муайян карда мешаванд. Агар дар шартнома дигар шарту шароит пешбинӣ нашуда бошад, гаравдеҳ ҳақ дорад предмети гаравро тавре иваз намояд, ки арзиши умумии мол назар ба арзиши дар шартномаи гарав нишондодашуда камтар набошад, предмети гаравро бе розигии гаравгир бегона намояд. То вақти пурра кардани предмети гарав, ки ба сифати он молҳои дар муомилотбуда баромад мекунанд, воситаҳои пулие, ки аз фурӯши онҳо ба даст омадаанд, ба сифати предмети гарав амал мекунанд.

Тарафҳо камшавии арзиши умумии гарави молҳои дар муомилотбударо мутобиқи қисми иҷрошудаи ӯҳдадории бо ҳамин гарав таъминшуда пешбинӣ карда метавонанд.

3. Гарави молҳои дар муомилотбуда гарави молҳое эътироф мегарданд, ки дар дасти гаравдеҳ монда мешаванд. Ҳангоми гарави молҳои дар муомилотбуда ва коркарди дубора гаравдеҳ ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории предмети гаравро бо риояи қоидаҳои ҳамин боб нигоҳ медорад.

4. Он молҳои дар муомилотбуда, ки гаравдеҳ мувофиқи шартҳои шартномаи гарави молҳои дар муомилотбуда пайдо кардааст, аз лаҳзаи ба дасти гаравдеҳ бо ҳуқуқи моликият ё дигар ҳуқуқи ашёӣ гузаштан предмети гарав мешаванд. Молҳое, ки дар муомилот мебошанд, аз лаҳзаи ба моликият, пешбурдӣ хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии харидор гузаштан дигар предмети гарав намебошанд.

5. Аз лаҳзаи ба гаравдеҳ аз тарафи гаравгир супурдани хабарнома дар бораи рӯёнидани пардохтҳо мувофиқи боби 6 ҳамин Қонун ба гаравдеҳ манъ карда мешавад, ки ба ҳар моли мавриди гардиш ихтиёрдорӣ намояд.

БОБИ 5. ГАРАВИ ҲУҚУҚ

Моддаи 38. Гарави ҳуқуқ

1. Дар сурате, ки предмети гарав қарзи пулии ба гаравдеҳ тааллуқдошта мебошад, гаравдеҳ вазифадор нест, ки ба истиснои мавридҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздори худро аз он хабардор намояд, ки қарзи ӯ ба гарав монда шудааст. Қарздоре, ки қарзи ӯ ба гарав монда шудааст, онро бо роҳи пардохтҳо ба гаравгир ё ба шахсе, ки ӯро гаравдеҳ таъин мекунад, адо карда метавонад, танҳо ба шарте, ки гаравдеҳ ё гаравгир ба қарздор дар бораи мавҷуд будани гарав хабар надиҳанд. Баъди ба қарздор супурдани ин гуна огоҳинома гаравгир метавонад қарзҳоро дар бобати қарзи ба гарав мондашудаи ба гаравдеҳ тааллуқдошта бевосита пайгирӣ намояд ва қарзи ба гарав мондашуда танҳо бо роҳи пардохти он ба гаравгир ё ба шахсе, ки гаравгир таъин кардааст, адо карда шуда метавонад.

2. Агар предмети гарав ӯҳдадории шартномавии шахси сеюм дар назди гаравдеҳ бошад, ки қарзи пулӣ нест, ин гуна ӯҳдадории шартномавӣ аз тарафи ӯҳдадоршаванда мувофиқи аҳду паймон бо гаравгир қонеъ гардонда мешавад. Дар ин маврид гаравгир баъди ин, ки ҳама гуна арзиш мувофиқи шартнома ба ихтиёри гаравдеҳ мегузарад, қаноатмандӣ пайдо карда метавонад.

Гаравгир қаноатмандиро бевосита аз тарафи ӯҳдадоршаванда мувофиқи ӯҳдадории шартномавӣ танҳо баъди он пайдо карда метавонад, ки гаравгир нусхаи хабарномаро дар бораи маҷбуран ситонидан ба тарафи ӯҳдадоршаванда фиристонад ва ба он ишорат мекунад, ки гаравгир мувофиқи ҳамин Қонун ҳуқуқи худро оид ба маҷбуран иҷро намудани ӯҳдадории шартномавии тарафи ӯҳдадоршавандаро дар назди гаравдеҳ ба амал мебарорад.

3. Дар шартномаи гарави ҳуқуқе, ки арзиши пулӣ надорад, арзиши предмети гарав мувофиқи созиши тарафҳо муайян карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

4. Агар қарздори гаравдеҳ то аз тарафи гаравдеҳ иҷро карда шудани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ӯҳдадории худро иҷро карда бошад, тамоми даромадҳои дар ин маврид ба дастовардаи гаравдеҳ предмети гарав мегардад, ки гаравдеҳ вазифадор аст дар ин бора фавран ба гаравгир хабар диҳад.

Дар сурати аз қарздори худ аз ҳисоби иҷрои ӯҳдадориҳо гирифтани маблағ гаравдеҳ вазифадор аст бо талаби гаравгир аз ҳисоби иҷрои ӯҳдадориҳои бо гарав таъминшуда маблағҳои дахлдорро интиқол диҳад, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро муқаррар накарда бошад.

Моддаи 39. Вазифаҳои гаравдеҳ ҳангоми гарави ҳуқуқ

Агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравдеҳ ҳангоми гарави ҳуқуқ вазифадор аст:

1) ҳуқуқи ба гаравгузошташударо ба каси дигар надиҳад;

2) амалиётҳоеро анҷом надиҳад, ки боиси қатъ гардидани ҳуқуқи ба гаравгузошташуда ё камшавии арзиши он мегардад;

3) барои таъмини ҳақиқӣ будани ҳуқуқи гаравшуда амалиётҳои заруриро ба ҷо оварад;

4) барои ҳифзи ҳуқуқи ба гаравгузошташуда аз қасдҳои тарафи шахсҳои сеюм тамоми чораҳоро андешад;

5) ба гаравгир дар бораи ҳар гуна тағйироти ҳуқуқи ба гаравгузошташуда, дар бораи вайронкунии он аз тарафи шахсони сеюм ва даъвои шахсони сеюм ба ин ҳуқуқ хабар диҳад.

Моддаи 40. Ҳуқуқи гаравгир ҳангоми гарави ҳуқуқ

Агар шартнома дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад, гаравгир ҳангоми гарави ҳуқуқ ҳақ дорад:

1) сарфи назар аз расидани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ба суд бо даъвои ба худаш интиқол додани ҳуқуқи ба гаравгузошташуда муроҷиат намояд, агар гаравдеҳ вазифаҳои пешбиникардаи моддаи 39 ҳамин Қонунро риоя накарда бошад;

2) дар сурати талаботи пешбиникардаи банди 4 моддаи 39 ҳамин Қонунро иҷро накардани гаравдеҳ мустақилона чораҳое андешад, ки ба ҳифзи ҳуқуқи ба гаравгузошташуда аз қонуншиканиҳои шахси сеюм нигаронида шудаанд;

3) ба парвандае, ки дар он даъво дар бораи ҳуқуқи ба гаравгузошташуда баррасӣ мегардад, ба сифати шахси сеюм дохил шавад.

ФАСЛИ III АЗ ҲИСОБИ АМВОЛИ ГАРАВӢ РӯЁНИДАНИ ПАРДОХТҲО

БОБИ 6. АЗ ҲИСОБИ АМВОЛИ ГАРАВӢ РӯЁНИДАНИ ПАРДОХТҲО

Моддаи 41. Асоси аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо

1. Пардохт аз ҳисоби предмети гарав барои қонеъ намудани талаботи гаравгир (қарздиҳанда), ки дар ҳамин Қонун нишон дода шудааст, дар сурати ӯҳдадории бо гарав таъминшударо иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани қарздор рӯёнида шуда метавонад, чунончи:

1) вайрон кардани тартиб ва мӯҳлатҳои пардохти фоизҳо, ки шартнома муқаррар кардааст;

2) вайрон кардани тартиб ва мӯҳлатҳои пас гардонидани маблағи қарзи асосии муқарраркардаи қонун ё шартнома;

3) талаботи гаравгирро дар бораи пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда иҷро накардани қарздор дар мавридҳои пешбиникардаи моддаи 42 ҳамин Қонун;

4) дар дигар мавридҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома.

2. Аз ҳисоби амволи гаравӣ рӯёнидани пардохтҳо бо тартиби пешбиникардаи шартномаи гарав ба амал бароварда мешавад, агар ҳамин Қонун дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад. Ҳангоми номувофиқии шартҳои шартномаи гарав ва шартҳои ӯҳдадории бо гарав таъминшуда дар хусуси талаботе, ки бо роҳи аз ҳисоби амволи гаравӣ рӯёнидани пардохтҳо қонеъ карда шуда метавонанд, бартарӣ ба шартҳои шартномаи гарав дода мешавад.

3. Аз ҳисоби амволи гаравӣ рӯёнидани пардохтҳо рад карда шуда метавонад, агар вайронкунии ӯҳдадории бо гарав таъминшудаи қарздор ночиз бошад ва андозаи талаботи гаравгиранда дар натиҷаи ин бо арзиши амволи гаравӣ баръало мувофиқ набошад.

Моддаи 42. Аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо дар сурати қонеъ накардани талаботи оид ба пеш аз мӯҳлат иҷро намудани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда

1. Гаравгир ҳақ дорад пеш аз мӯҳлат иҷро кардани ӯҳдадории бо гарав таъминшударо талаб намояд, вале агар ин талаб иҷро карда нашавад, пардохтҳоро аз ҳисоби предмети гарав дар мавридҳои зерин ситонад:

1) қоидаҳои ихтиёрдории предмети гаравро вайрон кардани гаравдеҳ ё аз соҳибияти гаравдеҳ баромадани предмети гарав;

2) қоидаҳои иваз ё барқарор кардани предмети гаравро вайрон намудани гаравдеҳ;

3) гум кардани предмети гарав дар ҳолатҳое, ки гаравдеҳ барои онҳо ҷавобгар намебошад, агар гаравдеҳ аз ҳуқуқи иваз ё барқарор кардани предмети гарав истифода накарда бошад;

4) қоидаҳои гаравмонии минбаъдаро вайрон кардани гаравдеҳ;

5) ӯҳдадориҳои нигоҳдорӣ ва эҳтиёт намудани предмети гаравро вайрон кардани гаравдеҳ;

6) ӯҳдадориҳои худро дар бораи огоҳонидани гаравгир аз ҳуқуқи ба предмети гарав доштани шахсони сеюм вайрон кардани гаравдеҳ;

7) ӯҳдадориҳои пардохти фоизҳо ё дигар маблағҳои пешбиникардаи ӯҳдадории бо гарав таъминшударо мунтазам ( бештар аз ду маротиба) вайрон кардани қарздор;

8) дар дигар мавридҳои пешбиникардаи қонун ё шартномаи гарав.

Моддаи 43. Навбати қонеъгардонии талабҳои гаравгирҳо

1. Талабҳои гаравгири баъдина аз ҳисоби арзиши предмети гарав баъди қонеъ гардонидани талабҳои гаравгири пешина қонеъ карда мешаванд.

2. Навбати қонеъ гардонидани талабҳо мувофиқи ҳамин Қонун бо розигии хаттии гаравгирҳо тағйир дода шуда метавонад.

3. Дар сурати бо талаби гаравгири баъдина аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо талабҳои гаравгири баъдина баъд аз қонеъ кунондани талабҳои гаравгирони пешина қонеъ гардонда мешаванд, ҳатто агар мӯҳлати қонеъкунии онҳо нарасида бошад.

4. Дар сурати бо талаби гаравгири пешина аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо, ҳамзамон бо талаби гаравгири баъдина аз ҳисоби ин предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо раво мебошад, ки мӯҳлати пешниҳоди рӯёнидани онҳо ҳанӯз нарасидааст.

Талаботи гаравгирҳои баъдина набояд пеш аз мӯҳлат қонеъ гардонда шаванд, агар барои қонеъ гардондани талабҳои гаравгирҳои пешина аз ҳисоби як қисми предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо кофӣ бошад.

5. Гаравгири баъдина, ки амволи гаравӣ дар ихтиёри ӯ мебошад, вазифадор аст:

1) ба гаравгирҳои пешина дар бораи ниятҳои худ оид ба фурӯхтани амволи гаравӣ хабар диҳад;

2) бо талаби гаравгирандаи пешина амволи гаравиро ба тасарруфи ӯ супорад.

Агар ин талабҳо иҷро нашуда бошанд, гаравгири баъдина, ки амволро мефурӯшад, дар назди гаравгири пешина ҷавобгарии амволӣ дорад.

6. Ҳангоми аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо талабҳои гаравгири баъдина аз ҳисоби арзиши предмети гарав баъди талабҳои худро қонеъ гардонидани гаравгири пешина қонеъ карда мешаванд.

7. Агар гаравгири гаравҳои пешина ва минбаъда худи ҳамон як шахс бошад, қоидаҳои ҳамин модда татбиқ намешаванд. Дар ин маврид талабҳои бо ҳар яке аз гаравҳо таъминшуда бо навбат, мувофиқи мӯҳлатҳои дахлдори иҷрои ӯҳдадориҳои дахлдор қонеъ карда мешаванд, агар қонун ё созишномаи тарафҳо дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

8. Агар маблағи аз фурӯши иҷбории амволи гаравӣ ба дастомада, ки он мувофиқи фасли III ҳамин Қонун ба амал бароварда мешавад, барои пардохти талабҳои гаравгирҳои навбати минбаъда кифоя набошад, талабҳои онҳо чун талабҳои таъминнабуда қатъ мегарданд, катъи назар аз қонунӣ будани ин талабҳо, агар шартномаи гарав дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 44. Тартиби аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо

1. Барои оғоз кардани расмияти аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ ё cудӣ рӯёнидани пардохтҳо гаравгир вазифадор аст:

1) дар бораи оғоз кардани расмиёти аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо хабарнома тартиб диҳад;

2) хабарномаи хаттиро ба қарздор ( ва ба гаравдеҳ, дар сурате, ки агар ӯ ҳамзамон қарздор набошад) ба таври дахлдор супорад;

3) нусхаҳои хабарномаро ба гаравгирҳои пешина ва баъдина фиристад.

2. Хабарнома дар шакли хаттӣ тартиб дода шуда, бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:

1) тавсифи ӯҳдадории иҷронашуда ё ба таври номатлуб иҷро кардашуда, ки дар хусуси он расмиёти рӯёнидани пардохтҳо оғоз карда мешавад;

2) пешниҳод дар бораи иҷрои ихтиёрии ӯҳдадориҳо, аз ҷумла пардохти маблағҳои тамоми қарзҳо дар давоми мӯҳлате, ки аз вақти хабардоркунии дахлдори қарздор (гаравдеҳ) аз 20 рӯз камтар шуда наметавонад;

3) огоҳонӣ дар бораи имконпазирии оғози расмиёти аз ҳисоби предмети гарав иҷборан рӯёнидани пардохтҳо ё пешниҳод дар бораи рӯёнидани пардохт бо тартиби пешбиникардаи моддаи 46 ҳамин Қонун;

4) дигар маълумоте, ки ба андешаи гаравгир зарур мебошанд;

5) санаи хабарнома ва имзои гаравгир ё шахси ваколатдоркардаи ӯ.

Моддаи 45. Амалҳои қарздор (гаравдеҳ) баъди гирифтани хабарнома дар бораи оғоз намудани расмиёти рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав

Ҳангоми гирифтани хабарнома қарздор (гаравгир) ҳуқуқ дорад:

1) пешниҳоди гаравгирро дар бораи ихтиёран иҷро кардани ӯҳдадориҳо қонеъ намояд;

2) ба суд бо даъвои рад кардани асосҳои рӯёнидани пардохтҳо мувофиқи қисми 6 моддаи 46 ҳамин Қонун муроҷиат намояд, агар тартиби ғайрисудии рӯёнидани пардохтҳоро шартномаи гарав ё созишномаи ҷудогона муқаррар карда бошад;

3) дар сурати мавҷуд будани баҳс оид ба ҳалли он бе муроҷиат ба суд чораҷӯӣ намояд ё ба суд бо талаби бозхости хабарнома аз тарафи гаравгир муроҷиат намояд.

Моддаи 46. Тартиби ғайрисудии аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо

1. Аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ рӯёнидани пардохтҳо дар асосҳои зерин сурат мегирад:

1) шартномаи гарав ё созишнома, ки дар онҳо шартҳои тартиби рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби гарав бо тартиби ғайрисудӣ нишон дода шудааст;

2) навиштаҷоти иҷроияи нотариус мувофиқи қисми 7 ҳамин модда.

2. Рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав мувофиқи шартномаи гарав ё созишнома дар бораи қонеъ намудани талаботи гаравгир бо тартиби ғайрисудӣ баъди фиристондани хабарнома, ки моддаи 44 ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст, ба амал бароварда мешавад.

3. Шарти қонеъ намудани талаботи гаравгир бо тартиби ғайрисудӣ ба гаравгир ҳуқуқ медиҳад, ки баъди супурдани хабарнома ва гузаштани мӯҳлати дар он нишон додашуда бе розигии иловагии гаравдеҳ бо роҳи гузаронидани музояда ё бо тарзи дигар, ки шартномаи гарав ё созишнома муайян кардааст, предмети гаравро фурӯшад.

4. Тарафҳо дар созишнома дар бораи қонеъ намудани талаботи гаравгир бо тартиби ғайрисудӣ бояд инҳоро нишон диҳанд:

1) ном ва ҷои будубоши (ҷои сукунати) тарафҳо;

2) ном, нархи ибтидоии (оғозии) предмети гарав, ки дар асоси созишномаи гаравдеҳ ва гаравгир муайян карда мешавад, таркиб ва ҷои будубоши, инчунин тавсифи барои ҳаммонандсозии предмети гарав кифоякунанда;

3) маблағе, ки қарздор бояд ба гаравгир дар асоси ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ва шартномаи гарав пардозад ва агар гаравдеҳ шахси сеюм бошад, инчунин гаравдеҳ ҳам нишон дода шавад;

4) розигии тарафҳо ба рӯёнидани пардохтҳо ва фурӯши предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ;

5) қоидаеро дар барои он, ки гаравдеҳ барои бастани аҳдҳои, ки бо фурӯши предмети гарав алоқаманданд ваколатҳо дорад;

6) фурӯши предмети гарав бо яке аз усулҳое, ки дар ҳамин Қонун нишон дода шудаанд;

7) тартиби тақсими маблағе, ки аз фурӯши предмети гарав ба даст омадааст;

8) номгӯй (номи) гаравгирони пешина ва баъдинаи предмети гарав (агар онҳо мавҷуд бошанд);

9) номгӯй (номи) шахсони сеюме, ки ҳуқуқи ашёӣ ва ҳуқуқи истифодаи предмети гаравро доранд ( агар онҳо мавҷуд бошанд);

10) дигар шартҳое, ки тарафҳо дар созишнома нишон додани онҳоро зарур меҳисобанд.

5. Созишномаи қонеъ кардани талаби гаравгири баъдина ҳақиқӣ аст, агар он бо иштироки гаравгирҳои пешина баста шуда бошад.

Созишномаи қонеъ кардани талаботи гаравгир бо тартиби ғайрисудӣ аз рӯи даъвои шахсе, ки ҳуқуқи ӯ бо ин созишнома халалдор карда шудааст, суд ғайриҳақиқӣ эътироф карда метавонад.

6. Дар сурате, ки агар шартномаи (созишномаи) байни гаравдеҳ ва гаравгир басташуда тартиби ғайрисудии рӯёнидани пардохтро аз ҳисоби предмети гарав муқаррар карда бошад, ҳеҷ яке аз тарафҳо тартиби рӯёнидани пардохтҳоро яктарафа тағйир дода ё бо дигар тарз аз тартиби муқарраркардаи шартномаи (созишномаи) рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби гарав даст кашида наметавонад, агар дар байни тарафҳо дар бораи асосҳои рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав баҳс мавҷуд набошад. Дар айни ҳол баъди пайдо шудани асос барои рӯёнидани пардохтҳои аз ҳисоби предмети гарав тарафҳо ҳақ доранд бо созишномаи иловагӣ дигар тартиби ғайрисудии рӯёнидани пардохтҳоро аз ҳисоби предмети гарав пешбинӣ намоянд, ки он аз тартибе, ки шартномаи гарав ё созишнома сараввал муайян кардаанд, фарқ мекунад.

7. Гаравгир ҳақ дорад баъди баровардани қарори суд дар бораи қонунӣ будани асосҳои рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби амволи гаравӣ ба ҷо овардани навиштаҷоти иҷроияи нотариус муроҷиат намояд, агар тарафҳо мувофиқи қисми 6 ҳамин модда дар бораи дигар шарту шароит аҳду паймон накарда бошанд.

8. Дар сурате, ки агар маблағи аз фурӯши амволи гаравӣ бадастомада барои иҷрои талаботи гаравгир кифоя накунад, ӯ аз ҳуқуқи гирифтани камии маблағ аз дигар амволи қарздорро гум мекунад, агар шартномаи гарав ё созишномаи қонеъ кардани талаботи гаравгир бо тартиби ғайрисудӣ дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

Моддаи 47. Ба гаравгир супурдани предмети гараве, ки аз ҳисоби он бояд бо тартиби ғайрисудӣ пардохтҳо рӯёнида шаванд

1. Дар мавридҳои дар қисми 1 моддаи 46 ҳамин Қонун нишондодашуда гаравдеҳ вазифадор аст ба гаравгир ё намояндаи ваколатдори ӯ, инчунин ташкилотчии савдо супурдани предмети гаравро таъмин намояд, агар созишномаи тарафҳо дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

2. Дар сурате, ки агар ба супурдани предмети гарав тарафи сеюм мамониат кунад, гаравдеҳ, гаравгир ё намояндагони ваколатдори онҳо ҳақ доранд ҳама гуна амалиёти қонуниро барои супоридани предмети гарав истифода намоянд.

3. Аз лаҳзаи гирифтани предмети гарав ва то вақти фурӯши он гаравгир нисбат ба предмети гарав ҳуқуқҳои бо қонун ва ё шартнома муқарраргардида ҳақ дорад, аз ҷумла, ҳуқуқи беҳтар кардани предмети гарав бо роҳи ба амал баровардани таҷдид, таъмири он ё кам кардани хароҷоти фурӯши он амалӣ намояд.

Гаравгир нисбат ба предмети гарав, инчунин оид ба таъмини эҳтиёт намудани он ӯҳдадориҳо дорад, ки онҳоро қонун ё шартнома муқаррар кардааст.

4. Баъди фиристодани хабарномаи маҷбуран рӯёнидани пардохтҳо аз ҷониби гаравгир, ӯ ё намояндаи вай ҳуқуқи фавран ба ихтиёри худ дохил намудани предмети гарави дахлдорро пайдо мекунад.

5. Баъди ба ихтиёри худ гирифтани амволи гаравӣ ва то фурӯши аз рӯи рӯёнидани пардохтҳо гаравгир нисбати амволи гаравӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадорӣ дорад, ки онро ҳамин Қонун дар хусуси гарави додашуда (заклад) муқаррар кардааст. Гаравгир дар бобати зиёд кардани нархи фурӯши амвол ба воситаи такмил дар шакли таҷдид, таъмир ё ихтисори хароҷоти фурӯш чораҳо дида метавонад. Гаравгир ҳар вақт мувофиқи аҳду паймон бо гаравдеҳ оид ба ҳифзи предмети гарав чораҳо андешида метавонад. Аз рӯи аризаи гаравгир дар бораи маҷбуран рӯёнидан суд метавонад дар бораи дигар чорабиниҳои ҳифзи амволи гаравӣ қарор қабул намояд.

6. Баъди гузаштани мӯҳлати муқарраркардаи қисми 2 моддаи 44 ҳамин Қонун гаравгир ӯҳдадории шартномавиро тағйир дода ё ҳуқуқи худро нисбат ба ӯҳдадории шартномавӣ бе розигии гаравгир ба амал бароварда наметавонад. Дар сурате, ки гаравгир ҳуқуқи гаравдеҳро дар хусуси ӯҳдадории шартномавии ба гарав додаи ӯро амалӣ менамояд, гаравгир вазифадор аст ҳамагуна ӯҳдадориҳои дахлдори гаравгирро, ки аз худи ҳамон ӯҳдадории шартномавӣ бармеояд, иҷро намояд.

Моддаи 48. Тартиби судии рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав

1. Рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби судӣ сурат гирифта метавонад, агар дар шартномаи гарав имконпазирии рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби ғайрисудӣ пешбинӣ нашуда бошад, инчунин дар мавридҳои зерин, вақте ки:

1) барои бастани шартномаи гарав розигӣ ё иҷозати дигар шахс ё мақом талаб карда мешуд ва ин гуна розигӣ ё иҷозат гирифта нашудааст;

2) предмети гарав амволе мебошад, ки барои ҷомеа қимати калони таърихию бадеӣ ё дигар арзиши фарҳангӣ дорад;

3) гаравдеҳ нест ва ҷойи зисти ӯро муқаррар кардан мумкин нест.

2. Гаравгир ҳақ дорад дар бораи рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав бо тартиби судӣ баъди гузаштани мӯҳлати пешбиникардаи қисми 2 моддаи 44 ҳамин Қонун даъво пешниҳод намояд.

3. Даъво дар бораи рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав пешниҳод мегардад, вале парвандаро суди маҳалли зисти (сукунати) гаравдеҳ мувофиқи меъёрҳои қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муайян намудани хусусиятҳои муқарраркардаи ҳамин Қонун баррасӣ менамояд.

4. Гаравгир бояд ба суд далели ба гаравдеҳ (қарздор) фиристондани хабарномаро дар бораи рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав, ки ҳамин Қонун пешбинӣ кардааст, пешкаш намояд.

Гаравгир инчунин бояд ба суд далели ба гаравгирҳои пешина ва баъдина фиристондани хабарномаи оғози расмиёти рӯёнидани пардохтҳоро аз ҳисоби предмети гарав пешниҳод намояд.

5. Шахсоне, ки барои истифодаи амволи гаравӣ ҳуқуқи ба қонун ё шартнома асосёфта доранд ё ба ин амвол ҳуқуқи ашёӣ доранд, метавонанд дар баррасии парвандаи рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ба сифати тарафи манфиатдор иштирок намоянд.

Моддаи 49. Масъалаҳое, ки суд ҳангоми баррасии парвандаи рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ҳал мекунад

Суд ба ғайр аз масъалаҳои умумии пешбиникардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаи рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав бояд масъалаҳои зеринро муайян намояд ва дар қарор нишон диҳад:

1) тамоми маблағҳое, ки бояд ба гаравгир аз ҳисоби арзиши предмети гарав пардохта шаванд, ба истиснои маблағҳои хароҷоти посбонӣ ва фурӯши предмети гарав, ки онҳо баъди ба охир расидани фурӯши он муайян карда мешаванд. Барои маблағҳое, ки бо фоиз ҳисоб карда мешаванд, бояд маблағе нишон дода шавад, ки ба он фоизҳо, андозаи фоизҳо ва ноустуворона, инчунин даврае, ки дар муддати он бояд ҳисоб карда шавад;

2) предмети гараве, ки аз арзиши он бояд талаботи гаравгир қонеъ гардонда шавад;

3) тарзи фурӯши предмети гарав, ки аз ҳисоби он пардохтҳо рӯёнида мешаванд;

4) нархи ибтидоии (оғозии) предмети гарав ҳангоми фурӯши он, ки дар асоси созишномаи гаравдеҳ ба гаравгир муайян карда мешавад ва дар мавриди баҳс худи суд дар асоси хулосаи нархгузори мустақил муайян менамояд;

5) чорабиниҳои таъмини бенуқсон нигоҳ доштани предмети гарав то вақти фурӯши он, агар ин гуна чорабиниҳо зарур бошанд;

6) тартиб ва навбати тақсими маблағи аз музояда ба дастомада мувофиқи талаботи ҳамин Қонун.

Моддаи 50. Масъалаҳое, ки суд ҳангоми баррасии баҳсҳо дар бораи асосҳои аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳоро баррасӣ менамояд

Суд ғайр аз масъалаҳои умумии пешбиникардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии баҳси миёни гаравдеҳ ва гаравгир дар бораи мувофиқи қисми 6 моддаи 46 ҳамин Қонун аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳо бояд қарори далелнокии асосҳои аз ҳисоби предмети гарав рӯёнидани пардохтҳоро муайян намояд ва ба тарафҳо ҳуқуқашонро дар бораи рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав мувофиқи қисмҳои 6 ва 7 моддаи 46 ҳамин Қонун фаҳмонда диҳад.

БОБИ 7. ФУРӯШИ ПРЕДМЕТИ ГАРАВЕ, КИ АЗ ҲИСОБИ ОН ПАРДОХТҲО РӯЁНИДА МЕШАВАНД

Моддаи 51. Фурӯши предмети гарав

1. Баъди гузаштани мӯҳлати банди 2 қисми 2 моддаи 44 ҳамин Қонун гаравгир ҳуқуқ дорад ба расмиёти фурӯши предмети гарав мутобиқи ҳамин Қонун шурӯъ намояд.

2. Фурӯши предмети гарави марбут ба рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ё кушода ё хусусӣ буда метавонад ва бояд ба шакл ва мавқеи амвол мувофиқат намояд.

Гаравдеҳ ва гаравгир вазифадоранд бовиҷдонона барои ба амал баровардани фурӯш тавре чораҳо андешанд, ки он барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ ҳарчи бештар баманфиат бошад.

3. Ҳар шахс, ба истиснои гаравдеҳ ва ҳар шахсе, ки аз номи гаравдеҳ амал мекунад ва аз байни иштирокчиёни музоядаи ситондани пардохтҳо мутобиқи ҳамин модда нархи баландтаринро пешниҳод менамояд, барои амволи гаравӣ ҳуқуқи моликиятро пайдо менамояд. Ҳангоми савдои хусусӣ харидоре, ки гаравдеҳ ё шахсе намебошад, ки аз номи гаравдеҳ амал мекунад, ҳуқуқи моликиятро ба амвол баъди пардохти арзише, ки гаравгир бо гаравдеҳ мувофиқа кардаанд, гаравдеҳ пайдо мекунад.

4. Агар гарав дар шакли гарави додашуда (заклад) буда, предмети гарав депозити пулӣ, коғазҳои қиматнок, ашёи ивазшаванда ё дигар ашёе бошад, ки дар сурати ба миён омадани зарурат ба гаравдеҳ пас гардонда, бо ашёи ҳаммонанд иваз карда шуда метавонад, гаравгир метавонад ҳуқуқи худро дар бобати рӯёнидани пардохтҳои ӯҳдадории иҷронашуда дар лаҳзаи фаро расидани мӯҳлати иҷрои ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ба амал барорад.

Гаравгир ҳақ дорад ин гаравро фурӯшад ё бо дигар роҳ онро фавран баъди ба ихтиёрдориаш ворид гардидани ин гарав бегона намояд, агар:

1) ин гарав аз ҷиҳати хусусиятҳои табиии худ зудвайроншаванда бошад ё хатаре мавҷуд бошад, ки он арзиши худро зуд гум кунад;

2) хароҷоти ҳифз ва нигоҳдории предмети гарав ба қиёси арзиши он номутаносиб аст;

3) бо қарори суд.

5. Гаравдеҳ метавонад аз ҳисоби амволи гаравӣ рӯёнидани пардохтҳоро бо роҳи ба гаравгир пардохт намудани тамоми маблағи тааллуқдошта, ки ба ӯҳдадорӣ мансуб буда, бо амволи гаравӣ таъмин гардидааст, инчунин хароҷоти рӯёнидани пардохтҳоро пеш аз фурӯши он қатъ кунад.

6. Бегона кардани предмети гарав бо роҳи рӯёнидани пардохтҳо бо мақсади қонеъ гардондани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда амалиёти тиҷоратӣ намебошад.

Моддаи 52. Тарзу усулҳои фурӯш

1. Предмети гарав, ки мувофиқи ҳамин Қонун пардохтҳо аз ҳисоби он рӯёнида мешаванд, бо роҳи фурӯши ошкоро, савдои хусусӣ ё бо дигар тарзу усулҳои пешбиникардаи созишномаи тарафҳо, инчунин бо роҳи предмети гаравро харидани гаравгир мувофиқи талаботи ҳамин Қонун фурӯхта мешавад.

2. Савдои кушод дар шакли музоядаи ошкоро ё озмун гузаронда мешавад. Шакли савдо бо қарори суд (дар сурати бо тартиби судӣ рӯёнидани пардохтҳо) ё бо шартномаи гарав ё созишнома дар бораи қонеъ намудани талаботи гаравгир (дар сурати бо тартиби ғайрисудӣ рӯёнидани пардохтҳо) муайян карда мешавад.

3. Тартиби гузарондани савдои кушод тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин шартномаи гарав ё созишнома дар бораи қонеъ намудани талаботи гаравгир бо тартиби ғайрисудӣ муайян карда мешавад.

Моддаи 53. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гаравгир ҳангоми фурӯши предмети гарав

1. Гаравгир амволи гаравиро бо ҳар роҳи барои ӯ мусоид, бо тарзу усулҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта метавонад. Гаравгир барои фурӯш ё ҳалли ҳар масъалаи ба фурӯш алоқаманд идоракунандаи гаравро, ки аз номи ӯ амал мекунад, таъин карда метавонад. Гаравгир ҳақ дорад бо розигии гаравгирони пешина ва минбаъда фурӯши предмети гаравро ба мӯҳлати на бештар аз се моҳ аз лаҳзаи оғози расмиёти рӯёнидани пардохтҳо ба таъхир андозад, то ки нархи бештар баланди амволи гаравиро ба даст орад.

Гаравдеҳ ҳақ дорад ба суд бо хоҳиши дароз кардани мӯҳлати гузаронидани савдо мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.

Бо розигии хаттии гаравдеҳ ва тамоми гаравгирон мӯҳлати фурӯши амволи гаравӣ бе муроҷиат ба суд мумкин аст ба таъхир гузошта шавад.

2. Гаравгир амволи гаравиро худаш дар савдои хусусӣ харида наметавонад.

3. Гаравгир ҳар маблағи аз савдои рӯёнидани пардохтҳо ба дастомадаро, ки аз маблағи ба гаравгир додашаванда зиёдтар аст, ба маҳфуздоранда мегузорад. Ин маблағ барои пардохт ба гаравгирони навбатӣ истифода карда шуда, бақияи он ҳатман ба гаравдеҳ пас гардонда мешавад. Тамоми маблағҳое, ки гаравгир барои хароҷоти суд, нигаҳдорӣ, беҳтар кардани амволи гаравӣ, фурӯши амволи гаравӣ харҷ кардааст, ё хароҷоте, ки мувофиқи қисми 5 моддаи 47 ҳамин Қонун сурат гирифтааст, ба хароҷоти рӯёнидани пардохтҳо мувофиқи моддаи 6 ҳамин Қонун мансубанд ва бояд ба гаравгир дода шаванд.

Моддаи 54. ӯҳдадорӣ дар назди гаравдеҳ, ки аз фурӯши ғайриқонунии предмети гарав бармеояд

1. Дар сурате, ки агар суд муқаррар карда бошад, ки гаравгир амволи гаравиро бо сабаби риоя накардани расмиёти ҳамин Қонун бо нархи беасоси паст фурӯхтааст, ӯҳдадориҳои тарафҳо ба ҳолати аввала оварда мешаванд.

2. Агар гаравдеҳ ё гаравгири баъдина исбот кунад, ки арзиши асосноки бозории амволи гаравӣ ҳангоми фурӯши он аз арзиши фурӯшӣ зиёд буд ва дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои савдо аз тарафи гаравгири пешина, гаравдеҳ ё гаравгири баъдина аз маблағи фурӯш, ки бояд боқӣ мемонд, маҳрум гардид, гаравдеҳ ва гаравгири баъдина метавонанд бо дархости ба андозаи маблағи гумшуда товони зарарро додани гаравгир ба суд муроҷиат намоянд.

Моддаи 55. Оқибатҳое, ки аз ғайриқонунӣ ба соҳибӣ даровардани предмети гарав бармеоянд

Гаравдеҳ метавонад аз гаравгир товони зарарро бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнад, агар гаравгир ба он ҳуқуқи қонунӣ надошта бошад ё бо роҳи ғайриқонунӣ амволи гаравиро ба соҳибии худ гирифта бошад.

Моддаи 56. Қатъ кардани фурӯши предмети гарав

1. Ҳар вақт то вақти фурӯши предмети гарав дар музояда ё харидории он аз тарафи гаравгир бо тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун расмиёти рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ва фурӯши он бояд қатъ карда шавад, агар қарздор ё гаравдеҳ, ки шахси сеюм мебошад, ӯҳдадории бо гарав таъминшударо пурра ё дар он қисме иҷро намояд, ки иҷро карда нашудан ё ба таври номатлуб иҷро кардани он асоси рӯёнидани пардохтҳо бо роҳи пардохти маблағи талабкардаи гаравгир дар ҳаҷме, ки ин талабот дар лаҳзаи пардохти маблағҳои дахлдор ҷой доранд ва ба гаравгир подоши маблағҳои хароҷоти судӣ ва дигар хароҷотеро, ки рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ва фурӯши он ба миён овардаанд, медиҳад.

Созишномае, ки ҳуқуқи дар ҳамин қисм нишондодашударо маҳдуд месозад, эътибор надорад.

2. Гаравгир баъди гирифтани маблағҳои дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда вазифадор аст:

1) хабарнома дар бораи қатъ кардани расмиёти рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ва фурӯши онро тартиб диҳад;

2) дар сурате, ки агар гарав мувофиқи ҳамин Қонун ба қайд гирифта шуда бошад, хабарномаро ба мақоми бақайдгиранда барои бекор кардани бақайдгирӣ мувофиқи моддаи 26 ҳамин Қонун фиристонад;

3) бо талаби гаравдеҳ (қарздор) ё гаравгир оид ба гарави пешина ва баъдина ба онҳо нусхаи дуюми хабарномаро диҳад.

3. Хабарнома дар шакли хаттӣ тартиб дода шуда, бояд маълумоти зеринро доро бошад:

1) номгӯй (ном) ва ҷои будубоши (сукунати) гаравдеҳ (қарздор);

2) номгӯй (ном) ва ҷои будубоши (сукунати) гаравгир;

3) дастур барои қатъ кардани расмиёти рӯёнидани пардохтҳо аз ҳисоби предмети гарав ва фурӯши он;

4) рақами бақайдгирӣ, сана ва вақти бақайдгирӣ дар мақоми бақайдгиранда, агар гарав ба қайд гирифта шуда бошад;

5) дигар маълумоте, ки ба андешаи гаравгир зарур мебошанд;

6) санаи хабарнома ва имзои гаравгир.

Моддаи 57. Асоси қатъ кардани гарав

1. Гарав пурра ё қисман бо асосҳои пешбиникардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ё шартномаи гарав қатъ карда мешавад.

2. Ҳангоми қатъ кардани гарав гаравгир вазифадор аст:

1) хабарномаро дар бораи қатъ кардани гарав тартиб диҳад;

2) дар сурате, ки агар шартномаи гарав мувофиқи ҳамин Қонун ба қайд гирифта шуда бошад, ба мақоми бақайдгиранда барои бекор кардани бақайдгирӣ мувофиқи моддаи 26 ҳамин Қонун хабарнома равона кунад;

3) бо талаби қарздор (гаравдеҳ) ё гаравгирҳои пешина ва баъдина ба онҳо нусхаҳои хабарномаро диҳад.

3. Хабарнома дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад ва бояд маълумоти зеринро доро бошад:

1) номгӯй (ном) ва ҷои воқеияти (сукунати) қарздор (гаравдеҳ);

2) номгӯй (ном) ва ҷои воқеияти (сукунати) гаравгир;

3) ҳолатҳое, ки асоси қатъ кардани гарав мебошанд;

4) рақами бақайдгирӣ, сана ва вақти бақайдгирӣ дар мақоми бақайдгиранда, агар гарав ба қайд гирифта шуда бошад;

5) дигар маълумоте, ки ба ақидаи қарздор (гаравдеҳ) ва ё гаравгир зарур мебошад;

6) санаи хабарнома ва имзои гаравгир.

ФАСЛИ IV КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚИ ТАРАФҲО ҲАНГОМИ ГАРАВ

БОБИ 8. КАФОЛАТҲОИ ҲУҚУҚИ ТАРАФҲО ҲАНГОМИ ГАРАВ

Моддаи 58. Ҳифзи манфиатҳои гаравгир ва гаравдеҳ ҳангоми қатъи ҳуқуқи онҳо ба амволи гаравӣ дар асосҳои пешбиникардаи қонун

1. Дар сурати аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани санадҳои қонунгузорие, ки ҳуқуқи гаравро қатъ менамоянд, зараре, ки дар натиҷаи қабули ин санадҳо ба гаравгир расонда шудааст, дар ҳаҷми пурра аз буҷети давлатӣ талофӣ карда мешавад.

2. Дар сурати қатъи ҳуқуқи моликият ба амволи гаравӣ ё қатъи ҳуқуқи гаравӣ дар иртибот бо қарори мақоми ҳокимияти давлатӣ, ки бевосита ба мусодираи амволи гаравӣ ё ҳуқуқи гаравӣ равона карда нашудааст, зараре, ки дар натиҷаи ин қарор ба гаравгир расонда шудааст, аз тарафи ин мақоми давлатӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки дар ихтиёри он мебошанд ва дар сурати норасоии ин маблағҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дар ҳаҷми пурра талофӣ карда мешавад. Баҳси талофӣ кардани зарарро суд ҳал менамояд.

3. Дар сурати андешидани чораҳои маҷбуран гирифтани амволи гаравӣ ё ҳуқуқ (милликунонӣ, мусодира, реквизитсия, инчунин дигар чораҳое, ки оқибаташон монанд), давлат зарарҳоеро, ки бо ин чорабиниҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гаравгир расонда шудаанд, ҷуброн менамояд.

Моддаи 59. Беэътибории санадҳое, ки ҳуқуқи гаравиро вайрон мекунанд

1. Агар дар натиҷаи аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ баровардани санади дорои хусусияти ғайримеъёрие, ки ба қонунгузорӣ мувофиқат намекунад, ҳуқуқи гаравгир вайрон карда шавад, ин гуна санадро суд бо аризаи гаравгир беэътибор эътироф мекунад.

2. Оқибатҳои пешбиникардаи қисми 1 ҳамин модда инчунин дар мавридҳои маҳрумсохтани гаравдеҳ аз ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии предмети гарав рух медиҳанд.

3. Зарарҳое, ки дар натиҷаи баровардани санадҳои дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда ба гаравгир расонда шудаанд, бояд дар ҳаҷми пурра аз тарафи мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ ҷуброн карда шаванд.

ФАСЛИ V МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 60. Дар бораи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи гарав" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, № 14, мод. 205; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, № 9, мод. 117; с.1998, № 10, мод. 123) то вақти қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека" танҳо дар қисме, ки ба ҳамин Қонун мухолифат намекунад, амал мекунад.

3. Боби 2 Қонуни мазкур баъди 1 соли ба қувваи қонунӣ даромадани ҳамин Қонун мавриди амал қарор дода шавад.

Гаравҳоеро, ки то қабули ҳамин Қонун ба вуҷуд омадаанд, дар давоми шаш моҳи баъди мавриди амал қарор гирифтани боби 2 Қонуни мазкур ба қайд гирифтан мумкин аст.

4. Минбаъд то вақти бо ҳамин Қонун мувофиқ кардани дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисме, ки ба ҳамин Қонун мухолифат намекунанд, истифода бурда мешаванд.

5. Нисбат ба гараве, ки то мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур ба миён омадаанд, ин Қонун татбиқ намегардад, агар созишномаи тарафҳо дигар шарту шароитро пешбинӣ накарда бошад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

1 марти соли 2005 № 93