ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ГАРАВИ АМВОЛИ МАНҚУЛ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 "Дар бораи гарави амволи манқул" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №3, мод. 133; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014,349 1117) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ДАР БОРАИ ГАРАВИ МОЛУ МУЛКИ МАНҚУЛ".
2. Дар муқаддима, номи боби 1, сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ёздаҳуми моддаи 1, моддаи 2, номи моддаи 3, ном ва қисмҳои 1, 2, 3 ва 4 моддаи 4, моддаи 5, ном ва қисми 1 моддаи 6, ном ва қисми 10 моддаи 7, моддаи 8, қисми 5 моддаи 9, матни моддаи 10, қисми 1 моддаи 11, моддаи 12, моддаи 13, матни моддаи 14, моддаи 15, моддаи 16, моддаи 17, моддаи 18, моддаи 19, номи моддаи 20, номи боби 2, ном ва қисми 1 моддаи 21, ном ва сархатҳои дуюму сеюм ва чоруми қисми 2 моддаи 22, қисми 2 моддаи 22(1), моддаи 25, номи моддаи 26, номи фасли II, қисми 1 моддаи 28, қисмҳои 1, 2 ва бандҳои 1), 2), 3) ва 5) қисми 3 моддаи 29, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 30, матни моддаи 31, қисми 1 моддаи 34, бандҳои 1) ва 4) қисми 1 ва қисми 2 моддаи 35, банди 5) қисми 1 моддаи 36, қисми 1 моддаи 37, номи фасли III, номи боби 6, қисми 2 моддаи 41, бандҳои 1) ва 2) қисми 5 ва қисми 10 моддаи 43, сархати дуюми қисми 3 моддаи 44, қисми 2 моддаи 45, қисми 1 моддаи 48, сархати сеюми моддаи 50, қисмҳои 2, 3 ва 5 моддаи 51, қисмҳои 1, 2, 3 ва сархати сеюми қисми 4 моддаи 53, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 54, матни моддаи 55, ном ва қисмҳои 2 ва 3 моддаи 58 калимаҳои "амволи", "АМВОЛИ", "амволии", "амволе", "амвол", "Амволе", "Амволеро", "амволеро", "амволро", "Амволи" ва "амволӣ" мувофиқан ба калимаҳои "молу мулки", "МОЛУ МУЛКИ" "молумулкии", "молу мулке", "молу мулк", "Молу мулке", "Молу мулкеро", "молу мулкеро", "молу мулкро", "Молу мулки" ва "молумулкӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар сархати шашуми моддаи 1 калимаи "муомила" ба калимаи "бастани аҳд" иваз карда шавад.
4. Дар қисми 1 моддаи 3 калимаҳои "гаравгузорон ва нигоҳдорандагони гарав" ба калимаҳои "гаравдеҳон ва гаравгирон" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 6 калимаҳои "асосноки нигаҳдошт, ки" ба калимаи "асоснок" иваз карда шавад.
6. Қисми 7 моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"7. Тавсифи предмети гарав инфиродӣ ё умумӣ шуда метавонад то ба дараҷае, ки дар лаҳзаи ба миён омадани масъалаи вобаста ба воқеият, бо навбат ё маҷбуран амалишавии гарав, имконияти муайянкунии предмети гаравро диҳад.".
7. Дар қисми 1 моддаи 29 калимаҳои "Нафъи амволи предмети гарави додашуда (заклад)" ба калимаҳои "Фоидаи молумулкии аз предмети гарави додашуда (заклад) бадастомада" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 32:
- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Гаравхона (ломбард) шахси ҳуқуқие (ташкилоти махсусгардонидашудае) мебошад, ки ба додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандон машғул а ст.";
...