×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003, № 44 "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ"

Санаи амалкуни: 01.08.2003

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 467; с. 2005, №12, мод. 650; с. 2007, №7, мод. 687; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1006; с. 2011, №6, мод. 437; с. 2018, №5, мод. 277)
 (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 137, аз 30.07.2007 № 325, аз 31.12.2008 № 472, аз 28.06.2011 № 724, аз 17.05.2018 № 1526, аз 25.06.2021 № 1789, аз 17.12.2025 № 2229)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба шуғли аҳолӣ танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷумла кафолатҳои давлатро дар амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ муқаррар менамояд.

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- бекорӣ - зуҳуроти иҷтимоию иқтисодие, ки ба набудани талабот ба қисми муайяни қувваи корӣ дар бозори меҳнат вобастагӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1789);

- шаҳрвандони бекор - шаҳрвандони синну соли қобили меҳнате, ки дар давраи баррасишаванда кор, музди меҳнат ва шуғли даромаднок надоранд, бо роҳи муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ё дигар ташкилотҳо, тавассути истифода ва ҷойгир намудани эълонҳо дар матбуот, муроҷиати бевосита ба корфармоён, истифодаи усулҳои дигар, аз ҷумла ташкили кори инфиродӣ ба ҷустуҷӯи кор машғул буданд, метавонанд ва тайёр ҳастанд ба кор шурӯъ намоянд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 325, аз 28.06.2011 № 724, аз 25.06.2021 № 1789);

- чораҳои фаъоли мусоидат ба шуғли аҳолӣ - чораҳое, ки барои аз нав оғоз гардидани шуғли шаҳрвандони бекор мусоидат намуда, ба васеъшавии имконияти бо кор таъмин кардани онҳо равона гардидаанд. Ба қатори чунин чораҳо ёрӣ расонидан дар ҷустуҷӯи кор, тайёрӣ ва бозомӯзонии касбии аҳолии бекор, мусоидат ба фаъолияти инфиродии меҳнатӣ, корхонаҳои соҳибкории хурд ва миёна, дигар намуди чораҳо ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ дохил мешаванд (Қонуни ҶТ аз 31.12.2008 № 472);

- дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекор - хизматрасонӣ ҷиҳати мусоидат ба шуғли аҳолӣ; пардохти кӯмакпулӣ барои бекорӣ ва стипендия ҳангоми тарбия ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бекор; расонидани ёрии моддӣ ба аъзои оилаи синнашон то 15 - солаи шахси бекор, ки дар таъминоти ӯ мебошанд; расонидани кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор, ки хоҳиши бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 137аз 31.12.2008 № 472);

- кӯмакпулӣ барои бекорӣ - ёрии моддии муваққатии аз тарафи давлат кафолатдодашудае, ки ба шаҳрвандони бекори расман ба қайдгирифташудаи барои гирифтани он ҳуқуқдошта пардохта мешавад;

- шуғл - ҳама гуна фаъолияти шаҳрвандони қобили меҳнат, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, ба қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ ва ҷамъиятиашон алоқаманд мебошад ва ба онҳо даромад (музд) меоварад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 137);

- шуғли (кори) муваққатӣ - кори муздноки муваққатие, ки дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар давраи маҳдуди вақт иҷро карда мешавад;

...

Закон Республики Таджикистан

О содействии занятости населения

(в редакции Закона РТ от 28.12.2005г.№137, от 30.07.2007г.№325, от 31.12.2008г.№472, от 28.06.2011г. №724, от 17.05.2018г.№1526, от 25.06.2021г.№1789, от 17.12.2025 №2229)

(в редакции Закона РТ от 28.12.2005г.№137, от 30.07.2007г.№325, от 31.12.2008г.№472, от 28.06.2011г. №724, от 17.05.2018г.№1526, от 25.06.2021г.№1789, от 17.12.2025 №2229)

Настоящий Закон регулирует общественные отношения по занятости населения и устанавливает правовые, социально-экономические и организационные основы государственной политики в этом направлении, в том числе гарантии государства по реализации конституционных прав граждан Республики Таджикистан на труд и социальную защиту от безработицы в условиях рыночной экономики.

ГЛАВА I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- Безработица - социально-экономическое явление, обусловленное невостребованностью на рынке труда определенной части рабочей силы.

- Безработные граждане - граждане в трудоспособном возрасте, которые в рассматриваемый период не имеют работы, заработка или доходного занятия, занятые поиском работы посредством обращения в уполномоченный государственный орган в сфере труда и занятости населения или иные организации  использования и помещения объявлений в печати, непосредственного обращения к работодателям, использования других методов, в том числе организации индивидуального дела, способных и готовых приступить к работе(в редакции Закона РТ от 30.07.2007г.№325, от 28.06.2011г.№724 , от 25.06.2021г.№1789).

- Активные меры содействия занятости населения - меры, призванные содействовать возобновлению занятости безработных граждан и расширению их возможностей по трудоустройству. В число таких мер входят: оказание помощи в поиске работы, профессиональная подготовка и переподготовка безработного населения, содействие индивидуальной трудовой деятельности, поддержка деятельности предприятий малого и среднего предпринимательства, другие виды мер по содействию занятости населения(в редакции Закона РТ от 31.12.2008г.№472).

- Социальная поддержка безработных граждан - оказание услуг в содействии занятости населения; выплата пособий по безработице и стипендий при профессиональной подготовке и переподготовке безработных граждан; оказание материальной помощи членам семьи безработного в возрасте до 15 лет, находящимся на его иждивении; предоставление финансовой помощи безработным гражданам, желающим заниматься предпринимательской деятельностью.

- Пособие по безработице - гарантированная государством временная материальная поддержка, оказываемая официально зарегистрированным безработным гражданам, имеющим право на его получение.

- Занятость - любая, не противоречащая нормативно-правовым актам Республики Таджикистан деятельность трудоспособных граждан, связанная с удовлетворением их личных и общественных потребностей, приносящая им доход (заработок).

- Временная занятость (работа) - непостоянная оплачиваемая работа, выполняемая по трудовому договору (соглашению) в течение ограниченного периода времени.

...