Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000, № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.05.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 605 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 11.12.2001с. № 139, аз 30.12.2001с. № 590, аз 10.05.2003с. № 207, аз 31.03.2004с. № 119, аз 11.02.2005с. № 64, аз 02.12.2005с.№ 475, аз 03.05.2006с. № 196)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 11.12.2001с. № 139, аз 30.12.2001с. № 590, аз 10.05.2003с. № 207, аз 31.03.2004с. № 119, аз 11.02.2005с. № 64, аз 02.12.2005с.№ 475, аз 03.05.2006с. № 196)

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2000 № 422 "Дар бораи таъсиси Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дасттоҳи марказии он, нақшаи идораи (мақомоти тобеи) Вазорат ва номгӯйи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика бо шарти созишномаи дутарафа бо Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад, тасдиқ шаванд (замима шудаанд) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 11.04.01с. № 590).

2. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи ҶумҳурииТоҷикистон 120 воҳид (бидуни ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.04с. № 119, аз 3.05.06с. № 196).

Ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки чор муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал дошта бошад ва ҳайати мушовараи вазоратро ба миқдори 7 нафар ташкил намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.04с. № 119).

Барои Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хидматӣ ба миқдори 16 воҳид тасдиқ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ № аз 3.05.06с. № 196).

3. Маблағгузории Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ анҷом дода мешавад.

Муқаррар гардад, ки дар соли 2001 таъминоти дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории хароҷоти ташкилии он ба таври мустасно дар ҳаҷми зарурӣ аз ҳисоби пулҷудокуниҳои корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар соҳаи энергетика фаъолияткунанда, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дорад, дар асоси шартномавӣ анҷом дода мешавад.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю ҷамъиятҳои саҳомии зикргардида дар мӯҳлати ду ҳафта сметаи умумии хароҷот, андозаи пулҷудокуниҳо ва тартиби маблағгузории Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2001 муайян намояд, инчунин шартномаҳои дахлдор бандад.

4. Раиси шаҳри Душанбе якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ дар хусуси ҷойгиркунонии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намоянд.

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г. №605

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О МИНИСТЕРСТВЕ ЭНЕРГЕТИКИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

(в редакции Постановления Правительства РТ от 11.04.2001г.№139, от 30.12.2001г.№590, от 10.05.2003г.№207, от 31.03.2004г.№119, от 11.02.2005г.№64, от 02.12.2005г.№475, от 3.05.2006г.№196 )

(в редакции Постановления Правительства РТ от 11.04.2001г.№139, от 30.12.2001г.№590, от 10.05.2003г.№207, от 31.03.2004г.№119, от 11.02.2005г.№64, от 02.12.2005г.№475, от 3.05.2006г.№196 )

Во исполнение Закона Республики Таджикистан "Об энергетике" и Указа Президента Республики Таджикистан oт 25 октября 2000г. №422 "Об образовании Министерства энергетики Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение о Министерстве энергетики Республики Таджикистан, структуру его центрального аппарата, схему управления (подведомственные органы) Министерства, перечень государственных предприятий и акционерных обществ (контрольный пакет акций которых принадлежит государству), осуществляющих деятельность в энергетике (прилагаются).

2. Установить численность центрального аппарата Министерства энергетики Республики Таджикистан в количестве 120 единиц (с учетам обслуживающего персонала)(в редакции Постановления Правительства РТ №119 от 31.03.04г.)(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.05.2006г.№196)

Разрешить Министерству энергетики Республики Таджикистан иметь пять заместителей Министра, в том числе одного первого, и образовать коллегию в составе 16 человек. (в редакции Постановления Правительства РТ №119 от 31.03.04г.)(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.05.2006г.№196)

Утвердить Министерству энергетики Республики Таджикистан лимит служебных легковых автомобилей в количестве 7 единиц.

3. Финансирование Министерства энергетики Республики Таджикистан осуществлять за счет средств республиканского бюджета.

Установить, что в 2001 году, в порядке исключения, содержание центрального аппарата Министерства энергетики Республики Таджикистан и финансирование его организационных расходов обеспечиваются на договорной основе в необходимых объемах за счет отчислений государственных предприятий и акционерных обществ (контрольный пакет акций которых принадлежит государству), осуществляющих деятельность в энергетике.

Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Министерством энергетики Республики Таджикистан, указанными предприятиями и акционерными обществами в двухнедельный срок определить общую смету расходов, размеры отчислений и порядок финансирования Министерства энергетики Республики Таджикистан в 2001 году, а также заключить соответствующие договора.

Председателю города Душанбе совместно с Государственным комитетом Республики Таджикистан по управлению государственным имуществом в месячный срок представить предложения о размещении Министерства энергетики Республики Таджикистан.

...