Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2004, № 119 "Дар бораи тадбиҳо оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004 № 1249"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 605 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбиҳо оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004 № 1249

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2004 № 1249 "Дар бораи баъзе чораҳои такмили системаи идораи давлатӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дастгоҳи марказии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" то давраи аз нав ташкилдиҳии соҳаи сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шавад.

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон", тағйироти зайл ворид карда шавад:

- дар сархати якуми банди 2 рақами "85" ба рақами "330", бо дарназардошти ҳайати хизматрасон иваз карда шавад;

- дар сархати дуюми банди 2 калимаи "чор" ба калимаи "панҷ" иваз карда шавад.

3. Аз Номгӯи корхонаҳои давлати ва ҷамъиятҳои саҳомии (пакети назоратии саҳмияашон ба давлат тааллуқдошта) дар соҳаи энергетика фаъолиятдошта, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 тасдиқ гардидааст, банди 1 хориҷ карда шавад.

4. Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 484 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1. Роҳбарият 2. Ширкати саҳомию холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" 3. Департаменти истихроҷи нафт, газ ва ангишт 4. Департаменти таъминот бо маҳсулоти нафт ва газ 5. Департаменти иқтисод ва дурнамо 6. Департаменти сиёсати энергетикӣ 7. Департаменти сохтмон 8. Мудирияти корҳо".

5. Маблағгузории Дастгоҳи марказии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи истисно то ба итмом расидани аз нав ташкилдиҳии соҳаи энергетикӣ аз ҳисоби фоидаи корхонаҳои соҳаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

6. Дар соҳаи электроэнергетикӣ дар давраи солҳои 2004 - 2005 тартиби идораи муттамаркази корхонаҳои тобеъ, ҷамъоварии маблағҳои пулӣ аз қувваи барқ ва гармии интиқолдодашуда, шарти пардохти музди меҳнат, инчунин пардохти андозҳо нигоҳ дошта шавад.

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г. №605

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О МЕРАХ ПО ИСПОЛНЕНИЮ УКАЗА ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОТ 19 ЯНВАРЯ 2004 ГОДА № 1249

Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 19 января 2004 года №1249 "О некоторых мерах по совершенствованию системы государственного управления" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Ввести в структуру Центрального аппарата Министерства энергетики Республики Таджикистан Центральный аппарат Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик" до периода завершения реструктуризации топливно-энергетической отрасли Республики Таджикистан.

2. В постановлении Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2000 года №484 "О Министерстве энергетики Республики Таджикистан" внести следующие изменения:

- в абзаце первом пункта 2 цифру "85" заменить цифрой "330", с учётом обслуживающего персонала;

- в абзаце втором пункта 2 слова "четыре" заменить на слова "пять".

3. Из Перечня государственных предприятий и акционерных обществ (контрольный пакет акций которых принадлежит государству), осуществляющих деятельность в энергетике, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2000 года №484 пункт 1 исключить.

4. Структуру Центрального аппарата Министерства энергетики Республики Таджикистан, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2000 года №484 "О Министерстве энергетики Республики Таджикистан", изложить в следующей редакции:

"Структура Центрального аппарата Министерства энергетики Республики Таджикистан:

1. Руководство

2. Открытая акционерная холдинговая компания "Барки Точик"

3. Департамент по добыче нефти, газа и угля

...