Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 605 "Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 12.09.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 149 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.09.2012 № 483)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.09.2012 № 483)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 №9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1,2,3,4).

2. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 148 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.09.2012 № 483).

3. Ба Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки чор муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал дошта бошад.

Барои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 30 воҳид, аз ҷумла барои дастгоҳи марказии Вазорат 14 воҳид муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика дар соли 2007 аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии Ширкати саҳомию холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" анҷом дода шавад.

5. Назорати давлатии барқ "Тоҷикэнергонадзор" ба Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва Маркази рушди соҳаҳои нафтугаз ва ангишти собиқ Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Корхонаи воҳиди давлатии "Нафтугаз ва ангишт" табдил дода шаванд.

6. Вазоратн энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистои дар мӯҳлати ду моҳ:

- низомномаи Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаро таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ от 03.03.2014г. № 149

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Министерстве энергетики и промышленности Республики Таджикистан

(в редакции постановления Правительства РТ от 12.09.2012г. №483)

(в редакции постановления Правительства РТ от 12.09.2012г. №483)

В соответствии со статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан и во исполнении Указа Президента Республики Таджикистан от 30 ноября 2006 года№ 9 "О совершенствовании структуры центральных органов исполнительной власти Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемые Положение, Структуру центрального аппарата, Схему управления и Перечень предприятий и учреждений системы Министерства энергетики и промышленности Республики Таджикистан (приложения 1, 2, 3, 4).

2. Установить численность работников центрального аппарата Министерства энергетики к промышленности Республики Таджикистан в количестве 148 единиц (без обслуживающего персонала)(в редакции постановления Правительства РТ от 12.09.2012г. №483).

3. Разрешить Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан иметь четыре заместителей Министра, в том числе одного первого.

Установить для Министерства энергетики и промышленности Республики Таджикистан лимит служебных легковых автомашин в количестве 30 единиц, в том числе для центрального аппарата Министерства в количестве 14 единиц.

4. Финансирование центрального аппарата Министерства энергетики и промышленности Республики Таджикистан осуществить за счет средств республиканского бюджета и финансирование Государственной службы по надзору в области энергетики в 2007 году осуществить за счет выделяемых средств Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик".

5. Преобразовать Государственный энергетический надзор "Таджикэнергонадзор" в Государственную службу по надзору в области энергетики и Центр развития нефтегазовой и угольной отраслей бывшего Министерства энергетики Республики Таджикистан в Государственное унитарное предприятие "Нафтугаз ва ангишт".

6. Министерству энергетики и промышленности Республики Таджикистан в двухмесячный срок:

- разработать и представить на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан положение Государственной службы по надзору в области энергетики;

...