ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
"Дар бораи таъсиси Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Бо мақсади таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатҳои энергетикӣ, истифодаи самарабахш ва оқилонаи захираҳои табии энергетикӣ ва беҳдошти ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту корхонаҳои соҳаи энергетика, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2.Ба сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994 № 7 тасдиқ шуда буд, калимаҳои "Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.
3.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар мӯҳлати ду моҳ Низомномаи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ ва теъдоди кормандони он, инчунин нақшаи идораи Вазоратро тасдиқ намояд;
масъалаи маблағгузорӣ ва ҷойгиркунонии онро ҳаллу фасл намояд;
то 1 феврали соли 2001 қарорҳои худро бо ҳамии Фармон мутобиқ гардонад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 25 октябри соли 2000 № 422 ш. Душанбе
аз 25 октябри соли 2000 № 422 ш. Душанбе
...