Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1996, № 92 "Дар бораи яклухт кардани нархҳои озод (бозорӣ), тарифҳо ва беэътибор донистани маҳдудиятҳои изофапулиҳои тиҷоратӣ ба молҳои истеъмоли халқ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи яклухт кардани нархҳои озод (бозорӣ), тарифҳо ва беэътибор донистани маҳдудиятҳои изофапулиҳои тиҷоратӣ ба молҳои истеъмоли халқ

Бо мақсади рафъи омилҳои манфӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунии савдо бо харидорон бо сабаби набудани танга ва беҳтар намудани вазъияти молиявии ташкилотҳои савдо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муқаррар карда шавад, ки аз 21 феврали соли 1996 нархҳои чаканаи озод (бозорӣ) ба молҳои истеъмоли халқ бо тартиби зайл яклухт карда мешаванд; то 50 тин сарфи назар мешавад, аз 50 тин ва зиёд, то як рубл яклухт карда мешаванд:

а) ҳангоми муқаррар кардани нархҳо ба молҳои нав;

б) ҳангоми ҳисобкунии нархҳои чаканаи озоди "бозорӣ" бо иловапулӣ, ки бо фоиз муқаррар шудаанд;

в) ҳангоми тағьири нархҳои чаканаи озоди (бозории) молҳои истеъмоли халқ (пасткунии нархҳо, молҳои арзоншуда ва ғайра), ки пештар муқаррар карда шудаанд.

Нархҳои (тарифҳои) яклухти озод ва нархҳои озоди фурӯшӣ барои маҳсулот, хизматрасонӣ ва молҳо низ бо ҳамин тартиб яклухт карда мешаванд.

2. Маҳдудиятҳои амалкукандаи изофапулиҳои тиҷоратӣ ба молҳои истеъмоли халқ (ба ғайр аз нон, маҳсулоти нону булка, орд ва ярмаи гандум) беэътибор дониста шаванд.

 3. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 1992 № 96 "Дар бораи нархҳои молҳои алоҳида";

қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷинистон аз 17 апрели соли 1992 № 135 "Дар бораи кам кардани нархи баъзе молҳо";

бандҳои 1,2,3,4,6,7,8 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 маи соли 1992 № 142 "Дар бораи нарху акцизҳои навъҳои ҷудогонаи молу маҳсулот";

қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 1992 № 207 "Дар бораи ҷорӣ намудани нархҳои фурӯши озод ба молҳои алоҳидаи хӯрокворӣ";

қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1992 № 262 "Дар бораи иловапулии таъминоту фурӯш";

қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1992 № 291 "Дар бораи яклухт кардани нархҳои озоди (бозории) чаканаи молҳои талаботи халқ";

бандҳои 1,2,4 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 1992 № 415 "Дар бораи нархҳои озод (бозорӣ) ва ставкаи акциз ба арақ;

қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 1993 № 133 "Дар бораи нархҳои нахи пахта ва пахтаи истифодаи рӯзгор;

қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 1994 № 169 "Дар бораи қисман тағьир додани қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 1992 № 96 "Дар бораи нархҳои молҳои алоҳида", беэътибор дониста шаванд.

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Э. Раҳмонов

аз 23 феврали соли 1996, № 92

ш.Душанбе