Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 1992, № 415 "Дар бораи нархҳои озод /бозорӣ/ ва ставкаи акциз ба арақ"

Санаи амалкуни: 23.02.1996

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.1997 № 115 беэътибор соқит дониста шуд

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи нархҳои озод /бозорӣ/ ва ставкаи акциз ба арақ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.02.1996 № 92)

Бинобар баланд шудани нарху тарифҳои ашьёи хом маводи фаръӣ захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ва хизматрасонии нақлиётӣ, Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Корхонаю ташкилотҳо, дигар шахсони юридикии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда, сарфи назар аз шакли моликият аз 16 декабри с.1992 арақ нархҳои озодеро /бозорӣ/, ки дар асоси талаботу пешниҳод ташаккул меёбанд, бо назардошти хароҷоти аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшудаю даромаднокии ниҳоӣ то 20 фоиз нисбат ба арзиши аслӣ ва иловапулии тиҷоратӣ то 10 фоиз /дар ноҳияҳои дурдасту кӯҳистон то 15 фоиз/ нисбат ба нархҳои озоди фурӯш истифода кунанд (бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.02.1996 № 92 беэътибор дониста шуд).

2. Вазорати савдою захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Правленияи Тоҷикматлубот, дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои шабакаи савдо мебошанд, арақи боқимондаро аз нав нархгузорӣ намуда, маблағи фоидаи аз нархҳои бадастомадаро мувофиқи тартибе, ки дар банди 7 қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи с.1992 № 2 пешбинӣ шудааст, истифода намоянд (бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.02.1996 № 92 беэътибор дониста шуд).

3. Ставкаи акциз ба арақ ба андозаи 60 фоизи нархи озоди фурӯш муқаррар гардида, ба Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки андозаи ставкаи акцизро бо назардошти талаботи бозор тағьир диҳад.

4. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи с.1992 № 7 "Дар бораи ставкаи акцизҳо" дар қисмати муқаррар намудани ставкаҳои акцизҳои арақ беэътибор дониста шавад (бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.02.1996 № 92 беэътибор дониста шуд).

 

Муовини

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон                               А. Самадов

Мудири

Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Р. Мирзоев

ш. Душанбе,

аз 26 ноябри соли 1992, № 415