ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТҲОИ САҲОМӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод.170; с.2008, №10, мод.812; с.2009, №5, мод.318, №7-8, мод.496; с.2010, №1, мод.9, №12, қ-1, мод.816; с.2011, №12, мод.844)
(Қонуни ҶТ аз 6.10.2008 № 431, аз 19.05.2009 № 510, аз 5.08.2009 № 541, аз 12.01.2010 № 585, аз 29.12.2010 № 657, аз 26.12.2011 № 780, аз 14.11.2016 № 1374, аз 19.07.2022 № 1907)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ҷамъиятҳои саҳомӣ, ҳуқуқу ӯҳдадорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои саҳмдорон ва шахсони сеюм, салоҳият ва масъулияти мақомот ва шахсони мансабдори ҷамъиятҳои саҳомиро муайян менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зайл истифода мешаванд:
- ҷамъмяти саҳомӣ - ташкилоти тиҷоратие, ки сармояи оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим шуда, иштирокчиёни (саҳмдорони) он аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъияти саҳомӣ масъулият надоранд ва таваккали зарари вобаста ба фаъолияти онро дар доираи арзиши саҳмияҳои марбуташон ба зимма доранд;
- вомбарги қобили табдил - коғази қиматноки баровардаи ҷамъияти саҳомӣ, ки бояд ба саҳмияи ҳамин ҷамъияти саҳомӣ, тибқи шартҳои ҳангоми баровардани вомбаргҳои қобили табдил муқарраргардида иваз карда шавад;
- дорандаи феҳрист (реестр) - иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок ё шахси мутасаддии ҷамъияти саҳомӣ, ки бо пешбурд ва маҳфуздории феҳристи соҳибони саҳмияҳо машғул аст;
...