Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 657 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 170; с. 2008, № 10, мод. 812: с. 2009, № 5, мод. 318; № 7-8, мод. 496; с. 2010, № 1, мод. 9) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 7:

- қисми 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"6. Ҷамъиятҳои саҳомӣ метавонанд филиалу намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он пас аз ворид намудани маълумот дар бораи онҳо ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ва Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ кушоянд.";

- қисми 7 хориҷ карда шавад.

2. Ба моддаи 18 қисми 7 дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"7. Саҳмдорон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият оид ба зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият баъд аз қабули қарор дар бораи чунин зиёдшавӣ бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд.".

3. Аз банди сеюми қисми 1 моддаи 19 калимаҳои "дар санаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии тағйири дахлдори оинномаи ҷамъияти саҳомӣ" хориҷ карда шаванд.

4. Қисми 2 моддаи 20 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Саҳмдорон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият оид ба кам кардани сармояи оинномавии ҷамъият баъд аз қабули қарор дар бораи чунин камшавӣ бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд.".

5. Банди дуюми қисми 1 моддаи 27 хориҷ карда шавад.

6. Аз сархати дуюми қисми 1 моддаи 89 калимаҳои "ва бо тартиби муқаррагардида ба қайд гирифташуда" хориҷ карда шаванд.

7. Дар моддаи 93:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об акционерных обществах"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 5 марта 2007 года "Об акционерных обществах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., № 3, ст. 170; 2008 г., № 10, ст. 812; 2009 г., № 5, ст. 318; №7-8, ст. 496; 2010 г., №1, ст. 9) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 7:

- часть 6 изложить в следующей редакции:

"6. Акционерные общества могут создавать филиалы и открывать представительства в Республике Таджикистан и за ее пределами после внесения сведений о них в устав акционерного общества и в Единый государственный реестр юридических лиц и индивидуальных предпринимателей.";

- часть 7 исключить.

2. Статью 18 дополнить частью 7 следующего содержания:

"7. Акционеры или уполномоченные органы общества в установленном порядке подают заявление об увеличении уставного капитала общества в орган, осуществляющий государственную регистрацию для внесения сведений в Единый государственный реестр юридических лиц и индивидуальных предпринимателей, после принятия решения о таком увеличении.".

3. В пункте третьем части 1 статьи 19 слова "на дату представления документов для государственной регистрации соответствующих изменений в уставе акционерного общества" исключить.

4. Часть 2 статьи 20 изложить в следующей редакции:

"2. Акционеры или уполномоченные органы общества в установленном порядке подают заявление об уменьшении уставного капитала общества в орган, осуществляющий государственную регистрацию для внесения сведений в Единый государственный реестр юридических лиц и индивидуальных предпринимателей, после принятия решения о таком уменьшении.".

5. Пункт второй части 1 статьи 27 исключить.

6. В абзаце втором части 1 статьи 89 слова "и зарегистрированные в установленном порядке" исключить.

7. В статье 93:

...