Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, № 510 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 170; с. 2008, № 10, мод. 812) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 23:

- қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Саҳмдорон - соҳибони саҳмияҳои оддии ҷаъияти саҳомӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дорои ин ҳуқуқҳо мебошанд:

а) ба гирифтани суди саҳмияҳо аз фаъолияти ҷамъият;

б) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани қисми молу мулки ҷамъияти саҳомӣ, ки баъд аз барҳамдиҳии он боқӣ мондааст;

в) дар Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳангоми ҳалли ҳамаи масъалаҳое, ки барои овоздиҳӣ пешниҳод мешаванд, бо ҳуқуқи овоздиҳӣ иштирок намоянд;

г) бо тартиби судӣ ҳуқуқҳои худро ҳифз намоянд, ба суд барои ҳифзи манфиатҳои худ, саҳмдорон ва худи ҷамъият оид ба аҳдҳо, ки дар бастани онҳо манфиати шахсони дар моддаи 83 Қонуни мазкур пешбинигардида вуҷуд дорад, муроҷиат намоянд;

д) оид ба фаъолияти ҷамъият тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот ба даст оранд;";

- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Саҳмдор - соҳиби саҳмияи оддии ҷамъияти саҳомӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи ҷамъият метавонад дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайри молумулкӣ дошта бошад.";

- қисми 3 қисми 4 ҳисобида шавад.

2. Дар моддаи 71:

...

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об акционерных обществах"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 5 марта 2007 года "Об акционерных обществах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007г., № 3, ст. 170; 2008г., № 10, ст. 812) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 23:

- часть 2 изложить в следующей редакции:

"2. Акционеры - владельцы обыкновенных акций акционерного общества в соответствии с настоящим Законом и уставом акционерного общества имеют право:

а) на получение дивидендов от деятельности общества;

б) на получение части имущества акционерного общества, оставшегося после его ликвидации, в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан;

в) на участие в Общем собрании акционеров с правом голоса при решении всех вопросов, выносимых на голосование;

г) на защиту в судебном порядке своих прав, обращение в суд в защиту своих интересов, интересов акционеров и самого общества по сделкам, в совершении которых , имеется заинтересованность лиц, указанных в статье 83 настоящего Закона;

д) на получение информации о деятельности общества в определенном законодательством Республики Таджикистан порядке;";

- дополнить частью 3 следующего содержания:

"3. Акционер - владелец обыкновенных акций акционерного общества в порядке, определенном законодательством Республики Таджикистаном и уставом общества, может иметь и другие имущественные и неимущественные права.";

- часть 3 считать частью 4.

...